.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

«Падар»-и Ҳоливуди Шӯравӣ

Авг 12, 2017 Диданд: 997
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Соли 1936 дар назди дарвозаи Байдари Қрим мехостанд шаҳраки синамо – пойгоҳи ҷанубии саноати синамои Иттиҳоди Шӯравиро созанд. 

18-уми январи соли 1938 дар шаҳри Маскав Борис (Бер) Захарович Шумятский дастгир шуд. Аллакай моҳи июли ҳамон сол Коллегияи ҳарбии Додгоҳи Олии СССР ӯро ба қатл маҳкум кард ва ҳамаи амволашро мусодира намуд. Шумятский чун ҳазорон зиёиёни ҳамзамонаш ба ҷосусӣ ва амалҳои террористӣ айбдор мешуд. Борис Шумятский пурра метавонист муддаии чопи силсилаасарҳо “Аз ҳаёти одамони наҷиб” бошад. Сарнавишти ӯ қаробате ба фармондеҳони сурх, сарварони болшевикӣ, лашкаркашону сипаҳсолороне чун Артём (Фёдор) Сергеев, Сергей Киров, Лев Тротский, Моисей Уритский, Яков Свердлов ва дигарон дорад. Гузашта аз ин, чуноне баъзе муаррихон менависанд, Шумятский шахсияти обрӯманд ва аз ҳамсафони ростини Сталин маҳсуб мешуд.

Аз солҳои ҷавонӣ Шумятский аз муборизони фаъоли зидди режими шоҳаншоҳии Русия буд. Моҳи январи соли 1906 аз зиндони шоҳ фирор намуд ва муддате бо шиносномаи қалбакӣ зиндагонӣ кард, нашрияи ҳизбии “Прибайкалье”-ро нашр мекард ва баъдан аз тарси дубора боздошт шудан ба Аргентина фирор кард. Соли 1913 ба ватан баргашт, вале тӯли ин солҳо дар ташкилотҳои пинҳонкори болшевикон фаъолият дошт. Аз моҳи октябри соли 1917 Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои Сибир таъин шуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар ақибгоҳ муқовимати мардумӣ зидди қувваҳои Колчакро созмон дод ва сарварӣ кард. Дар ҳайати двизияи 51-уми Василий Блюхер зидди сафедҳо ҷангид. Шахси мавриди эътимоду боварии Владимир Ленин буд ва ҳамарӯза шахсан аз вазъи ҷабаҳот ва фаъолиятҳои Артиши Сурх ба ӯ хабар медод. Тобистони соли 1920 раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Шарқи Дур таъин гардид.
Баъди даҳ сол Борис Шумятский ба вазифаи нав таъин мешавад: роҳбари Иттиҳодияи «Союзкино» ва ин ташкилот соли 1933 ба Сарраёсати синамо ва сурат дар назди Комиссариати халқии СССР табдил дода шуд. Ин гуна табдилдоданҳову барҳам задани сохторҳо ва ташкили сохтори нав дар даврони Сталин як чизи маъмулӣ буд. Шумятский ҳанӯз дар аввали солҳои 20 бо Сталин наздик шуда буд, ин замоне буд, ки дар сари Шумятский ташкили ҷумҳурии Бурятия мечархид, вале ин ғоя ба Сталин писанд набуд. Шумятский тавониста буд дигар аъзои Бюрои сиёсиро ба гап дарорад ва онҳо Сталинро барои таъсиси ин ҷумҳурӣ розӣ кунониданд. Аммо то охир Сталин инро ба Шумятский набахшид. Сталин ӯро ба кори сафирӣ ба Эрон эъзом кард ва баъди кори дипломатӣ шуғли синамо барояш оғоз гардид. Метавон суоле гузошт, ки миёни санъаткорон аз чи мавқеъ бархӯрдор буд? 50 дарсади кормандони синамои замон аз ӯ ҷонибдорӣ мекарданд ва маълум буд чаро. Аммо 50 дарсад ӯро чашми дидан ҳам надоштанд ва ба ин ҳақ ҳам доштанд.
Вале ҳамаро метавон дар қиёс донист. Баъди ӯ сарварии ин ниҳодро Семён Семёнович Дукелский ба уҳда гирифт. Мавсуф одами мақомоти қудратӣ, аниқтараш НКВД буд, як ҳизбии сарсахт ва дар хотири ҳамкоронаш чун шахе боқӣ монда, ки аслан ташаббус надошт, кӯшиш мекард ба калонҳо хуш ояд ва барои рушди синамои Шӯравӣ аслан хидмате ҳам накард. Аммо Борис Шумятский хеле корҳоеро анҷом дод ва имрӯз аз он ба некӣ ёд мекунанд.

САЁҲАТИ ҲОЛИВУД

Миёнаҳои солҳои 30-юм Шумятский дар бораи ақибмондагии техникиву технложии синамои Шӯравӣ андешид, чун ин дастгоҳи пуриқтидор ҳамоно бо таҷҳизоте кор мекард, ки аз замони шоҳӣ мерос монда буданд. Ин буд, ки моҳи майи соли 1935 бо ҳайате аз синамогарони мамлакат ба сафари Аврупо ва Амрико баромад. Ин баъди он буд, ки Леон де Болйе, коргардони маъруфи амрикоӣ ба Маскав омадаву бо кори синамогарони Шӯравӣ аз наздик ошно шуда буд. Шояд таърифҳои ин коргардон ва сифати кор дар Ҳоливуд сабаб шуд, ки мақомоти Шӯравӣ ба сафари Шумятский ва ҳамроҳонаш ба Амрико ва Аврупо рухсат диҳанд. Ҳадаф омӯзиш ва баъд андеша сари техноложи нав буд, ки бояд ворид карда мешуд. Баъди чор моҳи будубошаш дар Маскав Болйе ба Шумятский навишта буд: “Дар озмоишгоҳ ман умед доштам бо синамогарону коргардонони хубатон мулоқот кунам, вале дар ҳар ҷо танҳо монеъаро дидам. Ман хеле пешниҳодҳое карда будам, ки оддиву муҳим буданд ва иҷрои онҳо заҳматеро тақозо намекард. Аз сӯйи дигар ман аз таҷрибаҳои худ пешниҳод карда будам ва гумон мекунам иҷрои он силсила корҳо танҳо ба хотири рушди синамост. Техникаи кории шумо хеле куҳнаву фарсуда аст ва дар чунин шароит намешавад, ки филмҳои диданиву ҷолиб офарид”. Дар поёни номаи худ Болйе хоҳиш мекунад, ки чун дар тасмимҳои мададаш муваффақ нашуд, ӯро дубора ба Ҳоливуд баргардонанд.
Моҳи майи соли 1935 чандин нашрияҳои чопи Ғарб, аз ҷумла Амрико ин хабарро интишор доданд, ки “СССР аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷҳизот барои Ҳоливуди шӯравӣ мехарад”. Баъди омӯзиши ҳолати тавлиди филмҳо дар Аврупо ва қиёси он бо Амрико ба қароре омаданд, ки маҳз аз ИМА техникаи синамогарӣ харидорӣ кунанд. «Намояндагони Шӯравӣ дар суҳбат бо коргардонҳои амрикоӣ гуфтанд, ки СССР аз системаи пешини дурии студиёҳои синамогарии худ аз таъсироти беруна даст кашид. Аз ин ба баъд ҳам коргардонҳо ва ҳам ҳунармандони хориҷӣ барои ҳамкорӣ даъват хоҳанд шуд. Яке аз аввалин ситораҳои синамои хориҷӣ, ки барои ҳамкорӣ даъват шуд, ҳунарманди маҷористонӣ Франческа Гаал буд. Масуф камубеш бо забони русӣ ошно буд ва замони ҳамкорӣ талаффузи забониро омӯхт ва пеш рафт. Вай ба ҷойи музди кор се адад пӯстини самурӣ хоҳад гирифт, ки арзиши он 10 ҳазор доллар аст”.
Рӯзномаҳои шӯравии он замон навишта буданд: “21-уми майи соли 1935 гуруҳе аз кормандони эҷодиву илмӣ-техникии синамои Шӯравӣ ба хориҷа рафт. Дар бораи ҳадафи ин сафар Шумятский аз ҷумла чунин хабар дод: “вазифаи асосии мо омӯзиши комёбиҳои техникии хориҷӣ мебошад. Аз ҷумла, омӯзиши марҳилаҳои кор ва коркарди киноплёнка. Ғайр аз ин мо ҳама навъҳои дастгоҳ ва таҷҳизоти синамо, ки дар Аврупо ва Амрико истеҳсол мешаванд, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Дар Париж гуруҳи мо ба ду тақсим мешавад. Гуруҳи аввал бо сарварии ман дар ҳайати Эрмлер, Шорин ва Нилсен ба Амрико меравад. Он ҷо мо се моҳ мемонем. Дар Амрико мо бо маъруфтарин ҳунармандони Ҳоливуд мулоқот хоҳем кард”.
Дар ин сафар воқеъан ҳам Борис Шумятскийро, ки дилаш хеле мехост дар рушди синамо дар кишвар саҳм гирад, техникаи нави синамои Амрико ба ваҷд овард. Тӯли се моҳ ин гуруҳ на танҳо бо техникаи нав ошно шуд, балки бо шеваҳои филмбардорӣ дар Ҳоливуд шинос гардид ва хулосаи сафар он шуд, ки Шумятский ислоҳоти техникиву эҷодии киноматографияи Шӯравиро бар пояи “таҷрибаҳои амрикоӣ” асос гузошт.
Григорий Козинсев дар хотироташ менависад: «Шумяткий аз Ҳоливуд кӯшиши фаровони роҳандозии инқилоби техникӣ ва ташкилиро бо худ овард. Шаҳраки синамо мебоист дар наздикии Қрим сохта мешуд. Мо ба вай бовар мекардем ва орзу доштем зудтар ба он самт кӯч бандем ва на танҳо кор, балки зиндагонӣ кунем”.
Борис Захарович ҳисоб карда буд, ки плэнери офтобӣ, мавҷудияти майдонҳои вижаи сабти филмҳо, кори самаровари 4 студия дар марҳилаи аввали фаъолият қодир хоҳад буд соле то 200 филм ба навор гирад. Ёдовар мешавем, ки дар ҳамон солҳо дар Амрико соле то 700 филм наворбардорӣ мешуд. Ҳоливуди Шӯравиро мебоист тибқи нақша зарфи чор соли оянда, солҳои 1936-1940 бунёд мекарданд.
Тобистони соли 1935 Шумятский аз ИМА ба Раиси Шӯрои Комиссарони халқи СССР Вячеслав Молотов барқия ирсол кард ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки барои вориди гуфтушунид шуданаш бо ширкатҳои истеҳсоли филм дар ИМА дар бораи шарту шароити бо мадади онҳо сохтани коргоҳи тавлиди филмҳо дар СССР иҷозат диҳад.
Баъдтар Шумятскийро синамогарони машҳури Амрико – коргардон ва сенарист Фрэенк Капра ва продюсер Роберт Рискин дастгирӣ карданд ва онҳо соли 1937 ба Маскав омаданд ва ба шеваи филмсозии шӯравиён ошно шуда, гуфтанд: “Техника бояд аз андешаву тасаввур пеш бошад, танҳо дар ҳамон сурат метавон самаровартар фаъолият кард ва офарид”.

ТАРҲИ ШАҲРИ СИНАМО ДАР ФОРОС

Дар оғоз гӯё ҳама хуб буд. 3-юми июли соли 1935 Сталин дар толори синамои Кремл филмҳои нав тамошо мекард. Дар он Серго Орҷоникидзе ва ҷонишини раиси Кумитаи умумиттифоқ оид ба корҳои санъат Яков Чужин, ки соли 1938 парронда шуд, ҳузур доштанд. То имрӯз қайдҳои рӯзномаи Чужин омада расидаанд:
«Яков Чужин: Дар Амрико, чуноне рафиқ Шумятский ба мо менависад, тавлиди филмҳои ранга хеле пеш рафтааст. Албатта, истеҳсоли филмҳои ранга хеле мураккаб аст ва шеваи тавлиди он дар хориҷ сиррист. Шумятский менависад, ки Амрико ҳоло дар садади он қарор дорад, ки пурра ба истеҳсоли филмҳои ранга гузарад. Барои мо бо ин техникае, ки дорем, тавлиди филмҳои ранга имконпазир нест. Зарур аст хеле ҷиддитар масъалагузорӣ кунем ва муайян намоем, ки то куҷо метавонем ёрии техникӣ гирем ва таҷрибаи амрикоиро омӯзем”.
Иосиф Сталин: «Хуб, ёрии техникиро дар назар доред? Оё мо дар саноат танҳо ёрии техникӣ харидем? Дар саноат мо ниме аз онро худамон дарёфт кардем, ҳар чизе зарур буд”.
Серго Орджоникидзе: «Оре, дар саноат мо танҳо қисматеро чун ёрӣ гирифтем, боқӣ аз худамон буд”.
Яков Чужин: «Мадади техникӣ ман дар назар доштам на харидории техника, балки роҳҳои дигар, ба мисли эъзоми гуруҳҳо барои омӯзиши таҷриба, даъвати гуруҳҳо барои кор. Чун дар Амрико ва кишварҳои дигар шеваи наворбардории филмҳои ранга сиррист ва наметавонем техникаи тайёр харидорӣ кунем”.
Баъди бозгашт аз сафари Амрико Шумятский ҳамроҳ бо ҳамкоронаш, бахусус аз “Ленфилм” аз пайи кор шуд. Аллакай 15-уми июли соли 1935 вай болои мизи Молотов гузориш аз кораш оид ба нақшаи бунёди шаҳраки синаморо гузошт ва мунтазири дастур шуд.
Соли 1936 дар ҷаласаи VII-уми умумииттифоқии истеҳсоли киномотографияи бадеӣ коргардон Фридрих Эрмлер пайғоми ирсолкардаи ҳунармандони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Чарли Чаплин, Люис Майлстоун, Фрэнк Капр, Кинг Видор, Греберт Уэллс, Гаролдом Ллойд, Сесил де Милл, Рубен Мамулян ва дигаронро қироат кард. Борис Шумятский тарҳи бунёди шаҳри синамогаронро ироа намуд. Тибқи гуфтаи ӯ дар марҳилаи аввал ин шаҳрак қодир ба он хоҳад буд, ки соле то 200 филми нав тавлид кунад. Масоили омода кардани кадрҳо низ дар ин ҷаласа баррасӣ шуд.
Ва дигар оғоз гардид... Аз аввалинҳо шуда матбуот ба ҳуҷум гузашт. Баъзе муаррихон ва таҳлилгарони соҳа бар ин назаранд, ки гуноҳи асосии Шумятский дар шеваи роҳбарии вай нуҳуфта буд. Наметавонист бо ҳамкоронаш муросо кунад, интихоби кадрҳо дар замони роҳбарии вай муҷиби интиқодҳои зиёд шуда буд. Боздошти Владимир Нилсен, пуштибонии иштибоҳӣ аз филми “Падар ва писар”-и Маргарита Барская муҷиби он шуд, ки тарҳи бунёди Ҳоливуди Шӯравиро зараровар хонданд.

СУХАНОНИ ВАЗНДОРИ ИЛФ ВА ПЕТРОВ

Моҳи феврали соли 1936 нависандаҳои ҳаҷвнигор Иля Илф ва Евгений Петров ба ин мазмун мактуб навиштанд: «Ҳангоми сафарамон ба ИМА вақте ба Калифорния наздик мешудем, дар матбуоти Амрико ин хабарро хондем, ки гӯё дар СССР қарор шудааст, ки шаҳраки синамогарон назири Ҳоливуд бунёд шавад. Ба Ҳоливуд расидем. Ин ягона шаҳре дар олам аст, ки махсус барои тавлиди филмҳо бунёд шудааст ва ҳангоми ҳалли мушкилоти филмофарӣ дар кишвар намешавад таҷрибаи онҳоро наомӯхт. Мо аз чанд студияҳои Ҳоливуд дидан кардем, бо машҳуртарин ҳунармандону коргардонҳо ҳамсуҳбат шудем. Ва баъди ошноии бештар шубҳаи ҷиддие дар мо дар мавриди тарҳи бунёди шаҳраки синамогарон пайдо шуд. Ва саволи матраҳ ин аст, ки оё барои мо ҳам шаҳри вижаи синамо лозим аст? Оё ин сарфакорона аст?
Ба ҳамаи синамогарони амрикоӣ, ки бароямон муяссар шуд мулоқот кардем, ин саволро додем: “Оё шумо ҳангоми наворбардории филмҳоятон аз рушании офтоб истифода мекунед?” Ҳамаи онҳо тақрибан мегуфтанд, ки агар барояшон имкони дубора сохтани киномотографияи амрикоӣ даст медод, онҳо шаҳри синамогарон намесохтанд, онҳо шаҳреро берун аз шаҳрҳои калону марказӣ намесохтанд, балки дар маконе бунёд мекарданд, ки он ҷо ҳунармандон бошанд, мусиқинавозон, раққосаҳову сарояндагон бошанд. Нависандагон он ҷо сукунат дошта бошанд. Яъне, ҳадаф дар шаҳрҳои бузург сохтани ин гуна студияҳо буд.
Шаке нест, ки ягон ҳунарманди театри бадеӣ кори худро вогузошта, ба Қрим ва ё Сухумӣ намеравад. Ва агар ҳатто ин имконпазир мебуд, агар корхонаи навтавлид хуб ҳам кор мекард, агар киноматография ҳунармандон медошт, боз ҳам ба сохтани шаҳраки нав эҳтиёҷ вуҷуд надорад, зеро офтоб чун қувваи баҳаракатоваранда дар киноматография нахоҳад буд.
Иддиои асосӣ ба фоидаи шаҳри синамо он аст, ки амрикоиҳо ва инглисҳо филмҳои хеле бад омода мекунанд. Ба ҳар 10 филми хуб дар як сол Ҳоливуд 700 филми каммазмуну ночиз тавлид мекунад. Вале комилан бояд возеҳу рушан гуфт, ки ҳамин филмҳои каммазмуну ночиз низ аз нигоҳи техникӣ хеле хуб наворбардорӣ шудаанд, ҳатто беҳтар аз филмҳои хубтарини мо”.
Ба Шумятский имкон доданд, ки худро ҳимоя кунад ва ӯ дар номае унвонии Сталин навишт: “Ман намедонам онҳо бо кӣ суҳбат карданд, вале бовар дорам, ки ягон донандаи киномотография дар Ҳоливуд ба онҳо он чиро намегуфт, ки ҳоло дар навиштаашон мехонем. Барои иддиои онҳо на танҳо синамо ва техникаи он, балки оддитарин қонуни физикиро бояд донист, дар бораи ба мақсад мувофиқ будани ба ҷойи рушании офтоб истифода шудани нури сунъиро донист. Инро ҳатто аз нуқтаи назари иқтисодӣ қабул кардан мумкин нест. Корхонаҳои мо имрӯз бо ҳамин тавлидоти камашон ҳам аз камбуди неруи барқ танқисӣ мекашанд ва гуруҳи наворбардорон ҳам аз ин сабаб миёнаи рӯзи корӣ аз фаъолият мемонад”.
Ба сурати умум талошҳои Шумятский дар бобати бунёди Ҳоливуди Шӯравӣ бенатиҷа монданд. Боре вай ба Сталин дар мавриди ҷудо кардани 7,5 миллион рубл барои наворбардории филми Пётри 1 дархост менависад ва он ҷо низ ишора мекунад, ки агар ин филм дар шаҳри синамо наворбардорӣ мешуд, пас арзиши он ду баробар камтар мебуд.

БОЗДОШТ ВА ҚАТЛИ ИСЛОҲГАРО

Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки сабаби боздошту қатли Шумятский ширкаташ дар тантанаи солинавии Сталин буд. Аммо ҳамин рӯйдодро ба таври гуногун нақл мекунанд. Абераи Шумятский дар бораи сарнавишти талхе, ки охирин мех ба тобути бунёди Ҳоливуди Шӯравӣ шуда буд, чунин нақл мекунад: “Бобокалонам аслан наменӯшид. Каме пештар аз боздошт шуданаш ногаҳон ӯро ба Кремл даъват мекунанд. Ин шеваи кори Сталинро Фозил Искандар дар як романаш хуб тасвир кардааст. Тантана, шароб, нӯшбодгӯиҳову зиёфатҳо... Бисёриҳо то ниммурда шудан менӯшиданд, аммо дар ҳамин манзара бобокалонам мисли зоғи ало менамуд. Ҳамин тариқ дар он зиёфат ба хотири саломатии доҳӣ ҳама қадаҳ ба сар мекашиданд, аммо Борис Захарович танҳо бо нӯшидани об қаноат менамуд. Он вақт Сталин қадаҳашро нӯшид ва пурсид: “Борис, ту намехоҳӣ ба саломатии ман нӯшӣ?” Ба ин суол бобокалонам посух дод: “Коба, охир ту медонӣ, ки ман наменӯшам”. “Чуноне мегӯянд, наметавонӣ, меомӯзем, намехоҳӣ, маҷбурат мекунем,”-посух дод Сталин. Бобокалонам аз ин зиёфат баргашта, ҳамин тавр нақл карда буд. Рӯзи дигар ба ҷойи кораш ҳозир шуда, фармони озод шудан аз вазифаро рӯйи мизи кориаш дид”.
Овеза бо номи Шумятскийро 8-уми январи соли 1938 барканданд ва чанд моҳ пас ӯ боздошт шуд ва барои “кӯшиши ташкили амали террористӣ дар толори филмҳо дар Кремл зидди рафиқ Сталин” ба қатл маҳкум шуд. 29-уми июл ин ҳукм иҷро шуд...
Борис Шумятский 22-юми феврали соли 1956 сафед карда мешавад...

***

Дар Қрим нимҷазирае ҳаст бо номи Форос. Он шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, чун замоне дар он бӯстонсарои Президенти СССР Михаил Горбачёв ҷойгир шуда буд. Аммо он метавонист шуҳрати дигар медошт... Ҳоливуди Шӯравӣ...

Владимир РЯБОЙ

"Совершенно секретно", No.4/393, апрели соли 2017

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Тағйироти охир Шанбе, 12 Август 2017 11:03
Хонданд 997
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.