.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Пайроҳаи халқ фаромӯш намешавад!

Окт 22, 2018 Хонданд: 98
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Пайроҳаи халқ фаромӯш намешавад!

Шоҳроҳи дар ҷаҳон машҳури Абрешим аз замонҳои қадим ба ин сӯ роҳи ҳаёт ва пайвандгари кишварҳову инсонҳо будааст. Ба ақидаи таърихнигорон ин шоҳроҳ - Бухоро, Самарқанду Саразм - маркази тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони моро низ убур мекард. 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Роҳи бузурги Абрешим баъди сукути ҳазорсолаҳо боз эҳё мегардад… Бохтари қадим ва Суғди бостонӣ дар чорсӯи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, қофилаи корвонҳои бешумор аз растаҳои хуштарҳу бозорҳои ободи ин сарзамини паҳновари ниёгони тоҷикон ҷониби машриқу мағриб мешитофтанд». 

Воқеан, бино ба гуфти бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов, парвандаи расмии гузаргоҳи зарафшонии Шоҳроҳи  Абрешим-Панҷакент-Самарқанд-Бухоро бо ибтикори бостоншиносони  тоҷику ӯзбек  барои шомил намудан ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.  

Тавре Усмон Эшонқулов, бостоншиноси маъруфи кишвар дар асари таҳқиқотиаш «Таърихи маданияти кишоварзии Суғд» («История земледельческой культуры горного Согда») менигорад, дар гузаргоҳи зарафшонии шоҳроҳ, ки  аз  воҳаи Панҷакент то Самарқанду  Бухоро тӯл мекашид, ҳамеша равуои одамон зиёд буд. Тоҷирону кишваркушоёни аҷнабию муқимӣ аз воҳаи Панҷакент ба Ҳиндустон, Эрону Арабистон, Сибир, Чин ва дигар кишварҳо сафар мекарданд ва баръакс. Пайраҳаҳои куҳан, ки аз дараҳои дар баҳору тобистон сарсабзу хуррами  Киштӯд ва Шинги воҳаи Панҷакент, аз канори қуллаҳои сарбафалаккашида ва аз байни ҷангалҳои сердолу дарахт, аз ин хилватгоҳҳои хомӯшу пурасрор мегузаштанд, ба ин Шоҳроҳ пайваст мешуданд. 

Ҳаракати одамон дар роҳҳои имрӯз ободи водиҳо ва дар  пайроҳаҳои қадимӣ, ки аз соҳили рӯдҳои шӯх, кӯлҳои зебо, аз байни дарахтони арча, фарку мушша, манзараҳои дилфиреби гулу сабзаҳои кӯҳистон мегузаранд, ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Бештари онҳо сайёҳони хориҷианд. Аз ҳазорҳо нафар дӯстдорони сайру саёҳат, кӯҳнавардон, мухлисону ҳаводорони табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дар шаш моҳи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба кишварамон омадаанд, теъдоди зиёдашон бо шоҳроҳҳои ободу зебои “Душанбе-Хуҷанд – Айнӣ”, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бунёд гардидаанд ва бо пайроҳаҳои қадимӣ ба Искандаркӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, Ҳафткӯл омадаву манзараҳои дилфиребу афсонавии Сармаду Арчамайдон, ағбаҳои Шеру Тобасанг ва ёдгориҳои таърихию маданӣ ва аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи онҳоро тамошо кардаанд. Дар байни иншооти зикршудаи сайёҳӣ бузургтарину номдортаринаш ёдгории бостонии Саразм-саромади тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошад, ки  ба зиёратгоҳи ҳақиқӣ ва  ба маркази ҷустуҷӯю омӯзиши олимон аз бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Бо сипоси беҳад ёдовар мешавем, ки ин ёдгории беназир бо ибтикор ва ҷаҳду талоши Президенти кишварамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО  шомил карда шуд. 

Дар Саразм бостоншиносон саҳифаҳои нави таърихи қадимии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои дуру наздик ва рағбати бузурги ба ҷаҳонгардӣ доштаи ниёгонамонро боз намуданд. Таърихшиноси машҳури ӯзбек, сарвари вақти Институти археологияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон А. Аскаров дар як сӯҳбаташ бо мо гуфта буд: «Дар байни маҷмӯи бозёфтҳои археологии Саразм ашёҳои ҳақиқию аслӣ аз Эрон, Туркманистони ҷанубӣ, маданияти типпи Намозгоҳ, асбобу ашёҳои маишию маданӣ аз ёдгориҳои Сафолии ҷануби Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, зарфҳои воридотӣ аз ёдгориҳои давраи маданияти Калтаманори назди Арал дида мешаванд. Ашёҳои ҳаммонанд ба ёдгориҳои Балуҷистон зиёданд».

Ба ақидаи Абдурауф Раззоқов, дар байни бозёфтҳо ақиқи Қароқум, фирӯзаи Фарғона, лоҷуварди Бадахшон ва ғайра низ ҳастанд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таърихию илмии бозёфтҳои Саразм дар муайян намудани ҷой ва мақоми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ Пешвои миллат дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиёни кишвар аз ҷашн гирифтани 5500- солагии тамаддуни Саразм дар соли 2020 пайғом доданд. Мавриди зикр аст, ки ин сана бар пояи маълумотҳои муътамади бостоншиносони маъруфи ватанию ҷаҳонӣ муқаррар шудааст. Хулосаҳои иштирокчиёни як ҳамоиши (колоквиум) байналмилалии бостоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса бахшида ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии бохтариҳо, тахориҳо ва суғдиҳо дар давраи антиқӣ ва ибтидои асримиёнагӣ, ки охири августи соли 1986 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, далели қотеъ бар ин гуфта мебошанд. 

Иштирокчиёни ҳамоиш дар рӯзи сеюми кории худ ба ҳафриёти Саразми Панҷакент омада, бозёфтҳои сершумори аз ин ҷо пайдошударо диданд. Яке аз муаллифони ин матлаб (Л.Қ.) бо чанде аз олимон сӯҳбат дошт. Аз ҷумла, В.А.Литвинский - академики АФ Тоҷикистон, Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (Москва) чунин ибрози андеша намуда буд: «Ҳафриёти Саразм аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Он барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Аввалин бор муяссар гашт, аниқ карда шавад, ки гузаштагони қадимии тоҷикон, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, камаш шаш ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин зиёдтар кишоварз шудаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини тоҷикон тамоман дигар мекунад. Ҳамаи инро ба китобҳои дарсии таърих бояд дохил кард ва китобҳоро аз нав бояд навишт…».

Ин маъниро Пол Бернар, доктори илм, сарвари гурӯҳи археологии Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса дар шакли дигар баён карда буд: «Ҳафриёти Саразм ба таври раднопазир собит менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони маданӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна ва сокинонаш соҳиби маданияти баланд будаанд. Дар Панҷакент бозёфтҳои сенсатсионӣ ёфт шудаанд. Боигарии фактҳоро, ки хуб омӯхта шудаанд, мо ба китоби кушодаи ин шаҳри бузург шабоҳат медиҳем…». 

Чунин аст хулосаи олимон, меҳмонони Тоҷикистон дар бораи  Саразм, ки имрӯз ба қадамҷои сайёҳони ҷаҳон табдил ёфтааст. Ба андешаи мо, ин гуфтаҳо барои донистани аҳамияти ин ёдгории бузурги мероси фарҳангии инсоният, тарғиби он ва ҷалби бештари сайёҳону тадқиқотчиён аз кишварҳои дунё басо муҳиму заруранд.

Дар асрҳои гузашта сайёҳон, кишваршиносону таърихнигорон ва тоҷирон аз мамлакатҳои дуру наздик ба диёри тоҷикон омада, табиати зебою афсонавии онро дида, мафтуни ин диёру ин мардум шудаанд. Онҳо сари роҳи худ бо сокинони бумӣ вохӯрдаву ҳамсуҳбат шуда, аз пазироию меҳмоннавозии самимонаи онҳо бархурдор гардида, урфу одат, хислатҳо, расму оин ва шуғлу ҳунарашонро дар китобҳо ва сафарномаҳои худ қайд намудаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба иқтибосҳо аз ин сафарномаҳо: 

«Дар Суғд чун меҳмон ояд, соҳиби хона шодӣ намояд ва тозарӯйӣ кунад. Ва ин одат дар ҳеҷ иқлим нашунидам, магар дар ин диёр». (Абӯисҳоқ Истахрӣ, сайёҳ, географ, муаррих. Асри 10).

 «Тоҷикон, то ҷое, ки ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд, ки бо вуҷуди муқобилияти алайҳашон давоми садсолаҳо идома ёфта, барои худ роҳ кушода тавонистаанд. Аз рӯи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст, дар бораи истеъдоди модарзодии рӯҳонии онҳо низ ҳаминро гуфтан лозим аст».

Миддендорф, афсар ва саёҳатчии рус. Соли 1882.

 «Шиносоии наздик бо тоҷикон ва омӯзиши хулқу рафтор, анъана ва тарзи ҳаёти онҳо дар дили кас ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиром гузоштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъкибу азиятҳо дидааст, бидуни ихтиёр бедор месозад ва ҳайратеро дар жарфи дили мо падид меорад, ки чи сон ба рағми ин ҳама ин ҳалқ аз рӯи замин нопадид нашуд, балки симои ориёии худро нигоҳ дошта тавонист».

А. Серебренников, афсар ва кишваркушои рус. Соли 1896.

Дар ин радиф мехоҳем чанд андешаи меҳмонону сайёҳони имрӯзии Панҷакентро низ баён намоем:

«...Имрӯз дар кишвари мо Тоҷикистонро хуб мешиносанд. Далели ин солҳои охир Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб кардани теъдоди зиёди ҳамватанони ман аст».

Каон Хаминага, олим аз Ҷопон. 

 «Панҷакент шаҳри зебост, ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҷойҳои хушманзараю диданӣ дорад. Иқтисодиёташ пешрафта аст. Бигузор, меҳмонони хориҷӣ зиёдтар ба ин диёри зебо оянд ва рушду пешрафти зиндагии тоҷиконро бо чашмони худ бубинанд».

Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон.

«Ман бори аввал ба Осиёи Марказӣ омадам. Кишвари шумо, Панҷакент ба ман таассуроти хеле калон бахшид. Дар Русия, умуман дар тамоми ҷаҳон, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон рух дод, гумон мекарданд, ки ин кишвар шабеҳи Афғонистон аст. Аммо ман бо чашмони худ дидам, ки вазъ тамоман дигар аст. Мо иштибоҳ карда будаем. Тоҷикон мардуми соҳибтамаддун, дӯстпарвар, соҳиби фарҳанги баланд ҳастанд». 

Алексей Шорохов, котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Русия

Дар Роҳи бузурги Абрешим, дар пайроҳаҳои сеҳрангез, ки аз ҳаводиси замонҳо  нопадид нашудаанд, дар толору қасрҳои Саразм ва Панҷакенти Қадим, дар сӯҳбати мардуми дилкушод ва меҳмоннавоз, дар назди мақбараҳои бузургон, дар канори кӯлҳо ва рӯдҳои нуқрафом, дар сояи салқини сахраҳо ва арчаҳо, дар  паҳнои марғзорҳои ҳамешасабзу атрогин, дар кӯчаю бозорҳои Панҷакенти бостонӣ-ин гаҳвораи тиллоии тамаддуни ниёгон ҳар рӯзу ҳар лаҳза ҳамин гуна суханҳои самимӣ ва руҳбахшу дилнавоз ба гӯш мерасанд.  

Зайнура Азимӣ,

Луқмон Қурбон,

шаҳри Панҷакент

Тағйироти охир Душанбе, 22 Октябр 2018 16:45
Хонданд 98
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Декабрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.