.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Индира Гандӣ: Зани оҳанӣ ва ё беваи сиёҳи бадхашму пуркина?

Авг 25, 2018 Хонданд: 185
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Душманонаш ӯро Беваи сиёҳ меномиданд. Беваи сиёҳи бадхашму бадкина, заҳрдор ва бетараҳҳум. Касоне, ки бетараф буданд ва кам аз гирудорҳои дарборӣ бохабар буданд, Зани оҳанӣ меномиданд. Аммо дар асл ӯ кӣ буд?

Индира Гандӣ ҳокими худкома набуд. Вале агар падари ӯ Ҷавоҳирлаъл Нерӯ бахши муҳими ҳаёташро сарфи мубориза барои рифоҳи миллаташ бахшид, пас барои духтари ӯ танҳо обрӯву шуҳрати сиёсӣ муҳимтар буд. Индира хуб медонист, ки  ба падараш қиёснашаванда аст ва мегуфт: “Падари ман марди давлатӣ буд, ман бошам зани сиёсӣ. Падари ман муқаддас буд, вале ман на!” Баъзан чунин ба назар мерасид, ки ҳарфи ӯро ҷиддӣ намегиранд, вале Индира сари ин даъвояш қотеъ буд, ки ӯ занест сиёсатмадор.  

Индира Гандӣ, духтари ягона сарвазири Ҳинд Ҷавоҳирлалъ Нерӯ буд. Вай 19 ноябри соли 1917 ба дунё омад. Падараш аз муборизони қотеъи истиқлолияти Ҳиндустон буд, кишваре, ки бо сарвати бебаҳояш мардуми бенавову фақир дошт. Модараш Камола низ шарики шавҳараш дар гирудорҳои сиёсӣ буд. Чун бештар вақт ходимони сиёсӣ дар хонаи онҳо ҷамъ меомаданд ва баҳсҳои онҳоро Камола мешунид. Шавҳараш боре гуфта буд: “Ҳамсари ман дар аксар ҳолатҳо ба ман таъсир дошт, ҳарчанд ман инро хеле баъдтар дарк кардам”. Вале дар мавриде Камола гуфта буд, ки хеле оҷиз буд ва натавонист паҳлӯи шавҳараш бошад ва барояш мадад расонад. Ва ин тарбияи анъанавии Ҳинд буд, ки бонуи хонавода бояд саргарми тарбияи кӯдакон бошад. Анъанае, ки баъдан Индира шикаст.

Ҳама коре, ки Камола тавонист анҷом диҳад, пуштибонии шавҳараш дар аввали фаъолияташ буд. “Ман занони ҳиндуро даъват мекунам, ки аввал ба Худо бовар кунанд ва баъд барои озодиву истиқлолияти худ мубориза баранд ва фарзандонашонро савод омӯзанду соҳибмаълумот кунанд, то онҳо ин гуна бадбахиеро, ки мо дидем, набинанд”,- навшта буд вай дар номае. Индира Гандӣ ҳанӯз дар замоне, ки кӯдак буд ба қароре омад, ки дар тарҷумаи ҳоли вай аз вобастагии ӯ ба мардон ҳарфе нахоҳад буд, ба мисли модараш мешавад. 

Соли 1925 Камола писари норасо таваллуд кард, ки дар дуюмин рӯзи валодаташ фавтид. Саломатии модар низ хароб шуд. Духтурон дар бадани вай бемории сил кашф карданд ва пешниҳод намуданд, ки барои муолиҷа бояд ба Аврупо бурда шавад. Ва ҳамроҳ бо вай Индира низ рафт ва ҳамин минвол бачагии вай миёни Аллоҳободи Ҳинд, ки зодбумаш буд ва шаҳри Женеви Аврупо гузашт.  

Арӯсаки Индира, ки ба коми оташ рафт...

Индира аз овони тифлӣ бо хислатҳои худ аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекард. Вақте вай ҳамагӣ чор сол дошт, дар мамлакат мубориза зидди англисҳои истилогар оғоз шуда буд. Оилаи Нерӯ ба қароре омад, ки аз молҳои воридотӣ истифода набаранд, аз ҷумла матоъҳои гаронбаҳо, зарфҳо ва ҳатто бозичаҳои воридаро аз хона ба оташ ҳаво доданд. Индира як арӯсаки фаронсавӣ дошт, ки хеле дӯсташ медошт. Баъди андешаҳои зиёд тасмим гирифт қатори дигар ашё, ки волидонаш ба оташ кашиданд, ин арӯсакро низ ба коми оташ ҳаво диҳад.  

«Маро ларза фаро гирифт, вале арӯсакро бурдам ва ба оташ партов кардам. Ва худи ҳамон лаҳза зор-зор гиристам, дигар натавонистам худдорӣ кунам ва табъам ҳам боло рафт ва муддати чанд рӯз бистарӣ шудам. Он замон тавонистам зочаамро оташ занам, вале ҳоло гӯгирд дардода наметавонам”,- ба ёд овардааст Индира он лаҳзаҳоро. Духтаре, ки дар ин синну сол қотеъ ва боҷуръат буд, худ ба худ қарор дод ҳамин гуна қотеъ мемонад. Ва тамоми умр ҳамин гуна буд, “зани оҳанин” лақабе буд ба вай часпид.

Дар синни дувоздаҳсолагӣ вай ҷунбиши кӯдакони Аллоҳобод барои истиқлолияти кишварро сарварӣ кард. Аъзои ҷавони ин бригада бузургсолонро дар бораи боздоштҳое огоҳ мекарданд, ки мақомот ба он омодагӣ медиданд. Аъзои Конгресси миллӣ, ки аз муассисони ин ҷунбиш буданд, мегуфтанд британиёиҳо аз атфол шубҳа намекунанд. Индира бошад тамоми умр даъво мекард, ки ин бригадаро ба ифтихори артиши озодихоҳи “Рамаяна” худи вай таъсис карда буд, на каси дигар.

Даргузашти модар, падруд бачагӣ

Соли 1936 модараш аз олам гузашт ва баъди модар дасти рости падар, хидматгузор ва ёвари беминнати вай Индира шуд. Вай омода буд ба мубориза барои истиқлолияти Ҳинд ҳамроҳ бо падараш идома диҳад, вале мебоист таҳсил мекард. Нерӯ хеле мехост, ки духтараш чун шахси босавод ва барои ҷомеаи лозим ба камол расад. Вақте сарвазири ояндаро боздошт карданд, вай аз зиндон ба духтараш нома навишт, ки таърихи ҷаҳонро омӯзад. 

Соли 1934 Индира дар Донишгоҳи халқӣ, ки онро Робиндранат Такур ташкил карда буд, таҳсил кард. Аммо баъди фавти модараш вай ба коллеҷи Соммервили Оксфорд равона шуд.  

Тӯли ин солҳо Фароз Гандӣ-сиёсатмадор ва рӯзноманависи ҳинд дар канори ӯ буд. Вай Индираро дар ҳар мусибату нобарорӣ тасаллӣ медод. Нависандаи оянда ва шарикдарси Индира бону Айрис Мердок навишта буд: “Вай хеле зебо буд, аммо хеле нозуку заъиф, ба назар мерасид бод ҳам метавонад ӯро бибарад. Ботаҳаммул буд, ғурур дошт ва мо медидему ҳис мекардем, ки вай базӯр олами атрофро медид ва ҳамеша дар ёди ватан буд ва мехост фавран ва зуд баргардад”. 

Индира бо Фароз дар Ҳиндустон шинос шуда буд. Дар як намоиш Камола Нерӯро аз пой афтонданд ва Фароз ба вай мадад карда, ки бархезад ва чун фаҳмид, ки ин бону бонуи кист, зуд ӯро ба хона овард. Хеле зуд вай ба яке аз дӯстони хонаводагии Нерӯ табдил ёфт. Аммо ду сол баъд ба Индира пешниҳоди издивоҷ кард, вале вай рад намуд. Талоши дуюмаш ҳам ноком буд. Танҳо бори сеюм дар Порис пешниҳод кард ва муваффақ гардид. Ва худи ҳамон рӯз Индира дар ёддоштҳояш навишт: “Ба ман Фароз писанд нест. Вале ман вайро дӯст медорам”. Ва то охири умр Индира ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки ба каси дигар шавҳар мекунад.  

“Ба ман Фароз писанд нест. Вале ман вайро дӯст медорам...”

Хабари издивоҷ ҳиндуҳоро ба хашм овард. Нерӯ ба табақаи браҳманҳо мансуб буд, вале Фароз оташпараст. Аммо Индира пофишорӣ кард, тӯй барпо шуд ва ӯ насаби шавҳараш-Гандиро ба худ гирифт.  

Аммо ҳам Фароз ва ҳам Индира баъди тӯй пайваста дар сафар буданд ва ҳамдигарро камтар медиданд. Индираро ҳеч вақт оила ва ояндаи он ба худ намекашид. Ду писар таваллуд кард: Раҷив (1944) ва Сандҷай (1946). Вале Индира хеле кам бо тифлонаш машғул шуд-танҳо то замони эълони истиқлолияти Ҳиндустон. 

Соли 1947, баъди эълони истиқлолияти Ҳиндустон Ҷавоҳирлаъл Нерӯ сарвазир шуд ва Индира аз вай як қадам қафо намемонд. Ин ду тан пурра худро ба сиёсат бахшиданд. Кор ва сиёсат таҳдиди басо ҷиддӣ барои оилаи Индира шуд. Индира на парвои фарзандон дошт ва на парвои шавҳар. Вақте онҳо ба Деҳлӣ омаданд, Фароз дар хона монд. Вай танҳо баъди ду сол ба пойтахт омад ва ҳамон вақт ҳам якҷо бо ҳамсар ва хусураш зистанро рад кард. Соли 1960 аз олам гузашт.  

На марги шавҳар ва на марги падар (дар соли 1964) ӯро аз сиёсат нагардонд. Сарвазири нав Лаъл Баҳодур Шастрӣ Индираро вазири иттилоот таъин намуд.  

Соли 1966 Лаъл Баҳодур ҳам бар асари сактаи қалб аз олам рафт ва аъзои Конгресси миллӣ Индираро сарвазир интихоб карданд. Он замон вай 39 сол дошт. Аввалин зани ҳинду буд, ки ба як вазифаи олӣ таъин мешуд. Дар аввалҳо ҳатто ҳамкоронаш ӯро ҷиддӣ намегирифтанд. Гумон мекарданд бо ин зан осон аст кор кардан. Вале чунин набуд. Сӯистифода аз Индира Гандӣ амалан номумкин буд. Тибқи қонунҳои Ҳинд кобинаи вазиронро худи сарвазир интихоб мекунад ва Индира аз ин имтиёз истифода бурд.  

Индира борҳо одамони сустирода ва заъифро вазир дар вазоратхонаҳо таъин кард. Вай душманонашро ба танҳоӣ аз қудрат дур мекард: на бо роҳи зӯроварӣ, вале эҳсосшаванда. Вай рақибонро аз сари роҳаш дур мекард ва назорати авзоъро ба даст мегирифт. Эҳтимол меравад вай дар ҳақиқат нумуъи кишвар ва некуаҳволии мардумашро мехост.  Вале ин корҳоро вай ба вақти дигар мавқуф мегузошт. Замонеро интизор буд, ки чизе дигар ба салтанати вай ва қудраташ осеб намерасонад. Вай мехост ҳокимиятро комил ба даст гирад ва баъди он дар бораи ояндаи рушди Ҳинд андешад.  

Аммо то он замоне, ки хавфи бар асари интихобҳои демократӣ аз қудрат рафтан таҳдид мекунад, маъно надорад, ки барои некуаҳволии миллат андешад. Ин буд, ки кишвар ба фасод печид. Фақри миллионҳо таҳдиди дигар ба ояндаи салтанати ӯ буд. Индираро мухолифонаш интиқод мекарданд, вале вай аз қобилияти фавқулоддаи суханварии худ истифода мекард. Соли 1971 барномаи “Фақрро нобуд мекунем”-ро дар миён гузошт, ки барояш имкон дод ҳам дар интихобот пирӯз ояд ва ҳам пуштибонии Иттиҳоди Шӯравиро ба даст орад.   

Ҷанг, пирӯзӣ ва боз ноумедиҳо

Бо эҳсоси нерӯ Индира Гандӣ моҳи декабри соли 1971 ба артиши кишвараш фармон дод, ки ба Бенгалияи шарқӣ, ки он замон дар ихтиёри Покистон буд, ворид шавад. Ин боис шуд, ки ҷумҳурии мустақили Бангладеш арзи вуҷуд кунад. Ин ҳолат қариб буд сабаби ҷанг миёни ду қудрати олам СССР ва ИМА шавад. Он замон Маскав аз Деҳлӣ ва Вашингтон аз Исломобод ҳимоят мекарданд. Аммо билохира Амрико тасмим гирифт ба зиддият дода нашавад ва ду кишвари ҳамсояро талқин намуд бо ҳам канор оянд.  

Баъди ин Ҳинд ва Иттиҳоди Шӯравӣ барои солҳо дӯст шуданд ва Индира Гандӣ қаҳрамони ҳамаи халқу миллатҳои Ҳинд. Ва баъди пирӯзӣ дар ҷанг Ҳинд тадриҷан худро ба озмоиши силоҳи атомӣ омода мекард, ки  бо ёрии СССР сохта мешуд.  

Вале мушкили дохили кишвар Индира Гандиро ором намегузоштанд. Мухолифон ӯ ва Конгресси миллиро ба тақаллуб дар интихобот гунаҳгор медонистанд. Моҳи июни соли 1975 додгоҳи Аллоҳобод (зодгоҳи Гандӣ) талаб кард, ки вай курсии худ дар парламонро тарк кунад ва муддати шаш сол аз ҳар гуна фаъолиятҳои сиёсӣ канор равад. 

Он вақт Индира Гандӣ ба истилоҳ «гашти асп» кард ва ба ҷойи ҳалли мушкил дар мамлакат вазъи фавқулодда эълон намуд. Бо такя ба конститутсия духтари муборизи истиқлолияти Ҳиндустон салоҳиятҳои зиёдеро бар дӯш гирифт ва ҳамлаи шадидеро болои мухолифони сиёсиаш оғоз кард. 

Боварнакарданист. Индира Гандиро оламиён бонуи муқаддас медонистанду поку фариштахӯ. Вай замоне ҳатто гуфта буд: «Пештар сарварӣ қудрату зӯроварӣ буд, вале ҳоло ба маънои канор омадан бо одамон аст». Дар умраш вай ҳаргиз бонуи хона набуду нашуд. Ӯро ҳамеша сиёсат ба худ мекашид ва ба ҷуз кори сиёсату ҳукумат андешаи дигар дар сар намепарварид. Ҳоло дида мешуд, ки ин бону ба ҷойи мубориза бо фақру нодорӣ кишварро ба бебандуборӣ кашид. Ҳазорон нафар одамон паси панҷара шуданд, Ба чопи нашрияҳои мухолифон монеъаҳо эҷод мекарданд, назорати шадид ва сензура ҷорӣ шуд. Парлумон бо сарафкандагӣ қонунҳои нав мебаровард, ба конститутсия иловаву тағйиротҳои ҷадид ворид мекарданд ва низомро дар кишвар шадидтару зиндагиро барои озодандешон тангтар мекарданд. Индира Гандӣ талош мекард ғами амнияти худро хӯрад, чун медонист, ки дер ё зуд ин вазъи фавқулодда бояд лағв шавад. Муддати 19 моҳ дар мамлакат ин ҳолати ногувор идома кард ва танҳо Индира Гандӣ худ медонист, ки ба чӣ мехоҳад даст ёбад.  

Вай писари хурдии худро мушовири худ хонд, чун Радҷив дур аз сиёсат буд. Ва ба он майле ҳам надошт. Вай ҳама умр дар бораи худ меандешид ва дар ширкати ҳавопаймоии Ҳинд халабон шуд. Соли 1968 итолявидухтар Соне Маиноро, ки бо ҳам дар Кембриҷ шинос шуда буданд, ба занӣ гирифт. Ҳатто то остонаи тӯй вай ба ҳамсари ояндаи худ нагуфт, ки набераи Ҷавоҳирлаъл Нерӯст ва писари Индира Гандист. Соня баъдан иқрор шудааст, ки аз Осиё меҳаросид ва намехост зани сиёсатмадори ҳиндӣ шавад. Вале Радҷив вайро ором кард ва гуфт, ки ба сиёсат дода намешавад, чун ин кори вай нест. 

Вале Санҷай машғули сиёсат буд ва инро меписандид. Вай дар атрофи худ «ҷавонони тиллоиро» ҷамъ меовард ва бо онҳо ба корҳои авбошӣ дода мешуд, айшу нӯш мекард, вазиронро метарсонд ва боре ҳатто дар назди ҳама ба рӯи модар ҳам шаппотӣ зад. Вале Индира ин ҳамаро бар вай бахшид ва маҳз ӯро интихоб кард, то бо ҳам орзуҳояшро амалӣ созанд.  

Сандҷай басо ғаюрона ба кор часпид, бо баҳонаи бозсозии шаҳр бехонаҳо ва фақирону гадоён аз Деҳлӣ берун карда шуданд. Ба коргароне, ки даст аз вайронкунии хонаҳои камбағалон мекашиданд ва ё эътироз мекарданд, маош намедод.   

Рафтану омадан

18 январи соли 1977 Индира Гандӣ амалан вазъи фавқулоддаро лағв кард, мухолифонашро аз зиндонҳо раҳо намуд ва эълон кард, ки моҳи март интихобот баргузор мешавад. 

Ин иқдомҳояш ногаҳонӣ ва ғайриинтизор буданд. Кас намедонист чаро Индира Гандӣ якбора чунин тасмим гирифт: магар руҳи падараш ба хобаш омад ва ё хаста шуд аз ҳокимият. Хулоса, вай интихоботро бохт ва бидуни ҳеч муқовимате аз саҳнаи сиёсӣ канор рафт. Он замон касе ҳатто тахмин ҳам намекард, ки вай ба ин сиёсат ва сари қудрати Ҳинд бозмегардад. 

Се сол вай аз дур тамошо мекард, ки мухолифонаш чӣ гуна ҳокимият мекунанд ва медид, ки дар ҳама талошҳояшон нокоманд ва боз ба сиёсат баргашт ва ба мардум муроҷиат намуд: «Ҳукуматеро интихоб кунед, ки кор мекунад!» Ва Ҳинд бори дигар рӯ ба Гандӣ овард. Бадиҳои вай, ҳатто рондани бехонаҳо аз Деҳлӣ фаромӯш шуда буданд. Индира Гандӣ боз сарвазири Ҳинд интихоб шуд.  

Аммо ним сол баъд писараш Сандҷай-вориси Индира дар сиёсат дар як сонеҳаи ҳавопаймо кушта шуд. То ҳол ин ақида ҳоким аст, ки ин сонеҳаи барқасдона буд, ки мехостанд бо ҳамин ба идомаи насли ҳоким аз хонаводаи Гандӣ поён диҳанд, чун дар симои вай касеро намедиданд, ки барои мардум хушбахтӣ орад ва аз модараш дар шеваи ҳукмронӣ фарқе надошт. 

Қатли Индира, Радҷив сари қудрат

Моҳи майи соли 1984 сикхҳо Маъбади зарин дар Амритсарро ишғол карданд ва онро ба аввалин лонаи террористӣ табдил доданд. Моҳи июн Индира ба он макон нерӯ эъзом кард. Амалиёти зиддитеррористӣ муваффақона ба поён расид, вале маъбад хароб шуд ва инро ба Индира набахшиданд. Ба Индира машварат доданд, ки ҳамаи сикхҳоро аз сафи муҳофизонаш берун кунад, вале вай ин корро накард ва гуфт: «Сикхҳо дар кишвар 18 миллионанд, ҳамаи онҳоро наметавон аз кор озод кард». Индира чун пешина ба зиндагии худ идома дод, вай ба амнияти худ намеандешид, вақте берун мерафт, ҷавшан намепӯшид ва ин ҷасорат оқибат кори худро кард. 30 октябри соли 1984  Индира Гандӣ дар Бхубанесвар бо мардум суҳбат мекард ва мегуфт» «Ба умри дароз ниёз надорам. Ман аз чизе наметарсам. Бигзор ман ҷон диҳам, вале ба халқам хизмат мекунам. Ва агар ман иимрӯз бимирам, ҳар қатра хунам миллатро ба муттаҳид ва қудрат мебахшад». 

Рӯзи дигар вай аз хона баромад, то бо ҳунарманд Питер Устинов мулоқот кунад. Дами дар се муҳофиз истода буданд, ду нафари онҳо бо русуми маъмулӣ аз вай истиқбол карданд ва ӯ ба онхо посух дод ва шахси сеюм аз туфанг сӯяш оташ кушод. Ӯ Беант Сингх, нозири хурди идораи пулиси Деҳлӣ буд. Вақте Индира ба замин уфтод, як муҳофизи дигар аз автомат ӯро тирборон кард. Муҳофизон аз дохил ба садои тир берун давиданд, аммо алалкай дер шуда буд. Индира дар роҳи интиқол ба бемористон ҷон дод, ҳарчанд табибон талош карданд дубора барояш ҳаёт бахшанд. Аз бадани сарвазир 7 тир берун оварданд ва ин ҳафт тире буд, ки баъдан ба хунбаҳои ҷони сарвазир беш аз се ҳазор сикхҳоро дар Деҳлӣ куштанд. Се шабонарӯз пойтахти Ҳинд аслан оромиш надошт. 

Беназмиҳоро Радҷив нигоҳ дошт, ягона каси боқимонда аз насли Индира Гандӣ. Шахсе, ки то кунун ҳаргиз барои ҳокимият талош намекард ва орзуи онро ҳам надошт. Ҳамсараш Соня хоҳиш кард аз мансаби шахси аввали кишвар даст кашад. Вале ин бор Радҷив басо қотеъ буд: “Ман насаби Гандӣ дорам ва ин маро уҳдадор мекунад”. Ва ӯ аз муваффақтарин сарвазирони баъди истиқлоли Ҳинд буд...  

Соли 1991 Радҷив барои ширкат дар маъракаҳои қаблазинтихоботӣ ба ҷануби кишвар сафар кард. Дар яке аз гирдиҳамоиҳо зане бо дастагуле, ки маводи тарканда дар он ниҳон буд, наздаш ҳозир шуд. Ин зан узви гуруҳи ҷудоихоҳони Тамил будааст. Ва Радҷив низ чун модараш аз дасти қотилон ба ҳалокат расид...

Навиштаи Анастасия Романова

Таҳияи Ф. Муҳаммад

Тағйироти охир Шанбе, 25 Август 2018 11:00
Хонданд 185
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.