.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Таърих

Шумо дар Таърих

Дӯстӣ бо Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев

Авг 18, 2018 Диданд: 147
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Сардор-ҳомии ду саркор

Раиси хоҷагии ҷамоавии ба номи Ворошилови ноҳияи Хуҷанд (ҳоло ба номи Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Б.Ғафуров) Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро бо моддаи 58 (бо ҷурми душмани халқ) ба ҷавобгарӣ кашида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуданд ва ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. 

Ҳама медонистанд, ки раис марди фидоӣ, ба халқу ватан содиқ аст, аз вай душман намебарояд, вале гуруҳи дигар-муаллифони аризаи шикоятӣ аз чунин ранг гирифтани кор хушнудӣ мекарданд. Кор ба ҷое расид, ки аз Москва муфаттишон омаданд, гӯё дар ҷумҳурӣ тафтишгар набошад.

Вақти пурсуҷӯи пешакӣ, то оғози суд С.Ӯрунхоҷаевро ба Тошканд бурданд. Ба назари муфаттишон тавре менамуд, ки С.Ӯрунхоҷаев бо душманони халқ алоқа дорад. Дар Тошканд ба вай суратеро нишон  доданд, ки он ҷо роҳбарони олимақоми Ӯзбекистон Файзулло Хоҷаев, Акмал Икромов, Юлдош Охунбобоев ва олими тоҷик Шариф Раҷабову раиси номӣ Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев акс ёфта буданд.

- Инро мешиносӣ?- ангушт ба сурат гузошт муфаттиш.

- Бале, Файзулло Хоҷаев аст.

- Инаш кӣ?- пурсид вай. - Ӯро медонӣ?

- Ҳа, медонам, Акмал Икромов мебошад.

- Пас инкор намекунӣ, ки бо душманони халқ робита дорӣ?

- Ман душманони халқро намедонам. Бо онҳо сару кор надорам. Соли 1936 мо як гуруҳ кишоварзони тоҷик дар анҷумани колхозчиёни Ӯзбекистон ҳамчун меҳмон ширкат доштем, вақти танаффус Юлдош Охунбобоев таклиф намуд, ки ҳамроҳашон сурат гирем. Ману рафиқам Шариф Раҷабов розӣ шуда, дар сафи роҳбарони олимақоми Ӯзбекистон истодем.

- Бо онҳо риштаи дӯстӣ доштӣ?

- Мани колхозчӣ куҷою котиби кумитаи марказӣ, Раиси Президиуми Совети Олӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон куҷо? Як бор дар умрам бо онҳо дар толор вохӯрда сурат гирифтам.

Вале муфаттиш ба гуфтаи ӯ бовар накарда пайваста саволҳои шубҳанок  медод. Мепурсид, ки онҳо ба ӯ чӣ супориш медоданд, ба ҷосусӣ ҷалб менамуданд?...

Ду моҳ пас тафтиш анҷом ёфт ва парванда ба суд ирсол гашт. С. Ӯрунхоҷаевро барои ташвиқоти зидди советӣ, вайронкорӣ, террор, роҳбарии бемасъулиятона ба колхоз айбдор намуданд.

Суди шаҳри Ленинобод дар маҷлиси пӯшида 19 рӯз масъаларо муҳокима намуд. Шоҳидони сохта дурӯғгӯӣ менамуданд, қабиле ба мурофиа наомад, вале суд баёноти онҳоро ба инобат гирифт. Се-чор нафар гаштаю баргашта сухан мегуфтанду буҳтон мезаданд, гуфтаи муфаттишро кӯр-кӯрона такрор менамуданд.

Суд Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро 5 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Марди бегуноҳро ба яке аз муассисаҳои ислоҳотии вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон фиристоданд. 

Раис аз маҳбас пайваста шикоят менавишт. Аризаҳояшро ба Суди Олии СССР, Прокуратураи СССР ирсол менамуд.

Ниҳоят кораш омад кард. Барои тафтиши аризаи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев аз Москва намояндагони Прокуратураи СССР омаданд. Тафтиш оғоз ёфт, вале тафтишгарон муддате пас ба душворӣ рӯ оварданд. Маълум шуд, ки дар байнашон нафаре забони тоҷикиро намедонад, шоҳидон бошанд забони русиро намефаҳманд.

Барои тафтишот тарҷумон даркор шуд. Шахси эътимодноке, ки ҳар ду забонро донад, бо равандҳои тафтишотӣ ошно бошад. Хеле ҷустанд чунин нафарро ва қуръа ба Баҳром Хоҷаев афтод. Мавсуф аз дигар номзадҳо афзалият дошт: забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекиро медонист, аз равандҳои тафтишотӣ хабар дошт.

Баҳром Хоҷаев соли 1914 дар деҳаи Фирӯзоби ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Конибодом дар сафи Артиши Сурхи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмат кард. Баъди адои хизмат ӯро соли 1937 ба сафи НКВД шомил карданд. Фаъолияташро ба ҳайси фармондеҳи даста дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Конибодом оғоз намуд.

Ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятии Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев ӯ фаҳмид, ки раисро ба доми туҳмат печонидаанд. Тарҷумони пештара нишондодҳои шоҳидонро нодуруст ба забони русӣ гардондааст. Гуруҳи манфиатдорон бошанд баёнотҳои бардурӯғ додаанд.

Ниҳоят ҳақ ба ҳақдор расид. Он шаб Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви аз кори вазнин хаста шуда, масти хоб буд. Сардори маҳбас ӯро бедор карда гуфт, ки либосҳояшро ғундошта ба ҳуҷраи ӯ биёяд. 

Ҳайрон шуд, аз ӯ чӣ мехоста бошанд? Сардор ӯро хушнудона пешвоз гирифта гуфт:

- Нав ба муассисаи мо мактуб омад, Суди Олии СССР шуморо озод кардааст. Мо дигар шуморо ин ҷо дошта наметавонем.

С.Ӯрунхоҷаев даме ба дарёи андеша ғӯтид. Сардор хавотирии вайро фаҳмида гуфт:

- Ман дигар илоҷ надорам, дар воқеъ шумо асп савор шуда метавонед? 

- Ҳа, ман аспсавори хубам.

- Як аспро ба маҳбаси Ленинобод бурдан лозим буд. Ман онро ба шумо медиҳам, савор шуда равед ва аспро он ҷо ба муассисаи ислоҳотӣ супоред.

Сардор бо вай хайрухуш карда ба навбатдор фармуд, ки Ӯрунхоҷаевро аз дарвоза берун кунад…        

Солҳо сипарӣ шуданд ва ин ҳодиса онҳоро дӯст кард. Раиси номӣ ва сардори ШКД ҳар куҷо вохӯранд он воқеаи соли 1937 рӯй додаро ба ёд оварда механдиданд… 

Саидхоҷа Ӯрунхоҷаевро ҳамаи тоҷику тоҷикистонӣ медонад. Вай ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, вакили Шӯрои Олии СССР, раиси яке аз хоҷагиҳои калонтарини Тоҷикистон, сармеъмор ва бунёдгари Қасри таърихии Арбоби шаҳри Хуҷанд буд. Ҳамон қасре, ки соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гашт. Иҷлосияи тақдирсозе, ки ҳастию ҳамбастагии Тоҷикистон ҳаллу фасл ёфта буд.

Ҳамкорӣ бо Абдуғафур Самадов

Ҷанги дуюми ҷаҳон ба охир расид, аскарону афсарони шӯравӣ бо ғалаба ба зодгоҳашон бармегаштанд ва шаҳру деҳаҳои харобгаштаро ободу бунёд мекарданд, вале нафарони ҷиноятпеша ёфт мешуданд, онҳо авбошию дуздӣ карда мардумро азият медоданд. Ба муқобили чунин тоифа кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ мубориза мебурданд.

Баҳром Хоҷаев чанде пеш сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) таъин шуда буд. Ӯ вазъияти ноҳияро омӯхт ва як гуруҳ ҷавонони аз фронт баргаштаро ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ шомил намуд.  

Нарасидани оби нӯшокӣ ва полезӣ яке аз масъалаҳои душвори ноҳия ба ҳисоб мерафт. Алалхусус аввали баҳор ва тобистон ба пахтазор об намерасид ва як қисми ҳосили бо душворӣ рӯёнидаи деҳқонон талаф меёфт. Ҳар кас мехост, ки ба пахтазори ҳоҷагии худ сари вақт об диҳаду ҳосили хуб рӯёнад, вале ин душвор буд, дигарон ҳам мехостанд, ки пахтазорашонро шодоб кунанд. Ин кор баъзан бо муноқиша, бо занозанӣ анҷом меёфт.

Яке аз рӯзҳои аввали баҳор дар деҳаи Ғӯлакандоз низ чунин муноқиша рӯй дод. Деҳқонони ду бригадаи як хоҷагӣ барои об баҳс карданд. Тарафи дуюм вақти муқарраршуда, соати даҳи пагоҳӣ обро ба киштзори худ равон карданд, тарафи якум доду вой бардошт, ки чанд қитъаи пахтазор ҳанӯз шодоб нашудааст.

Инаш кори мо нест, мувофиқи рӯихат бояд соати даҳ мо обро гирем.

- Мо як хоҷагӣ дорем, чаро ғаюрӣ мекунед, ду соат сабр кунед осмон ба замин намефарояд.

- Ним соат ҳам намедиҳем, паст намеомад тарафи дуюм.

Ихтилоф ба занозанӣ гузашт ва чанд нафар захм гирифт. Милисаҳо ба маҳал рафта, онҳоро ҷудо карданд ва ба мошини боркаш ҷой намуда, ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳия оварданд. Роҳбарони кумитаи ҳизб, комиҷроия, суд, прокуратура, раёсати кишоварзӣ низ он ҷо ҳозир шуданд. Пурсуҷӯ сар шуд. Ҳар кас худро сафеду тарафи муқобилро айбдор меҳисобид. Милисаҳо бо роҳбарии Баҳром Хоҷаев онҳоро пурсуҷӯ намуда, баёноташонро мегирифтанд.

Нисфи рӯз пурсуҷӯ анҷом ёфт. Тарафҳоро ба кунҷи ҳавлӣ бурда, оштӣ доданд ва забонхат гирифтанд, ки дигар ҷангу ҷанҷол намекунанд.

Баҳром Хоҷаев ба раиси хоҷагӣ аҳамият медод, ҳар гуфтаи ӯро бодиққат гӯш мекард, як вақт бо таассуф аз дил гузаронд, ки марди ноуҳдабарост вай, агар обрӯ ва нуфуз медошт ҷанҷолро ҳамон ҷо ҳал мекард, намегузошт, ки он ба занозанӣ гузарад. Диққати сардорро марди дигаре ба худ  ҷалб кард, ки  қоматбаланду паҳлавонпайкар буд, сари калон ва синаи фаррох дошт. Бо андеша гап мезад, гуфтору рафтораш аз ботамкинию дурандешиаш шаҳодат медод.

- Ман дигар ба хоҷагӣ роҳбарӣ намекунам,- як вақт аз бом тароша афтода барин гуфт раиси хоҷагӣ. - Инҳо гапро намефаҳманд, ба ҷои ақл муштро истифода мебаранд, ба ҷои лафзи хуб алфози қабеҳро кор мефармоянд, гӯё дар ҷанг фақат занозанию ҳаққоратдиҳиро ёд гирифта бошанд. Истеъфои раис масъалаи қариб ҳалшударо ба таъхир андохт, чӣ бояд кард? Роҳбарон саволомез ба якдигар менигаристанд. Баҳром Хоҷаев пеш омада гуфт:

- Модоме, ки истеъфо додед, мо муваққатан раиси навро таъин мекунем, то маҷлиси интихоботӣ ин вазифаро ба уҳдаи Абдуғафур Самадов мегузорем.

Аҷаб таззоде, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ аз байни ин қадар одам мардеро шинохт, ки аз дигарон фарқ мекард, вай вақти муҳокимаи масъала гуфт:

- Ҳар қатраи обро эҳтиёт кардан лозим, оброни бригада шабона хоб кардааст, дар натиҷа як қитъаро об шуста рафтааст, қитъаи дуюм бе об мондааст. Агар вай бемасъулиятӣ намекард, бригадаи дуюм мувофиқи рӯйихат об мегирифт ва ҷанҷол ҳам намешуд.

Ҳамин тавр Абдуғафур Самадов аввал иҷрокунандаи вазифаи раис, дертар раиси хоҷагӣ таъин шуд. Ин роҳбари кордон, пахтакори номӣ, арбоби намоён, ду карат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, вакили Шӯрои Олии СССР Абдуғафур Самадовро нафақат дар мамлакат, балки  Иттиҳоди Шӯравии собиқ шинохтанд. Хоҷагие, ки вай роҳбарӣ мекард беш аз 30 ҳазор тонна пахта мерӯёнд, он ҷо чорводорӣ, боғпарварӣ хеле ривоҷ ёфт, роҳҳо мумфарш шуданд, иморатҳои замонавии хуштарҳи таъиноти иҷтимоӣ, тиббӣ, маорифу фарҳанг қомат афрохтанд. Деҳаи Ғӯлакандоз яке аз деҳаҳои хуштарҳи замонавӣ шуд. 

 

Ғайрат Ҳаким

Тағйироти охир Шанбе, 18 Август 2018 15:04
Хонданд 147
Баҳо диқед
(1 _)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.