.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Таърих

«Совершенно секретно»: Ҳукуматдорони шаҳри Советски вилояти Калининград ягона осорхонаи кишваршиносӣ дар минтақаро ба далели нарасидани буҷа барои нигаҳдошти персонали кории он, барҳам доданд. Шояд дар назари аввал мебояд

Хонданд 79

Ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ яке аз минтақаҳои басо хушманзараи диёр бо табиати афсункор ва мавзеъҳои барои сайёҳӣ мусоид аст. Хусусан, дар ин минтақа мавзеъҳои таърихие мавҷуданд, ки атрофашон қиссаву ривоятҳои ҷолибро метавон шунид.

Дар ҳудуди ҷамоати деҳоти «Ифтихор»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мазору мақбараи «Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ» дар баландии куҳ воқеъ гардидааст. Аз нақлу ривоятҳои халқӣ ва гуфтаҳои сокинони деҳоти Оби ошиқ, Ҷонбулоқ ва Наволик бармеояд, ки шахсияти Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ ба давраҳои қадим рафта мерасад ва бародару хоҳарони вай Хоҷа Мумин, Хоҷасартез, Хоҷа Оби Гарм, Ганҷина, Чилбибӣ ва боз чанди дигар будаанд. Ба гуфтаи пирони куҳансол, Ҳазрати Хоҷамастони Валӣ марди донишманди фозили айёми хеш ба ҳисоб рафта, чанд маротиба озими шаҳрҳои Ироқу Эрон, Мисру Ҳиндустон, Маккаву Мадина шуда, ҳаҷи Акбарро адо намуда будааст. Овозаи шуҳрати ӯро дар шаҳрҳои дигар, ба монанди Балху Нисо, Самарқанду Бухоро низ шунида будаанд.
Дар минтақаи ҷамоати деҳоти Калинин бошад, як қалъаи таърихӣ қариб 3 гектар заминро бо баландии 10-15 метр ташкил медиҳад. Аз рӯи ривоятҳои одамон маълум аст, ки гӯё пеш аз Ғалабаи Инқилоби Октябр кадом бой ё сарлашкаре бо қувваи халқ ҳамон қалъаи таърихиро бунёд карда, чанд замоне истиқомат доштааст. Тавре аз гуфтаҳои Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ва аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров медонем, одамони қадим дар баландиҳои куҳ, дар ғорҳои калон ва дар ҳисору қалъаҳо зиндагӣ мекарданд, ки қалъаи мазкур ба номи «Амир-Олимхон» ба ҳамон қалъаҳои қадима шабоҳат дорад. Ҳар сол сокинони ноҳия ва берун аз он, сайёҳони хориҷӣ, донишҷӯён болои он сайру саёҳат менамоянд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки кормандони Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳия дар бораи қалъаи зикршуда ҳуҷҷати лозима ҷамъ оварда, кор бурда истодаанд. Ҳатто сафолпораҳо, кӯзаҳои сафолин дарёфт кардаанд.
Дар ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон» қалъаи таърихӣ бо номи «Довудхон» маъруф аст. Дар замонҳои пеш аз инқилоб Бой-Довудхон қалъаро бо қувваи халқ ва сокинони қабилаҳои гирду атрофи он бунёд кардааст. Баъд номи қалъа дигар шуд, яъне «Хазинаи Довудхон». Хазина дар зери қалъа будааст. Вақте инқилоб ғалаба мекунад, Бой-Довудхон бесаранҷом гашта, як қисми хазинаро муваққатан гирифта ба ҷумҳурии ҳамсояи Афғонистон мегузарад, бо мақсаде, ки баъди хуб шудани вазъият ба қалъа бармегардад. Сипас, қалъа бесоҳиб, дар ихтиёри ду саг мемонад, ки бо навбат хазинаро посбонӣ мекардаанд. Дере нагузашта, мори азиме пайдо шуда, соҳиби асосии хазина мегардад.
Мазори «Хоҷа Абдулазиз» дар ҳудуди ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон» қариб дар 1,5 га замин ҷойгир аст. Он зиёратгоҳи дардмандону ихлосмандон хусусан дар рӯзҳои чоршанбест. Хоҷа Абдулазиз яке аз эшон - авлиёҳои замони хеш буда, тахминан дар қарнҳои 15-16 зиндагӣ кардааст. Ривоят аст, ки ҳангоми вафоташ ҷасадашро дар асп ба куҷое бурданӣ буданд, шаб дар ҷое манзил карданд, вақте рӯз шуд, ҷасади ӯро наёфтанд. Дар замини шудгоркарда ягон пайи пой ва нишонае набуд. Маълум шуд, ки тобут ба осмон рафтааст.
Боиси хушнудист, ки бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзеи “Сайёд”-и деҳоти “50-солагии Тоҷикистон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳри қадимиеро кашф кардаанд, ки аз қалъа ва шаҳристон иборат мебошад. Ин бозёфти таърихӣ барои мардуми шарифи ноҳия як муъҷизае мебошад, ки дар оянда баҳри рушди ободонии ноҳия саҳм мегузорад ва дар ин мавзеъ корҳои кофтукобӣ ҷараён дорад.
Дар теппаи аз ду ҷониб убурдоштаи рӯ ба рӯи деҳа, ки ҳудуди се гектар масоҳат дорад, ковишгарон таҳти роҳбарии бостоншинос, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ва кормандони шуъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаррух ва Муҳаммад Сафоевҳо ҳафриёт мегузаронанд. Ҳафриёт дар ду бахш: қисмати шарқӣ, ки ҳокимнишин будааст ва қисмати ғарбӣ, ки манзилҳои зистанд, анҷом ёфта, дар се бахши дигар, ки ҳамчун шаҳристон ёд мешавад, ковишҳо идома дорад. Бозёфтҳо, аз қабили хумҳо барои нигаҳдории ғалладона, олоти меҳнат, асбобҳои косибию дуредгарӣ, нигораву маснуоти заргарӣ, ҳайлакчаҳои гуногун шаҳодат медиҳанд, ки мардуми шаҳраки ҳанӯз асрори ҳастию заволаш номаълум, асосан ба кишоварзӣ, чорводорӣ машғул буда, ҳамчунин ҳунармандӣ мекардаанд.
Ба гуфтаи бостоншинос Фаррух Сафоев, «аз рӯи ҳафриёти гузаронидашуда ва бозёфтҳо пайдост, ки шаҳрак мутааллиқ ба асрҳои I то милод буда, шаҳрдорӣ то ибтидои асри III-и милодӣ давом кардааст. Бозёфти аниқ ва рушан - миҷмари роҳибон гувоҳи дар аҳди Кушониён арзи ҳастӣ доштани шаҳрак ва ба сар бурдани аҷдодони мо - пайравони оини Зардуштӣ дар инҷост».
Инчунин, дар як мусоҳиба, ки таҳти унвони «Кашф ва таҳқиқи шаҳри кушонӣ дар Сайёд» дар нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ - «Баҳористон» (№24 (7666), аз 17-уми октябри соли 2016) ба нашр расид, бостоншиносон Фаррух ва Муҳаммад Сафоевҳо аз ҷумла зикр намудаанд: «Дар натиҷаи ковиш аз ин ҳафриёт чор ҳуҷра кашф гардид, ки деворҳои онҳо аз хишти хом ва санг иборат аст. Аз дохили ҳуҷраҳо осори зиёди бостонӣ, ба гунаи ҷоми фулузӣ, кафлези биринҷӣ, сиккаҳои мисӣ, ангуштарӣ ва қисмҳои дастмонаҳои биринҷӣ, зуруфи сафолии сиҳат ва шикаста, ғармасангҳо ва дигар осори бостонӣ ба даст омаданд. Аз ҳафриёти №3 бошад, 5 ҳуҷра аз зери хок берун оварда шуд, ки деворҳои он низ аз хишти хом, похса ва санг эъмор шудааст. Аз 5 ҳуҷраи мавриди таҳқиқ қароргирифта аён мегардад, ки дутои он ба ҳайси анбор истифода мешудаанд, зеро аз дохили онҳо ду хум ва як адад миҷмар ва теъдоди зиёди ғармасангҳо ёфт гардид. Метавон ҳадс зад, ки хумҳоро барои нигаҳдории об ва ғалладона истифода мекарданд. Ҳуҷраи сеюм шояд маҳали зист будааст, чунки аз дохили он 14 адад сиккаҳои Ҳерай, Вима Такту, Вима Кадфизис ва Канишкаи Кабир ёфт шуданд. Дар қиболи онҳо ангуштариҳо, қисматҳои дастмонаҳои биринҷӣ ва муҳраҳои сангӣ низ ба даст омаданд. Ҷолибтарин ковишро метавон дар мисоли ҳуҷраи 4-ум номид, зеро аз дохили он ашёи фаровон, ба мисли ду корди оҳанӣ, кафлези биринҷӣ, як адад асбоби номаълуми фулузӣ, дукҳои сангӣ ва гилӣ, кӯзаҳои хурд, ҳайкалчаи шикастаи шутур, буҷулҳо тақрибан 50 адад, ғармасангҳо ва ғайра ёфт шуд. Як гӯшаи ҳуҷраи панҷум бошад, ҳанӯз таъиноташ номуайян боқӣ мондааст. Қабатҳои маданӣ пас аз умқи 2,4 м ба охир расида, материк оғоз мегардад, яъне ҳуҷраҳо дар болои материк сохта шудаанд. Аз таҳқиқи ёдгорӣ ва осори бадастомада, хусусан сиккаҳо, метавон хулоса кард, ки шаҳр марбути давраи шоҳаншоҳии Кӯшониён мебошад».
Ба ҷуз ин, дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ёдгориҳои дигаре низ мавҷуданд. Масалан, мадраса дар майдони 1,5 га. Харобаҳои қадима ва ҳафт тоқчахона боқӣ мондааст. Мадраса мавзеест, ки ба асрҳои 12-18 тааллуқ дорад. Азбаски мадраса дар баландии куҳ ҷойгир аст, омӯзиши он душвор мебошад.
Дигар, «Каҷкамар» - ғори калони куҳан, ки аз замонҳои хеле қадим то ҳол боқист. Аз рӯи ривояти истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти «50-солагии Тоҷикистон» Боймуродов Ашӯр бармеяод, ки дар солҳои қадим одамони як қабила дар ин ҷо зиндагонӣ мекарданд. Вай оид ба масоҳати он ғор гувоҳӣ додааст, ки соли 1951-ум бо 1000 сар гӯсфанд чанд моҳи зимистонро дар он ҷо гузаронидааст.
Боз, Холмурод-теппа, дар ҷамоати «50-солагии Тоҷикистон». Ривоят аст, ки дар замонҳои қадим шахсе бо номи Холмурод он мавзеъро бунёд кардааст. Ин теппа то ҳол харобаҳо дорад. Чанд бор одамон аз он ҷо кӯза ва дигар ашёҳои сафолӣ ёфтаанд. Дар он ҷо чашмаи қадима бо номи «Оби Кучар» воқеъ аст.
Дар куҳҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ чашмаҳои зиёде бо номи «Оби буган», «Оби Наволик», «Оби бодом», «Оби заранг», «Челон», «Заранбулоқ» ва ғайра вуҷуд доранд. Масалан дар қарни гузашта пири куҳансоле бо номи Бобои Кучар дар ҳудуди деҳаи қадимаи Ҷонбулоқ аз замини намнок дар натиҷаи кандан чашмаеро меёбад, ки то ҳол ҷорист. Ин чашмаи куҳӣ бо номи «Оби Бобои Кучар» то ҳол боқист.
Хуллас, мавзеъҳои таърихиву дидании ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ камназиранд ва ҳар як меҳмону сайёҳе, ки вориди ин ноҳияи сарсабз мегардад, ҳатман барои тамошои онҳо ва бохабар гаштан аз таърихи куҳани ин диёр иштиёқ пайдо мекунад.

«САМАК»

Хонданд 406

Аз нуқтаи назари муаррихон, калимаи Ғозималик аз ду қисм иборат аст: Ғозӣ - калимаи арабӣ буда, ба касе нисбат дода мешавад, ки дар роҳи ислом мубориза бурда буд. Маънои калимаи Малик - «Султон», «Шоҳ» мебошад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки Ғозималик ободкунандаи ҳамин диёр буда, таърихан ин диёр ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Дар имрӯза ноҳияи Хуросон ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асри 1-3-юми пеш аз милод аз давраи Кушониён (фарози назди деҳаи Сарбанд, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа) дарёфт гардида, дар он 800 адад нигораҳои таърихӣ аз давраҳои асри сангин мерос монда, дар осорхонаи мактаби №14-и ноҳия нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асрҳои миёна аз оромгоҳи уламои шариат Таъба Тобеин (аз деҳаи Тобини Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод), ки зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он мебошад, бозёфт гардидааст.

Қалъаи Ғозималик
Дар баландии қаторкуҳи Ғозималик аз тарафи шимол ба шимолу ғарбии деҳаи Куҳичим чанд қалъа бо номи қалъаи Гусар, қалъаи Ғозималик (Чилтан), қалъаи Дустак ҷойгир шудаанд. Деҳаи Кучим 9 километр дуртар аз тарафи шимолу ғарбии Обикиик воқеъ гаштааст. Қалъаи Ғозималик аз рӯи масоҳаташ аз ҳама калон мебошад. Он аз тарафи шимолии қаторкуҳи Ғозималик дар баландии 1700-1800 метр ҷойгир мебошад. Сатҳи болои қалъа майдонча, ки якумаш 20х20 метр ва сатҳи шимолиаш 2 метр баландтар буда, масоҳаташ 15х15 метрро ташкил менамояд. Аз тарафи шимолии он зиёда аз 2,5 метр пасттар аз сатҳи баландаш ба андозаи бештар аз 30 метр ҳамвории байзашакли баромада, ки бараш 6 метр тӯл кашидааст. Тарафи ҷанубӣ-шарқӣ бошад, ба андозаи 1,5 - 2,5 метр пасттар буда, дар он низ баландии байзашакл ба назар мерасад, якумаш зиёда аз 3,00х5,00 метр ва дуюмаш бошад, 20х10 метр буда, аз шимол ба ҷануб тӯл кашидааст. Дар самти болои қалъа шакли сохтмон ба назар мерасад. Аз тарафи ҷанубӣ 10 метр пасттар аз сатҳи болои қалъа ба тарафи ҷангал ғори бо номи Чилтан ҷой гирифтааст. Он ба ғайр аз айвон (2,40х1,50 метр) миёнасаро (3,40х2,40) аз тарафи шимол миёнасарои як хона (1,40х11,00метр), долон аз тарафи ғарб аз миёнаайвон (1,40х9,40) ва ду хонача иборат мебошад. Дар охири долон хонаи росткунҷа (1,40х5,00 метр) аз ҷануб ба шимол ҷойгир шудааст. Баландӣ аз хонаи шимол то айвони ғарбӣ ҷойгирбуда 2,5 метр, аз фарш то боло 1,45 метр аст. Қисми ғарбӣ, ҷанубӣ ва шимолии қалъа баландии байзашакл буда, аз зерасос 80 метр мебошад. Дар қисми ғарбӣ ва шимолу ғарбии он работ (корвонсарой) ҷойгир буда, аз самти шарқ нишебии 300 метр ба ғарб мазор ҷойгир шудааст. Дар байни қалъа ва самти рост ҳамвории васеъ домон паҳн намудааст, ки мумкин аст ҷои ҷамъшавии бошандагони қалъа будааст.
Дар вақти низоъҳо ва ташаккулёбии ҳукмронии амирони манғитӣ, ки аз нимаи дуюми асри XVIII оғоз меёбад, сокинони муқимӣ барои муҳофизати худ манзилҳояшонро тарк карда, ба қалъаҳо паноҳ меовардаанд. Қалъаи Ғозималик яке аз онҳост.

Шаҳрчаи Ҳалқаҷар
Ин шаҳрча дар аввали пайдоиши давлати Кушониён сохта шуда, тамоми биноҳояш ба он давра мансубанд. Аввалин сохтмони шаҳр аз давраи Кудҷула Кадфиз оғоз меёбад. Шаҳрча дар шафати деҳаи Сарбанд ҷойгир буда, он давраҳо онро аз тарафи шимолу шарқӣ дарёи Вахш, аз ҷануб сойи баланд ҷудо карда, қисми ғарбиашро девори баланди хиштин иҳота мекардааст. Масоҳати шаҳрча тахминан 3-4 гектар буда, гирду атрофи он аз 1000 гектар зиёд буда, 25 деҳаи хурдро дар бар мегирифтааст. Худи шаҳрча маркази иқтисодию сиёсӣ ба ҳисоб мерафт. Дар шаҳрча хумдони калон, ибодатхонаи ҳаҷман 30х40 метр, дӯконҳои бофандагӣ, заргарӣ ва пулсикказанӣ ҷойгир буданд. Сокинони шаҳрча бо роҳи хушкӣ ва обӣ ба дигар шаҳрҳо алоқа доштанд. Аз эҳтимол дур нест, ки маҷрои дарёи Вахш дар даврони гузаштааш ба маҷрои ҳозирааш не, балки ба назди шаҳрчаи имрӯзаи Хуросон (Уялӣ) мегузашт. Тахмин аст, ки ин маҷро тезобии обро нигоҳ дошта, барои заврақронӣ мусоидат мекард. Тангаҳои аз шаҳрча ёфтшуда давраи Кушонӣ буда, ба тангаҳои ёфтшудаи аҳли Кушонии Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна монандӣ доранд.
Ҳалқаҷар ёдгории машҳури тарихиест дар ноҳияи Хуросон, ки ба давраи кушониёни бузург, ба асрҳои II-III-и милодӣ тааллуқ дорад. Шаҳристони мазкур дар тарафи рости шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, дар назди фарози мавзеи Сарбанд, болои теппа воқеъ аст. Аслан ба мавзеи имрӯзаи Уялӣ (деҳаи Хуросон) бодиққат назар андозед, бараъло мебинед, ки он дар гузаштаи қадим ҷои об будааст. Рӯди Вахш таг-таги теппаҳои имрӯза ҷараён дошт ва аз ин ҷиҳат қасру кӯшк ва қалъаҳоро низ дар лаби дарё месохтанд. Бо мурури замон дарё маҷрои худро дигар карда, алҳол қариб ду фарсах дуртар аз он куҳандиз ҷорист. Дар Ҳалқаҷар бостоншиносон ковишҳои зиёде гузаронида, осори зиёди пурқимате дарёфт намудаанд.
Дар бораи Ҳалқаҷар, аҳамияти он Бобоҷон Ғафуров дар асараш «Тоҷикон» низ маълумот додааст. Қобили қайд аст, ки шогирдони муссисаи таълимии №14 бо сарварии муаллими фанни таърих Бобоҷон Раҷабов чандин сол аст, ки ёдгории мазкурро ба сарпарастӣ гирифтаанд ва аз ҳисоби бозёфтҳои худ дар мактабашон осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ таъсис додаанд. Ба хидмати муаллим ва шогирдонаш бостоншинос, доктори илмҳои таърих, академик Б. Литвинский баҳои баланд додааст.

Муҷасамаи зану мард бо ситораҳо
12-уми апрели соли 1961 инсон бори нахуст ба кайҳон парвоз намуд. Ин ба Юрий Алексеевич Гагарин муяссар гардид. Олимону муҳандисони соҳаи кайҳоннавардӣ ба оламу оламиён қудрати шуури инсоро нишон доданд ва бо ин ба хулосае омаданд, ки на танҳо қуллаҳои баланди сайёра, қаъри уқёнусу баҳрҳо ва ғорҳои беканор, балки инсон метавонад фазои сайёраи Замин ва коинотро тадқиқ кунад. Имрӯзҳо бо тараққиёти чунин техникаи муосир ва технологияи давраи панҷум мо шоҳиди он ҳастем, ки инсоният дар бораи дигар ситора ва сайёраҳои системаи офтобӣ галактикаро аз худ карда истодааст. Ба хотири тараққиёти инсоният дар соҳаи кайҳоншиносӣ соли 1972-1973 дар яке аз мавзеъҳои баланд (1500 метр аз сатҳи баҳр) ва зебои ноҳияи Хуросон, ки номи Фахрободро гирифтааст, муҷассамаи «Зану мард бо ситорагон»-ро бунёд карданд. Баландии муҷассама 12 метр буда, дар майдони 0,01 га сохта шудааст.

Муҷассамаи «Водии Вахш»
Аз давраҳои қадим бошандагони ин водӣ ба кишоварзӣ машғулияти васеъ доштанд. Гувоҳии ин нуктаҳо дар китоби «Тоҷикони»-и Бобоҷон Ғафуров дарҷ гаштааст: «Каналҳои қадимаи давраи кушониён дар хоки Тоҷикистон ҳам масалан дар водии Вахш ёфт шудаанд. Барои обёрӣ на фақат оби дарё, балки оби чашмаҳо низ, ки дар он давра бешак хеле бисёр буданд, истифода мешуданд. Масалан, дар шимоли водии Вахш заминҳо асосан аз канали дарёи Вахш об мехӯрданд, вале якчанд манзилҳо, масалан Ҳалқаҷар қарибии посёлкаи Уялӣ аз дарё хеле боло ҷой гирифта буд, ки ҳозир ба инҷо фақат ба насос об мебароранд. Дар давраи кушониён тамоми заминҳои ин манзилҳо аз оби чашмаҳои ин манзилҳо, аз оби чашмаҳои куҳӣ шодоб буданд».
Майдонҳои васеъ ва корами ин диёрро ба назар гирифта, солҳои 1970-1972 аз маҷрои дарёи Вахш ба заминҳои имрӯза ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ канали обӣ барпо намуданд, ки то ҳол аз он истифода мебаранд. Ба ин хотир, соли 1972 дар баландии деҳаи Хуросон (Уялӣ) муҷассамаи «Вахшская долина» барпо карда шуд. Баландии муҷассама 6 метр ва паҳноияш 18 метрро ташкил медиҳад.

Хонданд 355

Чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ

Март 03, 2018
Диданд: 459

«Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ - ҳомии адабиёт ва фарҳанги миллӣ

Дар саромади маданияту фарҳанги миллии ҳар як халқи ҷаҳон ашхоси заковатманде қарор мегиранд, ки пайдоиш ва тараққии он бо номи пуршарафи онҳо зич алоқаманд аст. Фарзанди фарзонаи барӯманди миллати тоҷик, олим, шоир, адабиётшинос, забоншинос, мунаққид Садриддин Айнӣ яке аз чунин ходимони барҷастаи фарҳанги мардуми тоҷик буда, дар кори ба вуҷуд овардани адабиёти миллӣ хизмати бузург анҷом додааст.
Устод Айнӣ дар саҳифаи таърихи адабиёти тоҷик ба сифати чеҳраи фарҳангии сермаҳсул шинохта шудааст. Таҳқиқи зиндагиномаи С. Айнӣ ва осори таърихию илмӣ ва адабии ӯ собит месозад, ки бо вуҷуди ҳама душвориҳо тавонист адабиёти беш аз ҳазорсолаамонро ҳифз намояд. Албатта, ҳар бузург ва донишманд дар таърихи миллат мақоми худро дорад ва ҳеҷ кадоми онҳо фаромӯш намешаванд, аммо устод Айнӣ бидуни муболиға, чеҳраи нотакрор ва ҷовидонӣ мебошад. Ба қавли донишманди маъруф ва саршинос Худойназар Асозода: «Садриддин Айнӣ бо осораш баҳреро мемонад бекарон. Ҳарчи қадар, ки аз ӯ фосила бештар мешавад, ба ҳамон андоза ба таъкидҳои ӯ эҳтиёҷ бештар пайдо менамоем. Таҳқиқи ҳаёт ва фаъолияти ин равшангари бузург касро ба чунин хулоса меорад, ки ӯ ҳар коре, ки анҷом медод, ба хотири дифоъ аз арзишҳои фарҳангии миллат ва пайвастани он ба таърихи адабиёту фарҳанги муосири миллати тоҷик будааст».
Як нуктаи муҳимро бояд зикр кард, ки устод Айнӣ аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ менамояд. Аммо дар он замон ин ҷумҳуриро давлати сирф тоҷикӣ номидан душвор буд, зеро дар тобеияти Ҷумҳурии Сотсиалистии Ӯзбекистон расмият дошт. Афроди барӯманди миллатро зарурат пеш омада буд, ки барои дар оянда Ҷумҳурии Мухторро ба як ҷумҳурии комили миллӣ табдил додан, пеш аз ҳама, таърихи қадима доштани мардуми тоҷикро бояд бо далелҳои таърихӣ ва илман асоснок исбот менамуданд. Барои ҳамин ҳадафи стратегиро бароварда сохтан устод Айнӣ ба навиштани китоби сарнавиштсози миллат - «Намунаи адабиёти тоҷик» мепардозад ва онро 12-уми октябри соли 1925 ба итмом мерасонад. Ин китоб ҳаёт ва фаъолияти 220 нафар шоирону адибони форсзабони Мовароуннаҳрро аз давраи сулолаи Сомониён то бист соли аввали асри 20 дар бар мегирад. Бо навиштани ин китоб С. Айнӣ мавҷудияти таърихии миллати тоҷик ва адабиёту фарҳанги онро бо услуби илмӣ ва таърихӣ исбот менамояд. Аз ин хотир «Намунаи адабиёти тоҷик» баъд аз он ки бо ибтикори Абулқосим Лоҳутӣ соли 1926 дар шаҳри Маскав, дар «Нашриёти Халқҳои Шарқ» ба табъ расид, ҳамчун шиносномаи миллат маъруфият пайдо кард. Маҳз ҳамин асар боис гардид, ки соли 1929 барои таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ омода гардид. Баъд аз ба табъ расидани ин асар дар атрофи он муборизаи шадиди муғризонаву сиёҳкорона аз ҷониби мутаассибони миллатгаро шуруъ гардид. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда шахсияте чун О. Знаменский (ки намояндаи Вазорати умури хориҷаи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар Ӯзбекистон буд) ва баъзе ховаршиносони машҳури давраи Шӯравӣ аз он дифоъ карданд. Китоби мазкур маҳсули ҷустуҷуҳои идеявии шахсе буд, ки ба шарафи сохт ва ҷаҳонбинии нав ба сафи пеши муборизаҳои адабӣ ва фарҳангӣ гузашт, ки ин аз ҷиҳати муаррифӣ кардани идеологияи миллӣ моҳияти бузург дошт.
Аслан С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро барои собит кардани заминаҳои ҳассоси таърихӣ доштаи афкори адабиву маънавии халқи тоҷик навишт. Ин нуктаро устод Айнӣ дар сарсухани ба «Намунаи адабиёти тоҷик» навиштааш чунин шарҳ медиҳад: «Баъд аз таъсис ва барпо шудани ҳукуматҳои миллӣ дар Осиёи Миёна Ҳукумати ҷумҳурияти мухтори Тоҷикистон дар аввалин фурсат хост, ки маҷмуае бо номи «Намунаи адабиёти тоҷик» нашр кунад. Дар ин маҷмуа натанҳо осори адибони муосир, ё ин ки шеърҳои инқилобии шоирони ҳозираро, балки порчаҳои адабии шоирон ва муҳаррирони тоҷикро, ки аз замони қадим то ҳол дар Туркистон ва Мовароуннаҳр ба табъ расидаанд, дарҷ кунанд. Бад-ин васила номи гузаштагонро зинда ва ҷавононро ба адабиёт ташвиқ намоянд».
Зимнан, бояд тазаккур дод, ки ин китоб дар ҳамон замон аҳамияти калони таърихӣ, илмӣ, адабӣ, фарҳангию сиёсӣ дошт ва бесабаб набуд, ки ба он пантуркистон ва душманони фарҳанги миллии тоҷикон, онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд, борҳо ҳуҷум карда буданд. Худи устод Садриддин Айнӣ ин воқеаро чунин ёдовар мешавад: «Ин асар дар замони худ ба фоидаи сиёсати миллӣ роли калон бозӣ кард. Чунки дар он вақтҳо пантуркистон ба муқобили тақсимоти миллӣ иғво паҳн мекарданд ва ин сиёсати миллии партияро порча-порча кардани «туркҳо» мешумурданд ва бар зидди барпо шудани Ҷумҳурияти Советии Тоҷикистон бошад боз ҳам сахттар иғво паҳн мекарданд: «дар Осиёи Миёна тоҷик ном халқ нест, инҳо ҳамон ӯзбеконанд, ки бо таъсири эрониён ва мадраса забони худро гум кардаанд» мегуфтанд”.
Аммо ин асари муҳим ва фундаменталӣ - «Намунаи адабиёти тоҷик» бо далелҳои илмию таърихӣ пардаи он иғвогаронро дарронид ва ба даҳони онҳо муҳри хомӯшӣ зад. Ин гуфтаҳо худ гувоҳи қимати бузурги таърихӣ доштани асари мазкур мебошанд.
Аҳамияти дигари «Намунаи адабиёти тоҷик» дар он аст, ки он бо пешгуфтори Абулқосим Лоҳутӣ ва сарсухани худи муаллиф оғоз мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар пешгуфтор Лоҳутӣ нахустин маротиба дар бораи устод Айнӣ ва нақши калидӣ доштани ӯ дар адабиёту фарҳанги тоҷик баҳои сазовор додааст. Лоҳутӣ заҳмати Садриддин Айниро дар таълифи ин асари таърихӣ чунин таъкид менамояд: «Моҳи августи соли 1925 дар шаҳри Самарқанд ба зиёрати фозили муҳтарам ноил шудам. Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд ва нусхаҳое дар даст дошт, ки менавишт. Он ҳамин «Намунаи адабиёти тоҷик» буд… ба фикри ман. «Намунаи адабиёти тоҷик» беҳтарин намунаи сайри тараққии адаби тоҷикон аст. Устод Айнӣ барои ёфтани баъзе аз нусхаҳои хаттии шоирони тоҷик басо рӯзҳо, ки дар ба дар ва кӯча ба кӯча рафта, то онро ёфта ва ба даст оварда ва дар натиҷа, заминаи ҳозирӣ таҳлилоти адабӣ ва фарҳангии тоҷиконро омода намуд…».
Дар ҳақиқат, хизмату заҳмати устод Айнӣ дар таълифи «Намунаи адабиёти тоҷик» хеле бузург аст, зеро ӯ бори нахуст дар ин асар аз осори одамушшуаро Рӯдакӣ оғоз карда, то ҷавонтарин шоири пас аз инқилоби тоҷик, яъне мероси ғании ҳазорсолаи мардуми моро мувофиқи манфиатҳои миллӣ ва идеологияи миллӣ аз назари мундариҷаи халқӣ ва гуманистии онҳо баррасӣ намудааст. Ҳамчунин ба воситаи он исбот намуд, ки миллати шарафманди тоҷик таърихи ғанӣ ва тӯлонӣ, маданияти бой, урфу одати ба худ хос дошта, аз халқҳои бостонии Мовароуннаҳр мебошад.
Гузашта аз ин, устод Айнӣ хоксорӣ карда, асари пурқиммати навиштаашро «Намуна» ва худро «ҷомеи китоб» ном мебарад, вале дар он усули таърихияти амиқ, баҳо ба истеъдоди адиб ва вазъи иҷтимоию сиёсии давраҳо ҳамеша дар мадди назари ӯ будааст ва ин аз чашми хонандаи ҳушманд дур намемонад.
Тартиб ва банду басти «Намунаи адабиёти тоҷик» низ ҷолиби диққат мебошад. Он ба шарҳи аҳволу осори адибони Туркистон ва Мовароуннаҳр маҳдуд намешавад. Айнӣ баробари гирд овардани намунаҳо ва маводҳои аз ҳаёти адибони гузашта, онҳоро аз рӯи мақомашон дар оғози адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ва марҳилаҳои инкишофи он, давраҳои муҳими ғановати мазмуну шакл ва мавқеи симоҳои барҷастаи ин адабиёт танзим додааст. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тадқиқот ҳисоб намекунад, вале тамоми ин асар аз меъёри илмӣ ба вазъи умумии адабиёт, ба осори алоҳида ва эҷодиёти адибони ҷудогона ҳамчунин баррасии масоили назарӣ оид ба вазн, қофия ва жанрҳо ба тартиб омадааст, ки нишони дақиқкории муаллиф мебошад.
«Намунаи адабиёти тоҷик» аз се қисмати бузург иборат мебошад. Қисми аввал аз соли 912 сар карда то соли 1796-ро фаро мегирад, ки он тарҷумаи ҳол, мероси адабии зиёда аз 80 адиб, аз Рӯдакӣ то Миробид Сайидои Насафиро дар бар мегирад. Хулосаи муҳиме, ки аз маводи ин қисмат бармеояд, он аст, ки дар саргаҳи адабиёти форсу тоҷик Рӯдакӣ меистад ва саргаҳи ин адабиёт Мовароуннаҳр буда, дар пайдоиш ва ташаккули он саҳми мавқеи ниёгони мо хело бузург аст.
Устод Айнӣ қисмати дуюми «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро ба аҳди охир, яъне ба адабиёти охирҳои асри 18 ва то соли 1905 бахшида, дар он 132 адибро зикр кардааст, ки бештар дар сабку услуб ва анъанаҳои адабиёти гузашта асар эҷод кардаанд. Аз қабили Шамсиддин Шоҳин, Туғрал, Саҳбо, Возеҳ, Садри Сарир ва ғайра.
Қисми сеюми «Намунаи адабиёти тоҷик» аз бисёр ҷиҳатҳо ҷолиби диққат мебошад. Аввалан, дар он намунаҳои осори шоирони ҷадид аз соли 1905 то 1925 дохил шудаанд ва устод онро ба ду давра - солҳои 1905-1917 ва солҳои 1917-1925 тақсим намудааст. Садриддин Айнӣ дар ин қисмат дар бораи 13 адиб маълумот дода ва намунае аз осори онҳоро барои мисол овардааст. Бояд зикр кард, ки давраи дуюми марҳилаи сеюм адабиёти инқилобии тоҷикро дар бар мегирад, ки дар он асарҳои худи устод Айнӣ, Лоҳутӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Авҳадӣ, Ҷавҳарӣ ва дигар адибони забардасту мӯшикоф ҷой дода шудаанд. Чун дар дигар қисматҳо намунаҳои аввалини осори адибонро Айнӣ чун мунаққиди варзида ва нуктасанҷ баҳо медиҳад, ҷойгоҳи онҳоро дар адабиёт муайян менамояд ва ҷавонони ҳушмандро ба майдони адабиёт раҳнамун месозад.
Ҳамин тариқ, «Намунаи адабиёти тоҷик» баробари аҳамияти таърихӣ доштан ба инкишофи фарҳанг, забон ва назарияи адабиёти тоҷик низ мусоидати комил кардааст. Комёбиҳои илми адабиётшиносӣ , забон ва фарҳанги асили мардуми тоҷик аз шинохти ин асари таърихӣ оғоз мегардад. «Намунаи адабиёти тоҷик» як шиносномаи миллати тоҷик дар роҳи расид ба ормонҳои миллии ин халқи озодандеш маҳсуб мегардад. Садриддин Айнӣ то поёни умри бобаракати хеш дар ҷодаи дифоъ аз арзишҳои фарҳангии миллати тоҷик қарор дошт ва абармардонеро чун Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва садҳо фарзандони фарзонаи ин миллатро, ки дар тӯли таърих барои башарият хизматҳои босазо кардаанд, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Абдувалии МИРЗОМУДДИН,
корманди Вазорати фарҳанги ҶТ

Хонданд 459

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.