.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Таърих

ҲАҚИҚАТИ РӮЗИ ОШУРО

Окт 02, 2017
Диданд: 758

Таърихчаи Ошуро

Ошуро дар таърихи Ислом ба ду қиссаи воқеӣ, яке қадим ва дигаре нисбатан ҷадид иртибот мегирад, ки ҳардуи он ба бани Исроил тааллуқ доранд. Замоне зулму ситам ва такаббури Фиръавн боло гирифту аз ҳад гузашт, ҳазрати Мусо (а) қавмашро ҷамъ намуду қасди аз он минтақа бароманро кард. Фиръавн бошад, зулму ситам ва қаҳру ғазабашро нисбати мусалмонон шиддат бахшид ва онҳоро мавриди таъқиб қарор дод. Дар он асно аз осмон ваҳй нозил гашту Худованд ба Мусо амр дод, ки бо асояш ба дарёи Нил бизанад. Ин воқеаро Худо дар Қуръон чунин зикр намудааст. “Пас мо ба Мусо ваҳй кардем, ки асои худро ба дарё (Нил) бизан, чун зад, дарё шикофт ва оби ҳар қитъаи дарё монанди куҳи бузург ба рӯи ҳам қарор гирифт” (Сураи Шуъаро, ояти 63).
Чи гунае Қуръон ба мо хабар додааст, Мусо амри парвардигорашро иҷро намуда, бо асои дасташ ба дарёи Нил задааст, ки он ба дувоздаҳ қисмат ҷудо гашта, ба мисоли куҳҳои азими сар ба фалаккашида қомат афрохтааст. Мушоҳидаи чунин як муъҷизаи бузурги илоҳӣ барои Фиръавни тоғӣ дарси ибрат нагашт, ӯро аз роҳи инҳирофаш боз надошт, балки зулми ӯ даҳчанд боло рафту хост садди роҳи Мусо ва қавмаш шавад. Дар натиҷа Худованди қодир аз усули дигар кор гирифту Фиръавн ва кулли пайравонашро ба дарё ғарқ намуда, ҳалок кард ва ҳазрати Мусоро бо қавмаш аз шарри Фиръавн наҷот бахшид. Вобаста ба ин Худо мефармояд: “Ва албатта мо бани исроилро аз азоби зиллат ва хорӣ наҷот додем” (Сураи Духон, ояти 30). Ана ҳамин воқеаи таърихӣ дар рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам ба вуқуъ пайвастааст. Пасон бани Исроил он рӯзро ҳамчун рӯзи озодӣ ва наҷот аз як абарқудрате, ки даъвои худоӣ дошт ва мехост иҷборан мардумро бандаву мутеи худ созад, ҷашн гирифтанд ва барои миннатгузорӣ ва шукру сипос ба даргоҳи Худо он рӯзро рӯза доштанд.
Қиссаи дуюмро аз ҳадиси ривоятнамудаи Ибни Аббос (р) метавонем дарк намоем. Ӯ ривоят мекунад, ки, “Замоне расули Худо (с) ба мадинаи мунаввара омаданд, яҳудиҳоро диданд, ки онҳо рӯзи ошуроро рӯза медоранд. Паёмбар (с) аз онҳо суол карданд, ки ин чӣ рӯз аст? Онҳо гуфтанд, ин рӯзи хуб аст, рӯзе аст, ки Худованд бани исроилро аз душманаш наҷот додааст. Пас ҳазрати Мусо ин рӯзро рӯза доштааст, мо низ рӯзааш медорем. Паёмбари Худо ба онҳо хитоб намуда, гуфтанд, ки “Ман аз шумо дида ба Мусо ҳақдортарам. Пас Паёмбар (с) он рӯзро рӯза доштаанд ва дигаронро ба рӯза доштани он рӯз амр намудаанд” (Ривояти Бухорӣ).
Ҳақиқати таърихии рӯзи Ошуро аз доираи ин ду ривояти саҳеҳ берун нест, ки кулли уламои аҳли суннат ва ҷамоат бар он иттифоқи назар доранд ва ба воқеияти таърихии он баҳои саҳеҳ додаанд. Аммо бо гузашти фосилаҳо ва ривоҷи мазоҳиб атрофи ин падидаи таърихӣ хурофот ва амалкардҳое ба миён омадаанд, ки аз ибтидои мавҷудияташон то ба имрӯз зери тозиёнаи танқиди муҳаққиқони соҳа қарор гирифтаанд.

Рӯзаи Ошуро
Аз Абуқатода (р) ривоят аст, ки “Расули Худо (с)-ро дар бораи рӯзаи Ошуро пурсиданд, ӯ дар ҷавоб гуфт: рӯзаи Ошуро яксола гуноҳони гузаштаро маҳв хоҳад намуд” (Ривояти Муслим). Муҳаққиқон таъкид ба амал меоранд, ки қабоили араб қабл аз Ислом рӯзи ошуроро рӯза медоштанд. Паёмбар (с) низ пеш аз он ки ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат намуд, дар Маккаи мукаррама рӯзи Ошуроро рӯза медошт. Ӯ рӯзаи ин рӯзро аз яҳудиҳо наомӯхтааст, балки ин бо ваҳй ва ё иҷтиҳоди паёмбарӣ сурат гирифтааст. Гарчанде ин қазия бо дидани яҳудиҳо тавъам омадааст, аммо ин ба муҷарради хабари яҳудиҳо набуд. Вобаста ба рӯза доштани Паёмбар (с) рӯзи ошуроро уламо чаҳор ҳолатро зикр намудаанд. Якум: расули Худо (с) ин рӯзро дар Макка рӯза медоштанд, аммо дигаронро ба рӯза доштан амр намефармуданд. Дуюм: вақте ба Мадина омаданд ва диданд, ки аҳли китоб он рӯзро рӯза медоранду таъзимаш мекунанд, дӯст доштанд, ки дар ин кор бо аҳли китоб мувофиқати хешро изҳор намоянд ва ба рӯзаи он пайравонашро амр кунанд. Сеюм: замоне, ки рӯзаи моҳи рамазон фарз гашт, таъкиди хешро нисбати рӯзаи Ошуро тарк намуданд ва онро ба дараҷаи мустаҳаб фароварданд, чунки як моҳи расо рӯза доштан фарзи қатъӣ гашт. Чаҳорум: дар охири умри худ ба хотири мухолифат ба аҳли китоб азм намуданд, то як рӯзи дигар ба рӯзаи Ошуро зам намоянд. Паёмбар (с) таъкид намуда буданд, ки “Агар ман то соли дигар умр ба сар барам, ҳатман рӯзи нуҳуми муҳаррамро низ рӯза медорам” (Ривояти Муслим). Шореҳону муҳаққиқони ҳадис ин масъаларо ба ду ҷанба эҳтимол додаанд. Якум ин ки шояд расули Худо (с) мехост соли оянда рӯзи даҳуми муҳаррамро ба рӯзи нуҳум иваз намояд. Дуюм, шояд мехостанд ба рӯзи даҳум рӯзи нуҳумро низ зам намоянд. Вақте ӯ худ ин масъаларо баён накарда аз олам гузаштанд, уламо хулоса намудаанд, ки эҳтиётан рӯзи нуҳуму даҳумро рӯза доштан беҳтару авлотар аст. Бинобар асоси ин андешаҳо рӯзаи Ошуро ба се мартаба тақсим шудааст. Якум, танҳо рӯзи даҳуми муҳаррамро рӯза доштан, дуюм рӯзи нуҳум ва даҳумро бо ҳам рӯза доштан. Сеюм, рӯза доштани рӯзи нуҳум, даҳум ва ёздаҳум.
Умуман, метавон таъкид кард, ки Паёмбар (с) рӯзаи ин рӯзро бо пайравӣ аз яҳуд машруъ нагардонидааст, чунки қабл аз он он рӯзро рӯза медошт. Дигар ин ки, ин қазия дар як ҳолате ба вуқуъ пайваста буд, ки вобаста ба авзои сиёсии замон Паёмбар (с) дӯст доштанд, ки дар ин қазия бо яҳудиҳо мувофиқат кунанд ва дар ин мувофиқат ӯ аз ҷониби Аллоҳ манъ карда нашуда буд.
Таъкид бояд кард, ки мухолифати Паёмбар (с) бо яҳудиҳо дар ин масъала ба мо миллати Ислом як дарси бузургеро талқин мекунад. Гӯшзад мекунад, ки мусалмонон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Дар замоне, ки фитнаву найранги яҳуд ва душманони Ислом аз ҳадду марзҳо убур кардааст, дунёи ғарб мехоҳад бо фарҳангу тамаддунаш вориди тамоми кишварҳои мусулмоннишин гардад, ҳаддалақал мусалмонон тариқаи мухолифатро бояд таълим бигиранд ва ба кулли андешаҳову авомири яҳуд лаббайк нагӯянд.
Умуман, рӯзаи Ошуро бо таъкид мустаҳаб аст, дар фазилату савоби он ҳадисҳои фаровон аз расули Худо (с) ривоят шудаанд ва месазад, ки ҳар мусалмон аз савоби он бархӯрдор гардад.

Хурофоти Ошуро
Он чӣ дар муқаддима зикр гашт, воқеияти таърих аст. Таърих ба мисли оинаест, ки ҳақиқати тамоми чизро дар худ бехато инъикос менамояд. Бо мурури замон ҳеҷ нафар ва ҳеҷ мазоҳибу равияҳо натавонистаанд бори дурӯғро ба пойи таърих занҷир бизананд. Агар ин корро карда бошанд, пас бешубҳа оинаи таърих онро дар сурати ҳақиқияш ҷило додааст, ки аз касе пӯшида намемонад. Вобаста ба рӯзи Ошуро низ бо гардиши айём бидъатҳо ва хурофотҳои бешумор рӯи кор омад. Пас аз даргузашти ҳазрати Муҳаммад (с) нисбат ба рӯзи Ошуро суннат якмаром ва бе каму кост идома ёфт ва ин ҳолат то замони ҳукмронии Язид - писари Муовия буд. Дар соли 61-и ҳиҷрӣ миёни лашкари Язид ва лашкари Ҳусайн набарде ба амал омаду натиҷа ба қатли Ҳусайн анҷомид. Уммати исломӣ ин ҳодисаро сахт маҳкум намуданд ва аз қотилони Ҳусайн безорӣ карданд. Аммо аҳлу оли Паёмбар (с) ва дигар мусалмонон ба тақдири илоҳӣ таслим гаштанд ва маргро ҳақ шумориданду ба талхии қазо сабр намуданд. Пасон одати мусалмонон нисбат ба рӯзи Ошуро чуноне, ки дар замони Паёмбар (с) буд, ҳамон тавр боқӣ монд. Чунин оромӣ пас аз қатли Ҳусайн то замони истилои давлати Бувайҳӣ, ки сардамдорони он аҳли ташайюъ буд, то замони давлати аббосӣ дар Бағдод боқӣ монд. Аммо дар замони зуҳури шиаҳои бувайҳӣ дар Ироқ воқеа табдили сурат намуд ва хурофоту бидъатҳо рӯи кор омаданд. Аз аҳли ташайюъ тоифаи гумроҳ ба андешаи худ гӯё дӯстии худро нисбати аҳли байти Паёмбар (с) изҳор медошта бошанд, аз ин хотир рӯзи ошуроро рӯзи мотам, ғаму андуҳ ва нолаву фарёд қарор доданд. Дар он рӯз шиори ҷоҳилиятро изҳор намуда, мӯйҳо ва рӯйҳои худро меканданд ва азои ҷоҳилият мегифтанд. Сурудани қасидаҳои ғамангез, ривояти ахбори дурӯғу ботил, амалҳое, ки ғаму андуҳро аз нав мекунанд, таассубкорӣ, барангехтани душманиву ҷанг ва паҳн намудани фитнаҳо дар миёни уммати Ислом аз ҷумлаи аъмоли хурофотпарвари шиаҳо дар қиболи рӯзи Ошуро ба шумор меравад. Бо ин кор барои дашном додани бузургмардон, саҳобаҳои Расул (с) ба худ роҳи қулай ва муносиб пайдо кардаанд.
Бояд гуфт, ки шарру бадӣ ва зарари амали инҳо ба аҳли Ислом то андозае аст, ки ҳатто шумораш карда намешавад. Ибни Касир доир ба хурофоти эшон чунин таъкид кардааст: “... ҳамин тариқ даб-даба саросари шаҳри Бағдод ва кишварҳои атрофи онро ба ҳам мезад. Дар роҳҳову кӯчаҳо, дар бозорҳову хиёбонҳо хокистар ва тибн (коҳ) гузошта мешуд. Дар пештоқи дӯконҳо лавҳаҳо овехта мешуд, мардум ғаму андуҳи хешро изҳор мекарданд ва аксари онҳо об наменӯшиданд, то худро ҳамтақдири Ҳусайн гардонанд, чунки ӯ ташналаб кушта шудааст. Занҳо низ бо ҳасрат ва пои луч ба кӯчаҳо хурӯҷ мекарданд ва рӯйҳову мӯйҳои хешро мехарошиданду меканданд...” (Бидоя ва ниҳоя). Гузашта аз ин, онҳо дар рӯзи Ошуро сурма кашидан, ҳино бастан, ба аҳли оила хӯрокиву нӯшокии фаровон фароҳам овардан, омода намудани таомҳои аз одат берун ва ғайраро суннати хеш қарор дода буданд. Баъдан бо гузашти замон рӯз то рӯз ҳаҷму доираи хурофот бузургтар гашт ва навъҳои гуногуни он рӯи кор омад. Дар замони сафавиҳо ва баъди онҳо фазои азодории хунин ба миён омад, ки бо шамшер ба сарҳо ва аъзои бадан зада мешавад, ки аъзои бадани ҳар як азогиранда хуншор мегардад. Вазъият то ин замон бо ҳамон ҳол идома дорад, ҳатто бо истифода аз технологияи ҷадид, аз қабили моҳвораҳо, шабакаҳои телевизионии гуногун, шабакаи ҷаҳонии интернет ва ғайра, доманаи чунин амалкарди номатлуби аҳли ташайюъ бештар аз пештар васеъ мегардад ва зарари он даҳчанд.
Дар маҷмуъ, таъкид бояд намуд, ки ин фазои хурофотӣ аз муҳити бувайҳӣ ва сафавиҳо манбаъ мегирад, ба Ислом ҳеҷ гуна рабте надорад ва ин яке аз гумроҳиҳо ва инҳирофоти аҳли ташайюъ дар қиболи рӯзи Ошуро дониста мешавад.
Мутаассифона, дар раддаи ин равияи хурофотзо равияи дигаре бо номи “Тасаввуф” зам гашт, ки онҳо бо мавқифгириашон нисбати рӯзи Ошуро гарчанде ба гумроҳии аҳли ташайюъ нарасидаанд, аммо вобаста ба таҷлили он ҳаммаслаки равияи аввалӣ метавонанд бошанд. Аҳли тасаввуф рӯзи ошуроро ҳамчун ҷашн таҷлил мекунанд. Дар он рӯз хушҳолӣ мекунанд, ба ҳамдигар ҳадяҳо тақдим менамоянд, барои он рӯз шириниҳои хос омода месозанд. Ибни Касир баъзе аз хурофоти онҳоро низ дар китоби таърихаш ба қалам додааст: “Онҳо дар рӯзи Ошуро донагиҳои гуногун мепазанд, ғусл мекунанд, аз хушбӯиҳо истифода мебаранд, либосҳои фохира ва беҳтарини худро бар тан мекунанд, дар он рӯз таъомҳои гуногун омода месозанд, хушҳолии худро изҳор менамоянд ва рӯзи ошуроро рӯзи ҷашн қарор медиҳанд. Онҳо бо ин амалкарди хеш мехоҳанд бо рофизиҳои шиъа мухолифат варзанд ва акси онҳоро ба амал оранд” (Бидоя ва ниҳоя). Бо гузашти замон онҳо низ дар самти хурофот тараққӣ ва рушд намудаанд. Ба он ваҷҳ, ки дар рӯзи Ошуро ҳалқаҳои рақсу бозӣ ташкил мекунанд ва онро бо пиндори худ “зикр”-и Худо меноманд.
Мавриди таъкид аст, ки соҳибназорон ва рӯшанфикрони исломӣ чунин амали баъзе аз аҳли тасаввуфро маҳкум мекунанд. Ин амалҳои хурофотӣ дар ягон ҳадис, на заифу на саҳеҳ наомадаанд, ҳатто аз доираи чаҳор мазҳаби Ислом берунанд. Ҳеҷ олиму донишманде низ ба хубии ин амалҳо тавсия надодааст.
Чуноне аз мушоҳидаҳо хулоса мешавад, бидъат аз паси бидъат, паёпай болои уммати Ислом ворид мегардад, ки ба ҷуз чанг задан ба Қуръон ва суннати поки Паёмбар (с) дигар ҳеҷ нерӯе наметавонад мусалмононро аз ин ботлоқ наҷот бахшад. Суннати ростини Расулуллоҳ (с) аст, ки аҳли суннат ва ҷамоат бо пайравӣ аз он рӯзи ошуроро то ин дам рӯза медоранд, ки уламои шиъа рӯза доштани онро дар асоси қавонини ботили худ ҳаром ҳукм намудаанд. Аҳли тасаввуф рӯзи ошуроро ид мекунанд, аммо аҳли суннат бо пайравӣ аз суннати расул онро ҷашн намегиранд, балки иди қурбону рамазонро ҷашн мегиранд.

Мутаассифона тасодуфи таърих ва қазои илоҳӣ  пешдастӣ намуд, ки ин ҳодиса дар рӯзи даҳуми моҳи муҳаррам ба вуқӯъ пайваст.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

Хонданд 758

Барои Айнӣ мақбараи бузург бояд сохт!

Окт 02, 2017
Диданд: 491

Инак, чандест хабарҳо роҷеъ ба кӯчонидани қабри Устод Садриддин Айнӣ - адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар нашрияҳову сомонаҳои зиёде чоп ва паҳн шуда, афкори гуногунро ба вуҷуд овардааст. Аз баҳсҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ байни шоирону нависандагон, олимон ва бахусус рӯзноманигорон ба назар мерасанд, алҳол тарафдорони кӯчонидани қабри Айнӣ мушоҳида намешаванд ва ин гувоҳ аз он аст, ки бузургон хилофи кӯчонидани қабри чунин абармарди як миллати куҳанбунёданд. Миллате, ки ҳамеша бузургони худро қадр мекунад ва хотираи уламову фузалои худро пос медорад. 

Фаромӯш набояд кард, маҳз кӯшишҳои Айнӣ буд, ки тоҷикон ба пантуркистҳои замони Шӯравӣ ғолиб омада, давлатеро бо номи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бунёд карданд ва бо соҳиб шудан ба истиқлолияти воқеӣ, мо алъон маҳз дар ҳамон ҳудуд Тоҷикистони имрӯзаро дорем.
Инчунин, бояд қайд кард, ки таърихи пайдоиши «Боғи ба номи Айнӣ» низ маҳз аз ҳамин қабри Айнӣ сарчашма мегирад. Оё кӯчонидани қабри ӯ хат кашидан аз болои таърихи пойтахти давлати мо намешавад? Давлате, ки дар бунёди он Садриддин Айнӣ ҳам саҳмгузор аст.

Инқилоби Айнӣ бузургтар аз инқилоби Октябр
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Айнӣ фарзанди инқилоб ва зодаи инқилоб буд. Вале аз оғози инқилоби Октябр ва ба сари қудрат омадани давлати Шӯравӣ ин инқилоб ба фоидаи тоҷикон кор накард ва пантуркистон мавҷудияти давлати тоҷиконро дар Осиёи Миёна инкор мекарданд. Маҳз ҳамин даъвои пантуркистон буд, ки Садриддин Айнӣ бо навиштани асари бузурги худ - «Намунаи адабиёти тоҷик» як инқилоби дигареро дар Осиёи Миёна ба вуҷуд овард. Айнӣ дар ин китоб дар бораи зиёда аз сесад шоир, ки бо тахаллуси Бухороӣ, Самарқандӣ, Намангонӣ, Андиҷонӣ, Тирмизӣ, Хуҷандӣ ва садҳо тахаллуси дигар ҳазор сол қабл дар Мовароуннаҳр зиндагӣ доштанд, маълумот ҷамъ овард. Маҳз ҳамин китоб буд, ки таърихи миллати куҳанбунёди моро ба мақомоти баландпояи давлати Шӯро расонд ва ҳатто қадимтар аз миллатҳои дигари Осиё Миёна будани тоҷиконро собит кард. Чопи ин китоб пантуркистҳо ва душманони миллати тоҷикро чунон ба даҳшат овард, ки дар соли 1926 барои сӯзонидани он амр доданд ва ҳамаи нусхаҳои нашршудаи ин асари бузургро сӯзониданд, вале баъди кӯшишҳо ва муборизаҳои зиёд Айнӣ тавонист онро дубора нашр кунад. Айнӣ собит карда, гуфт, ки маҳз мо тоҷикон мардуми таҳҷоии Мовароуннаҳру Хуросон ҳастем ва маҳз мо забону фарҳанг ва адабиёти қадима дорем, на миллатҳои дигаре, ки дар ин сарзамин сукунат доранд. Айнӣ собит кард, ки чароғи илму маърифатро дар ин сарзамин дар давраҳои гуногуни таърихӣ маҳз намояндагони миллати тоҷик - Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Кисоии Марвазӣ, Абуҳафси Суғдӣ ва дигар адибон фурӯзон карда буданд.
Мегӯянд, ки маҳз шоҳасари «Намунаи адабиёти тоҷик» боис шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати Ӯзбекистон бароварда шуда, ҳамчун ҷумҳурии алоҳида эълон карда шавад.
Китобҳои дигари Садриддин Айнӣ низ қурби бузурге доранду миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Материалҳо оид ба таърихи Инқилоби Бухоро» аз намунаҳои беҳтаринест, ки мо ёд меорем. Асарҳои ӯ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ, «Шайхурраис Абӯалии Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Камоли Хуҷандӣ», «Алишер Навоӣ», «Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» аз бузургтарин дастовардҳои муаррифгари бузургони мояд, ки имрӯз низ олимону шоирон дар тадқиқотҳои худ аз онҳо истифода мекунанд.

Пешниҳод
Оё мо ҳақ дорем, ки қабри адиб, олим, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистонро ба гӯшае кӯчонем? Ҳаргиз! Зеро Айнӣ на танҳо нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951-1954) ва Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, балки академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон низ буд. Ин худ гувоҳ аз он медиҳад, ки бузургии ӯро ҳатто дар ҳамон замони басо душвору мушкил, ки ӯро душмани халқ низ эълон карда буданд, на танҳо тоҷикон, балки миллатҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ӯзбекҳо ва давлати Шӯравии сотсиалистии Ӯзбакистон низ қадр мекард ва эътироф.
Бинобар ин, бо назардошти он, ки Айнӣ шасияти басо бузургу қаҳрамони миллати мост, ман пешниҳод мекунам, ки қабри ӯ аз боғи Айнӣ кӯчонида нашавад. Биёед, баръакс, дар худи ҳамин боғ як мақбара, ё як зиёратгоҳи бузургеро бунёд намоем, ки имрӯзиёну ояндагон ҳар замон онро зиёрат карда, аз чунин қаҳрамони миллати тоҷик ёд кунанд. Дар гӯшае аз ин зиёратгоҳ музейеро таъсис дода, китобҳои навиштаи Айнӣ, қаҳрамониҳои ӯ ва ҳар китобу мақолае, ки роҷеъ ба Садриддин Айнӣ ва ҷоннисориҳои ӯ дар рушду равнақи таърихи тоҷикон навишта шудааст, ҷамъоварӣ кунем, то зиёраткунандагон бо он ошноӣ пайдо кунанд. Дар даромадгоҳи мақбара, музей ва ё худи боғ бошад, ин байтҳо навишта шаванд:
Ин боғ зи нахли куҳан оростаам,
В-он нахл ба теғи хона пиростаам.
Сайронгаҳе зиёда кардам ба шумо,
Ҳарчанд зи умри худ басе костаам.
Иттиҳоди Шӯравӣ барои асосгузори адабиёти классикии тоҷик мақбарае дар зодгоҳи ӯ - Панҷрӯд бунёд кард ва имрӯз баъд аз бозсозӣ ин мақбара ба як зиёратгоҳи бузурге табдил ёфтааст, ки аз тамоми ҷаҳон сайёҳон онро зиёрат мекунанд. Пас чаро мо барои Айнӣ чунин хизмате накунем?
Муаррифии Айнӣ на танҳо муаррифии як шахсияти алоҳида, балки муаррифии таърих ва тамаддуни як миллати шарафманде бо номи тоҷик хоҳад буд.
Соли 2018 Садриддин Айнӣ 140-сола мешавад. Агар мо бахшида ба ин санаи муқаддас соли 2018-ро «Соли Айнӣ» эълон карда, ба ҷои кӯчонидани қабри ӯ, мақбара ва ё зиёратгоҳе дар ин боғ бунёд намоем, туҳфаи хубе барои Айнӣ ва хизматҳои ӯ дар назди насли имрӯзу фардои тоҷик хоҳад шуд.
80 сол пеш, дар соли 1937 Берия фармони қатли Айниро имзо карду Сталин шахсан онро бекор кард. Инак, баъди 80 сол вақте масъалаи кандан ва кӯчонидани қабри Айнӣ ба миён омад, бояд он, агар воқеан асос дорад, бекор карда шавад.

Холиқназар ҶУМЪАЕВ

Хонданд 491

БОМБ БАРОИ МАО

Сен 23, 2017
Диданд: 776

Чин технологияи ҳастаиро аз СССР густохонаву маккорона соҳиб шуда буд

3-юми сентябри соли 2015 дар Пекин сафороии бузурги ҳарбӣ доир шуд. Баҳона 70-солагии хатми Ҷанги дуюми ҷаҳон буд. Аммо ҳадафи аслии созмондиҳандагони ин чорабинии бузург намоиши қудрати ҳарбии Чин буд. Ҳангомаи аслӣ дар ин намоиши қудрат мушаки балластикии байниқитъавии 21D “Боди шарқӣ” буд, ки дар бораи мавҷудияти он то ба ин рӯз танҳо овозаҳо шунида мешуд. Аммо Пекин ин овозаро ба ҳақиқат табдил дод.
Аз касе пӯшида нест, ки ба иқтидори ҳастаии худ Чин бояд бештар аз Иттиҳоди Шӯравӣ миннатдор бошад. Вале нуктаи хеле муҳим: имрӯз кам касон медонанд, ки технологияи ҳастаиро ҳукуматдорони вақти Чин аз СССР бо роҳандозии як найранг соҳиб шуданд.
Пирӯзии коммунистони Чин дар ҷанги шаҳрвандии соли 1949 ва сари қудрат омадани Мао Сзэдун дар кишвари бисёрмиллионаи ҳамсоя Сталинро аслан хурсанд накард. Ҳанӯз хиёнати Иосип Броз Тито ва аз даст рафтани Югославия аз ёдҳо нарафта буд. Мао бошад, аз оғоз шубҳаовартар аз Тито буд. Вай ягон маротиба ба Маскав ҳам наомада буд ва ҳатто ба пирӯзии худ дар мубориза барои ҳокимият аз Сталин забонкӯтоҳ ҳам набуд. Рақобат миёни ду маркази коммунизми ҷаҳонӣ ногузир буд.
Вақте моҳи декабри соли 1949 доҳии Чин ба Маскав омад, то дар ҷашни 70-солагии Сталин ширкат кунад, ахирӣ муддати тӯлонӣ аз мулоқот бо меҳмон худдорӣ кард. Гоҳ Молотовро назди ӯ мефиристод ва гоҳи дигар роҳбарони чанд зина поинтар аз ӯро, то онҳо вазъу табъи Маоро санҷанд. Сталин муддати дароз натавонист худро омодаи суҳбат бо шахсе кунад, ки дар мақом худро баробар бо ӯ медонист.
Моҳи октябри соли 1950 Чин бо Куриё вориди ҷанг шуд ва ин тасмими худи Мао буд ва Сталин хештанро дур аз масъулият гирифт. Маҳз ҳамон замон сарвари Чин дарк кард, ки вай ивазнашаванда аст ва соҳиби неруи кофӣ ҳам мебошад. Чиниҳо бо вуҷуди талафоти хеле бузург бо ИМА барин қудрати ҳастаӣ муқовимат карданд ва ин ҷанг мусовӣ анҷом ёфт. Москав баъдан ба Пекин сарварии ҳамаи аҳзоби коммунистии Осиёро супурд, вале Мао ба ин натиҷа расид, ки танҳо замоне аз Кремл вобаста нахоҳад шуд, ки агар соҳиби силоҳи атомӣ шавад. Силоҳе, ки амрикоиҳо борҳо дар ҷанги Куриё таҳдид ба истифодаи он алайҳи Чин карда буданд. Дар ҳамин айём вай вобастагии худ аз Маскавро дарк кард.
Вале Чин дар солҳои 1950 як кишвари ақибмондае буд, гузашта аз ин, муддати чил соли ахир ба як майдони ҷангу кашмакашиҳо табдил шуда буд. Дар ҳамин вазъ барои Чин мушкил буд соҳиби силоҳи атомӣ шавад, чун барои сохтани он маблағ надошт. Иттиҳоди Шӯравӣ баъди рӯйдоди мусибатовари Хиросима ва Нагасаки ҷиддан пайи он шуд, ки силоҳи атомиро ба зудӣ бисозад ва Сталин ба тими Курчатов дастур дод, ки корро дар ин самт тезонад.

АВВАЛИН МУОҲАДА
Аз ин рӯ, Мао ба дарки ин нукта расида буд, ки силоҳи атомиро вай метавонад танҳо аз Маскав ба даст орад. Аммо Кремл ҳоло ҳозир набуд ва намехост асрори силоҳи ҳастаии худро бо бародари чинии худ қисмат кунад. Дар замони зинда будани Сталин Мао, ки бидуни ризояти ӯ вориди ҷанг бо Куриё шуда буд, ҷуръат намекард аз ӯ дар бораи кӯмак ба доштани силоҳи атомӣ ҳамсуҳбат шавад, зеро медонист, ки Иосиф Сталин ҷиддин зид мебаромад ва нақшаи Чин дар ин бора барҳам мехӯрд. Аммо баъди вафоти Сталин Мао ҷиддан фаъол шуд. Дар аввалин сафари Хрушёв ба Чин дар соли 1954 Мао ошкоро гуфт, ки кишвараш мехоҳад силоҳи атомӣ дошта бошад. Никита Сергеевич посух дод, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳамаи кишварҳои лагери сотсиалистӣ кафолати ҳимоя аз ҳамлаҳои атомиро додааст ва дӯстони чинӣ ҳам набояд нигарон бошанд. Ва боз таъкид ҳам кард, ки сохтани чунин силоҳ арзиши гарон дорад ва лоиқи кишвари камқудрат ва сустинкишофёфта нест.
Вале Мао аз қасдаш нагашт ва басо оромона ба таҳдиди СССР шуруъ кард. Бо ин мақсад вай зимистони солҳои 1954-1955 дар гулугоҳи Тайвон буҳрон ба вуҷуд овард, ҷазираҳоеро мавриди тирборон қарор дод, ки амрикоиҳо ногузир буданд ҳамроҳ шаванд. Ҷаҳон дар пешорӯи як ҷанги атомӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳол СССР наметавонист муттаҳиди худро тани танҳо гузорад. Чин дар ин маврид бори дигар ба Маскав рӯ овард, ҳам кӯмаки низомӣ хост ва ҳам хоҳиши доштани силоҳи атомиро такрор кард. Пекин мегуфт дар сурати доштани ин гуна силоҳ вай бародарашро ташвиш намедиҳад, балки худ худро ҳимоя мекунад. Моҳи апрели соли 1956 аввалин муоҳадаи кӯмаки СССР барои сохтани силоҳи атомӣ дар Чин имзо шуд.
Худи ҳамон соли 1956 баъди саркӯбии шахспарастӣ вазъ дар СССР муддате вахим шуд, дар Лаҳистон ва Маҷористон эътирозҳо шуруъ шуданд ва дар ин асно Маскав ба ёрии Пекин ниёз пайдо кард. Мао расман амалкарди Маскавро пуштибонӣ намуд, вале ғайрирасмӣ ишора ба он кард, ки барои ин пуштибонӣ бояд чизе дод. Соли 1957 Мао барои ширкат дар ҷашни 40-солагии пирӯзии Инқилоби Октябр ба Маскав омад ва дар мулоқоташ бо сарварони Шӯравӣ талаб кард, ки кори бунёди силоҳи атомиро тезонанд ва иловатан технологияи ҳастаӣ диҳанд. Хрушёв дигар илоҷе надошт ва 15-уми октябри ҳамон сол муоҳадаи ирсоли технологияи зарурӣ ба Чин имзо шуд.
Охирин таҳдиди Доҳии бузург буҳрони дуюми Тайвон буд, ки соли 1958 рух дод. Он замон низ чиниҳо ногаҳон ҷазираҳои ҳамммарзашонро тирборон карданд ва худро бо ИМА дар рӯёрӯӣ қарор доданд. Дар ҳамин буҳрон Кремл ба Пекин гӯшзад кард, ки барои як ҷанге, ки худи вай доман задааст, намехоҳад бо ИМА даргир шавад.

12 ҲАЗОР МУТАХАССИСОНИ ШӮРАВӢ
Он замон барномаи ҳастаии Пекин ба иҷро даромад. Соли 1955 “Сегона”-и масъул ба сохтани силоҳи атомӣ созмон дода шуд. Ба он Бо Ибо, Чэн Юн ва маршал Не Жунчжен шомил шуданд. Барои иҷрои вазифаҳо Дуюмин вазорати мошинсозӣ сохта шуд ва Академияи панҷум, ки мавзуҳои вобаста ба мушакҳоро таҳия мекард ва сохтани созмоне назири НАСА низ ба уҳдаи он буд.
Буҷаи сохтани силоҳи атомӣ аз сол ба соли дигар меафзуд: аз 15 миллион доллари соли 1955 то 100 миллион доллар барои соли оянда зиёд шуд. Ҳамзамон бо ин, тибқи баъзе ҳисоботҳо, дар Чин даҳ ҳазор мутахассисони Шӯравӣ оид ба муҳофизат ва наздик ба 11 ҳазор муҳандисон ва олимон аз дохили ин кишвар, ки дар СССР омӯзиш дида буданд, саргарми сохтани силоҳи атомӣ буданд.
Аршак Задикян аз ҷониби СССР иҷрои муоҳадаи ҳастаиро назорат менамуд. Вай тибқи дастури Хрушёв кор мекард, ки мегуфт ба чиниҳо на аз рӯйи тарс, балки аз рӯйи виҷдон ҳамкорӣ ва ёрӣ расонанд.
Ҳамин тариқ, ҳатто маълумотҳои сиррие, ки хадамоти ҷосусии кишвар аз ИМА, Британияи Кабир, Олмон дар ин маврид дастрас мекард, ба Чин низ дода мешуд.
Даричаи бозшудаи имкониятҳо дар солҳои 1956-1957-ро чиниҳо бо тамоми ҳастиву вуҷудашон истифода карданд. Танҳо дар соҳаи физикаи ядроӣ ва дигар илмҳои дақиқ ба СССР ва кишварҳои Аврупои Шарқӣ бештар аз ҳафтуним ҳазор донишҷӯён сафарбар карда шуданд. Аз он ки сатҳи маълумоту савод дар Чин хеле поин буд, дар ибтидо ба таҳсил қариб ҳама сафарбар шуданд, вале боз ҳам кам буд. Аз ин рӯ, бо фармони маршал он донишҷӯёне, ки ба СССР ва кишварҳои аврупоии сотсиалистӣ ба омӯзиши фанҳои гуманитарӣ рафта буданд, маҷбурӣ ба факултаҳои техникӣ гузаронида шуданд. Ҳамчунин олимон ва муҳандисони корҳои мулкиро низ ба институтҳои низомӣ сафарбар карданд.
Аммо кӯмаки Шӯравӣ дер давом накард. Аллакай соли 1959 баъди гуфтушунид бо Ғарб дар мавриди манъи озмоишоти ҳастаӣ СССР ба Чин хабар дод, ки дигар наметавонад муоҳадаи имзокардаашро иҷро кунад. Созишнома танҳо як баҳона буд. Дар асл тағйири дидгоҳ миёни Маскав ва Пекин рушантар мешуд. Чин додани пойгоҳҳои баҳриаш ба киштиҳои зериобии Шӯравӣ бо мушакҳои балластикиро рад кард ва ин хашми Хрушёвро ба бор овард. Вай фармон дод, ки ҳамаи 12 ҳазор мутахассисон, аз ҷумла созандагони силоҳи атомиро фавран ба ватан баргардонанд. Охирин муҳандиси Шӯравӣ қаламрави Чинро дар таърихи 13-уми августи соли 1960 тарк кард.
Мао Сзэдун ба Маскав посухи қатъӣ дод. Мао гуфт, ки Чин мустаъмараи Русия нест, ки дар қаламрави он неруҳои ҳарбии бегона ҷойгир карда шаванд. Ин иқдом шарафи чиниҳоро паст мекунад ва зидди манфиатҳои миллист. Аммо баъд талаб кард, ки СССР барои сохтани флоти зериобӣ ёрӣ расонад. Хрушёв аз ин мавзеъгирии Пекин дар тааҷҷуб шуд ва гуфт, ки ҳадафи Маскав паст задани шарафи Чин набуд. Ва ҳамзамон кӯмак барои сохтани флоти ҳарбии баҳриро қатъӣ рад кард.

САХАРОВҲОИ ЧИН
Чин барномаи дигар ҳам дошт. Ин даъвати атомсозон аз хориҷ буд. Худи ин кишвар он замон физик, химик, риёзидон қариб ки надошт. Машҳуртарин шахсиятҳои Чин: “Курчатови чинӣ” - Сян Сансян ва “Коровлёви чинӣ” - Сян Сюэсен таълими Ғарбро гирифтаву дар Ғарб олим шудаанд.
Сян Сансян шогирди физикҳои машҳури фаронсавӣ Ирен ва Фредерик Жолио-Кюри буд. Ин ду тан коммунист буданд ва ҳар маълумоти сиррӣ, ки доштанд, ба ҳамҳизбони чинии худ доданд. Сян ҳанӯз соли 1948 ба ватанаш баргашта буд ва пирӯзии коммунистонро бо хушнудӣ пазируфт. Аллакай соли 1949 ӯ ба Порис рафт. Ҳукумати Чин он замон барояш 50 ҳазор доллар дод, то таҷҳизоти илмӣ харад ва донишҷӯёни чиниро ташвиқ ба бозгашт ба ватанашон кунад.
Зимнан, соли 1953 Сян аз Маскав низ дидан кард. Мехост иртиботҳое барои дарёфти маълумоти илмӣ барқарор кунад, вале чун ин то имзои муоҳадаи байни ду давлат буд, президенти Академияи илмҳо Несмеянон мақомотро огоҳ кард, ки меҳмони чиниро танҳо бо баъзе маълумотҳои хеле маҳдуд ошно созанд ва аслан ӯро ба ҷараёни аслии илм ворид насозанд. Танҳо ахбори умумиро барояш ироа кунанд.
Аммо барои Чини он замон дастоварди муҳим Сян Сюэсэн буд. Вай соли 1911 дар хонаводаи мансабдор ба дунё омад ва соли 1935 ба Амрико рафт. Дар ИМА вай дар институти технологии Массачусет таҳсил намуд ва баъдан институти технологии Калифорнияро хатм намуд. Истеъдоду дониши хуб, ки дошт, ба омӯзгорӣ ба кор гирифтанд ва яке аз шогирдони дӯстдоштаи назарияпардози кайҳон Теодор фон Карман буд.
Дар Калтех Сян Сюэсэн яке аз асосгузорони Лабораторияи ҳаракати реактивӣ шуд. Дар солҳои ҷанг ӯ дар сафи артиши ИМА хизмат кард ва ба омӯзиши техникаи мушакии олмониҳо саргарм буд.
Баъди ҷанг ба озмоишгоҳи худ ба кор баргашт ва дар Амрико аввалин мушаки тактикии “Корпорал”-ро сохт. Вале он замон вай намедонист, ки кайҳост ӯро ФБР таъқиб мекунад ва тамоилаш ба коммунистон аз назари хадамоти амниятии ИМА дур намондааст. Соли 1950 Сян Сюэсэн аз ҳамаи корҳои махфӣ дур карда шуд ва мавриди пурсиши муфаттишон қарор гирифт. Аввалин хоҳиши вай он шуд, ки зудтар ба ватанаш Чин баргардад. Вале ҳукуматдорони амрикоӣ хуруҷи ӯро мамнуъ карданд ва ҳабси хонагӣ шуд. Сарнавишти Сян Сюэсэн мавзуи суҳбату муколамаҳои махфии намояндагони Чин ва ИМА шуд. Дар аввалин мулоқоти Женева дар соли 1954 масъалаи баргашти Сян Сюэсэн ба Чин баррасӣ шуд. Чиниҳо дар ин гуфтушунид бартарӣ доштанд, даҳҳо шаҳрвандони амрикоӣ дар Чин боздошт шуда буданд ва ҳамаи онҳоро Пекин бо Сян Сюэсэн табодул кард.
Солҳои 1954-1955 аз ИМА ба Чин бештар аз сад нафар мутахассисони соҳаи физикаи ядроӣ, муҳандисони мушаксоз иҷозаи бозгашт дарёфт карданд. Дар миёни онҳо шахсиятҳои машҳуре ба мисли Жэн Синмин, профессор аз Донишгоҳи Буффало, Ду Шоу, Ван Сичжи, Чэн Гайсзя низ буданд.
Ҳамаи касоне, ки ба моҳияти инқилоби коммунистон пай бурда буданд, мегуфтанд ин ҳизб Чинро пешрафта хоҳад кард ва ба ёрии олимону муҳандисон ниёз дорад. Бо баргаштагон хадамоти амниятӣ суҳбатҳои хоса мекарданд, ҳар гуна адабиёте пешниҳод мекарданд ва ба истилоҳ онҳоро аввал шустушӯи мағзӣ мекарданд дар ин бора, ки кишвар ҳоло чӣ ҳол дорад ва чӣ бояд кард. Мегуфтанд, ки коммунистон аз Чини дастнигари дигарон мехоҳанд Чини мутараққӣ бунёд созанд.

РАДДИ КӮМАКҲО
Харҷумараҷ ва бесарусомонии “Ҷаҳиши бузург” ва “Инқилоби маданӣ” ба барномаҳои мушакиву атомӣ халал ворид накард. Ҳамаи касоне, ки даъвати мақомоти кишварашонро пазируфтанд, омаданд ва шароити мусоиди корӣ барояшон фароҳам оварда шуд. Худо Мао соли 1955 дар мулоқоташ бо созандагони силоҳи атомӣ гуфт: “Имрӯз ҳамаи мо шогирдони шумоем”.
Баъди бозпас хонда шудани мутахассисони Шӯравӣ ва қатъи пурраи ҳамаи кӯмакҳо аз ҷониби Маскав барномаи атомии Чин ба буҳрони ҷиддӣ гирифтор шуд. Сарварони Ҳизби коммунист дар як ҷаласаи истирорӣ вазъро ҷиддан баррасӣ карданд ва ба саволи чӣ бояд кард посух ҷустанд. Баъзеҳо пешниҳод карданд, ки ин барнома мутаваққиф шавад, чун кишварро гуруснагии сартосарӣ фаро гирифта буд ва бар асари он аз 30 то 50 миллион нафар қурбон шуда буданд. Вале Мао гуфт: “Бахти мо омад кард, ки русҳо моро раҳо карданду рафтанд. Дар акси ҳол ҳеҷ вақте наметавонистем посухи кӯмакҳои онҳоро диҳем. Ҳамаро бо неруи худ анҷом медиҳем ва хеле ба зудӣ. Роҳи дигар надорем!”. Тибқи арзёбии муаррихон Юн Чжан ва Ҷон Холидей, ин қарор муҷиби он шуд, ки дар қиёс ба таркиши силоҳи атомӣ дар Хиросима ва Нагасаки 100 баробар бештар одамон қурбон шаванд.
Аввалин реактори он соли 1958 ба кор даромад. Худи ҳамон сол 40 ҳазор аз ҷумлаи неруҳои ҳарбии сохтмонӣ ба биёбони Такла-Макан, дар наздикии кӯли Лоб-Нор эъзом шуданд, то барои озмоиш омодагӣ бинанд. Соли 1960 Чин аввалин мушаки балластикии худро озмоиш кард.
Тирамоҳи соли 1964 созандагони атом омода шуданд, фармони Пекинро мунтазир буданд, то аввалин озмоиши онро роҳандозӣ кунанд. Вале дар мақомоти болоии Пекин баҳсҳои тоза шуруъ шуданд. Хадамоти ҷосусии Амрико эълон кард, ки Вашингтон қасд дорад ба Чин зарба занад, агар ин кишвар даст ба озмоишоти атомӣ занад. 16-уми октябри соли 1964 аввалин озмоиши силоҳи атомии Чин баргузор шуд. Ин баъди ду рӯзи барканории Никита Хрушёв буд. Ва номи рамзии ин амалёт “Шумораи 596” буд - аз моҳи июни соли 1959, ки Иттиҳоди Шӯравӣ аз қатъи ҳамкории атомӣ эълон кард. Се сол баъд бомби водородӣ низ санҷида шуд. Чин ба қудрати ҳастаӣ табдил ёфт. Талоши Амрико ва муттаҳидонаш дар мавриди халал расондан ба ҷойе нарасид.

СТАЛИН ДУРУСТ БАДГУМОН ШУДА БУД
Тибқи навиштаи муаррих Шэн Жихуа, Чин барои сохтани бомби ҳастаӣ 3,6 миллиард доллар масраф кард, Иттиҳоди Шӯравӣ бошад, 11,6 миллиард доллар. Истифода аз кӯмакҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба ватан баргардонидани мутахассисони чинӣ аз хориҷ ду омили аслии харҷи камтар шуд. Аммо гумону шубҳаи Сталин рост баромад. Иосиф Сталин мегуфт, агар Чин соҳиби қудрат шавад, хеле ба зудӣ Иттиҳоди Шӯравиро фаромӯш мекунад. Ва чунин ҳам шуд. Ба муҷарради даст ёфтан ба силоҳи атомӣ ба бозиҳои мустақилонаи геополитикӣ шуруъ кард...

Максим АРТЕМЙЕВ
«Совершенно секретно», №35/364, 28 сентябри соли 2015

Таҳияи Ф. МУҲАММАД

Хонданд 776

Сарзамини Тоҷикистон ҳамчун гаҳвораи тамаддуни халқи тоҷик буда, пеш аз ҳама қадима будани онро ёдгориҳои таърихиаш шаҳодат медиҳанд.

Ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ яке ноҳияҳои кадимтарини болооби водии Зарафшон буда, дар он ёдгориҳои таърихию фарҳангии зиёде боқӣ мондаанд, ки Шаҳраки Ҳисорак (асрҳои 5-8-и мелодӣ), Мазори Оббурдон (асрҳои 9-10), Масҷиди Мадрушкат (асри 19), Ҳаммоми Деҳаи Дашт (асри 18), Қалъаи Оббурдон ва ғайра аз зумраи муҳимтарин ёдгориҳои ин минтақа мебошанд.
Сойи Саббағ дар ноҳияи мазкур то кунун ягона макони таърихие буд, ки дар ин ҷо тасвирҳои рӯисангӣ (петроглиф) аз ҷониби бостоншиносону муаррихон Н. Н. Воронтсов, Е. А. Ляпунов, Б. С. Бобомуллоев ва дигарон омӯзиш шуда, дар натиҷаи омӯзиши онҳо мақолаҳои ҷолиб нашр гардидааст.
Дуюмин тасвирҳои рӯисангӣ, ки дар Куҳистони Мастчоҳ аз ҷониби муаллифи ин сатрҳо мавриди мушоҳида қарор гирифтааст, дар Таҳдашт ном мавзеи саҳроии деҳаи Дашт қарор дорад. Деҳаи Дашт мувозини деҳаи Оббурдон буда, дар қисмати чапи дарёи Зарафшон воқеъ аст. Таҳдашт ҳамчун мавзеи кишти саҳроӣ дар 5-километрии қисмати шарқи деҳаи Дашт ҷойгир аст. Сангтасвираҳо дар як санги калон тасвир шуда, бо андозаҳои гуногун зиёда аз 50 ададро ташкил мекунанд. Дар санг асосан миқдори зиёди буз ва гавазн тасвир ёфтааст ва баъзан тасвирҳо дар шакли гург канда шудаанд.
Бостоншиносони ҷавон Бобомулло Бобомуллоев ва Темурзода Бахтовар аз боздиди акси сангтасвираҳо ба чунин хулоса омадаанд, ки ин сангнигораҳо ба давраи асри биринҷ ва асриҳои миёна мансуб мебошанд. Аммо барои таҳқиқоти комили ин сангтасвираҳо акнун муҳаққиқонро мебояд ташрифи мавзеи номбурда намуда, пажуҳиш гузаронанд.

Ҳасан НУРМАТЗОДА,
Ходими калони илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Хонданд 1364

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.