.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Таърих

ШОҲАНШОҲИИ ФАРОМӮШШУДАИ ТОҶИКОН

Нояб 11, 2017
Диданд: 697

Асрори сангнавиштаҳо

Дар ин авохир бо фарҳангшинос, номзади илми санъатшиносӣ, муҳаққиқи озод Ҳазрат Сабоҳӣ суҳбате оростаем, ки ҳамакнун манзури хонандагон менамоем.

- Пурсиши аввалини ман ин аст, ки чаро Шумо дар солҳои охир дар матбуоти даврӣ кампайдо шудаед?
- Дуруст гуфтед, ман дар солҳои охир барои матбуоти даврӣ чизе нанавиштаам. Аммо бояд зикр кунам, ки дар сомонаҳои Интернет дар ҷавоби мақолаҳои бебунёди баъзе аз «таърихсозон»-и кишварҳои ҳамсоя, ки дар онҳо миллати мо ҳатто таҳқир мешуд ва нисбат ба вай суханони носазо низ зикр мегардиданд, ҳафт-ҳашт мақола навиштаам. Ба забони русӣ. Дар онҳо далелу санадҳоеро овардаам, ки дар китобҳои таърихшиносони мо нестанд. Ҷавобҳоро бидуни таъхир навиштаам.

- Маълум мешавад, ки маводи заруриро зери даст доштед ва дар ин асно ғарқи дунёи сарчашмаҳои хаттӣ, сангнавиштаҳову сиккаҳо будаед?
- Бале. Маро ҳамеша баъзе халоҳое, ки дар иртибот бо ин ё он давраи таърихӣ, хусусан даврони тоисломии таърихи халқи мо дар таърихнигории муосир ба назар мерасанд, ором намегузоштанд. Дар бораи ин халоҳо фикри бисёр мекардам. Оқибат қарор кардам, ки сабаби ба вуҷуд омадани ин халоҳоро худам таҳқиқ мекунам. Ҳама корро як сӯ гузоштаму ба омӯзиши маводи фарҳангие, ки ба даврони Кӯшониён марбут аст, ҷиддан машғул шудам. Нуктаи дигаре, ки диққати маро зиёд ба худ ҷалб мекард, на бумӣ, балки бегона хондани Кӯшониён буд.
Пеш аз ҳама сангнавиштаҳои Сурхкӯтал, Айратам, Ғалҷиёни Чағониён, Работак ва Дашти Навор, ҳамчунин навиштаву тафсирҳои сиккаҳои шоҳони кӯшониро муддати дароз омӯхтам.

- Ба назари ман, ин сангнавиштаҳо, аз ҷумла катибаҳои Сурхкӯталу Работак аз тарафи олимони аврупоӣ ва шӯравӣ хондаву тарҷума шудаанд. Шуморо чӣ маҷбур кард, ки дубора ба онҳо рӯй оред?
- Сухан дар он аст, ки ин катибаҳо чӣ гуна хонда шудаанд. Дар мутолиаи онҳо ғалатхонии фаровон ба назар мерасад. Аз сӯйи дигар, фақат сангнавиштаи Сурхкӯтал (соли 1957) мавриди баррасӣ (на таҳқиқ) қарор гирифтааст. Сангнавиштаҳои дигарро касе муфассалан нахондааст. Шумо медонед, ки дар катибаҳо бо алифбои юнониасос матнҳо бидуни фосила миёни вожаҳову ҷумлаҳо навишта шудаанд. Касоне, ки сангнавиштаи Сурхкӯталро мутолиа кардаанд, аз ҷумла А.Марик, И. Гершевич, В.Лившитс ва дигарон дар шинохт ва ҷудосозии вожаҳову маънидоди онҳо ба ғалатҳои фоҳиш роҳ додаанд. Онҳо аз катибаи Сурхкӯтал мазмунеро берун овардаанд, ки чунин чизе (яъне, хушксолӣ, харобии қасру маъбад, бозсозии онҳо, кандани чоҳи об ва ғайра) вуҷуд надорад. Зимнан, сангнавиштаҳо ба муносибати корномаҳои шоҳон дар санг ҳак мешуданд. Магар кандани чоҳ ҳам корнома маҳсуб мешуд?
Муҳаққиқони мазкур забони сангнавиштаи Сурхкӯталро тахорӣ, бохтарӣ, балхӣ гуфта бошанд, В.Лившитс, ки соли 1964 ин катибаро барои китоби В.Массон ва В.Ромодин «Таърихи Афғонистон» (иборат аз ду ҷилд) дубора хондаву тарҷума кардааст, забони онро «прото пашту» меномад (Астағфируллоҳ!).
Аз ин катиба танҳо як мисол меорам:
Эй доӣ (омӯзгор, раҳнамо)-и роохшону неконом! (хитоб ба Аҳурамаздо).
Магар ин забони паштуст?! Ин сангнавиштаҳо бо забони қадими d’ari (ориёӣ) навишта шудаанд, ки Сомониён номи онро эҳё кардаанд.
Касе аз муҳаққони номбурда, ҳамчунин Н.Саймс-Вилям (Лондон) аз уҳдаи хондани сангнавиштаҳои Кӯшониён бар наомадааст ва пай набурдааст, ки дар алифбои юнониасоси гузаштагони мо (дар пайравӣ ба алифбои оромии собиқашон) садонокҳои кӯтоҳи а, и, у, е навишта намешуданд. Ҳамчунин пай набурдаанд, ки катибаҳо ба усули хитобӣ зикр гардидаанд. Мисол: Сутурго Конишако Кӯшоно, амсоли «Шоҳо, гетифурӯзо, додгустаро, тахту тоҷат поянда бодо!» дар замони Сомониён. Бинобар ин ҳам исму ҳам феълҳо дар охир «о» мегирифтанд.
Вақте сангнавиштаи Сурхкӯталро хондам, маълум гардид, ки қасру маъбади зардуштии мусаммо ба Аноҳито бо фармони шоҳаншоҳ Меҳромон Конишаки Кӯшон, яъне писари Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон бунёд шудааст. Дар катиба шукуҳу ҳашамати қасру маъбад, тасвири барқади шоҳ, зинаҳои дарозу баланди бино тавсиф мешавад, суханони шоҳ дар бораи ҳамосаофаринии ӯ, гузоштани муҷассамаҳои бузург («девотан»)-и қаҳрамонон ва дини расмии Кӯшониён-дэини ахшатрик (аз авестоии хшатра-подшоҳӣ) ва аревик (ориёӣ) оварда мешавад.

- Пас дини расмии Кӯшониён зардуштӣ будааст?
- Бале, шоҳони кӯшонӣ аз Фарниёрод Котвил Кадфисшоҳ гирифта, то Кӯшоншоҳ Озарвону Варҳуман ва дигарон зардуштӣ будаанд, ҳеҷ вақт ба Буддо имон наовардаанд. Худашон унвони мӯбади мӯбадонро доштанд. Масалан, дар катибаи Сурхкӯтал Меҳромон Конишаки Кӯшонро «Суғдо могопед», яъне муғопади Суғд гуфтаанд. Ман намефаҳмам, ки бар чӣ асос таърихшиносони мо чунин навиштаанд: ҳатто тавонотарин шоҳаншоҳи кӯшонӣ Канишка (яъне, Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон) ба буддоии ашаддӣ табдил ёфта буд.
Агар дар замонаш муҳаққиқони номбурда, хусусан В.Лившитс сангнавиштаи Сурхкӯталро дуруст мехонданду тарҷума мекарданд, масъалаҳои марбут ба бумӣ бунади Кӯшониён, пайрави Зардушт ва посдори оини Каёниён будани эшон ва ба забони дарӣ будани каломи онҳо солҳои 60-уми асри гузашта ҳалли худро меёфт. Мутаассифона, муҳаққиқони аввалину охирини сангнавиштаи Сурхкӯтал бо ғалатхониҳои худ таърихшиносонро ба бунбаст бурдаанд ва ҳанӯз ҳам ақидаи ғайрибумӣ ва ғайризардуштӣ будани Кӯшониён аз сари ағлаби таърихшиносон дур нарафтааст.
Худи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон дар катибаи бузургаш, ки дар соли 1993 аз тарафи мардум ёфт шудааст, зикр мекунад, ки Аноҳита бо хости Аҳурамаздо ба вай фарри шоҳаншоҳӣ ва унвони «сояи Худо»-ро тақдим доштааст. Аноҳитаро дар сангнавиштаҳои Кӯшонин бо номҳои нана (модар дар гӯиши Бухоро), бэйӣ (модар дар гӯиши Самарқанд), момо ва мома (дар гӯиши минтақаҳои дигар) низ ба забон мегиранд. Шакли Нанобаго-модархудо ҳам ба назар мерасад.

- Сангнавиштаи Работак тақрибан ба кадом аср мансуб аст?
- Катибаи Сурхкӯтал ба солҳои 70-уми асри 2-и пеш аз мелод ва сангнавиштаи Работак назар ба воқеаҳои мундариҷ дар он ба солҳои 209 -208-и пеш аз мелод тааллуқ доранд. Катибаи Работак-катибаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон аз назари сохтор беназир аст. Он чаҳор бахш дорад. дар бахши аввал аз нахустин шоҳону родмардоне ёд мешавад, ки барои озодии кишварашон Arean awji (шакли дигараш бо артиклҳо омада: Arean d’awji, Arean t’awji, яъне Ориёни баланд ё баландкуҳ, ҳамон Areanam weja дар «Вандидод»-и Авесто фақат бо иловаи афзунаи суғдии «а» дар аввали сифат) мубориза бурдаанд.
Бахши дуввум аз ситудномаи шоҳонӣ иборат аст ва дар он ҳокимони минтақаҳо ва родмардоне, ки дар озодсозии кишвар аз юнониён ва муттаҳид сохтани мардум ҳамсафу ёрирасони Хубгуҳаршоҳ будаанд, ситоиш мешаванд. Севвум, бахши тоҷгузорӣ ва зикри номҳои шоҳонест, ки Аноҳита пеш аз Хубгуҳаршоҳ ба онҳо фарри шоҳаншоҳӣ ва унвони «сояи Худо»-ро тақдим кардааст. Инҳо иборатанд аз Фарниёрод Кожвил Кадфис, Ниёгевдод Вимо Тактошоҳ, Эзиддод Вимо Кадфисшоҳ. Тактошоҳро дар сангнавиштаи Дашти Навор ба лақаби Ягтошоҳ=Яктошоҳ низ ёд кардаанд.
Шумо номҳои зебо ва сирф тоҷикии шоҳони кӯшониро бори аввал мешунавед. Дар китобҳои таърихшиносони мо лақабҳои онҳо ба сабаби ғалатхонӣ ба шаклҳои аҷоибу ғароиби Канишка, Куҷула, Кужуло, Куҷулу, Вима, Такту ва ғайра омадаанд. Чун дар давродаври сиккаҳо фақат унвону лақабҳои онон навишта мешуданд, бинобар ин ҳам дар сангнавиштаҳо номҳои эшонро низ зикр ва ҷовидон кардаанд.
Дар охирин бахши ин сангнавишта, ки ба сабаби фарсудагии баъзе вожаҳо хондани он ҳанӯз такмил нашудааст, фармони шоҳаншоҳ дар бораи гузоштани муҷассамаҳои ҳокимони минтақаҳо ва родмардони мубориз дар шаҳрҳои кишвари Awjiya (ин ҷо фақат сифати мамлакат омада) зикр гардидааст. Зимнан, дар сангнавиштаҳои Доро ва Хашоёршоҳи Ҳахоманишӣ дар чаҳор ҷой номҳои се кишвари ориёӣ – Порс, Мод ва Awji қаламдод шудааст. Касе аз таърихшиносони тоҷик (агар огоҳ бошад) аҳамияте намедиҳад, ки ин Awji дар куҷо буд? Охир ин ҳамон сарзамини Каёниён аст!
- Хуб, ин сангнавиштаҳо ва катибаҳои дигар аз назари таърих ва таърихи забон хеле муҳиманд. Бигӯед, ки масалан, дар катибаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ ба кадом воқеаҳои таърихӣ ишора шудааст?
- Аввалан, чунонки гуфтем, ин катибаҳо исбот мекунанд, ки Кӯшониён баракси тасаввури иддае аз таърихшиносони шӯравӣ ва тоҷик кӯчиёни саҳронавард набуданд, балки бумӣ буданд, на буддоӣ, балки дини расмии зардуштӣ доштанд. Сониян, дар сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ ба ду нуктаи хеле муҳим таъкид мешавад.
Якум. Ҷумларо аз сангнавишта айнан меорам: Андар Тухварон вистоду ай Ҳирум Ҳинд або Синд виситод. Ҳоҷат ба тарҷума нест. Фақат бояд бигӯем, ки минтақаҳои ховарии кишвари Arean awji - аз Фарғона то шимоли Синдро Тухвара ва баъдан Тухварон ва сокинонашро тухварик ва атухварик, яъне ховарӣ меномиданд). Дар давоми ин суханҳо Хубгуҳаршоҳ зикр мекунад: кадеварону муғакони мо аз юнониён дод ситодаанд. Инро касе мегӯяд, ки кишвари худро озод кардааст. Бад-ин маънист, ки ҷанги Кӯшониён бар зидди юнониён ва баҳри озодии меҳани аҷдодӣ одилона буд. Ин ҷумла нишон медиҳад, ки Синду Ҳиндро Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон озод карда будааст. Таърихшиносони мо менависанд, ки Куҷула Кидфизу Вима, Кадфиз Синду Ҳиндро забт карда буданд. Чунин чизе набудааст.
Ҷумлаи дигар меорам, ки барои таъйини замони ҳукмронии шоҳаншоҳони аввали кӯшонӣ, аз ҷумла худи Хубгуҳаршоҳ хеле муҳим аст: Анэимано (ноимон, бедин) Ҳирумо Домгононро до (=то) дамгаҳ омад. Баъд аз ин гуфта мешавад, ки Аҳурамаздои раҳнамои ҳамадон (Аҳурамаздо маздоведаго) ба Суруши родон пайғоми пирӯзии ӯй (яъне, Хубгуҳаршоҳ)-ро дод. Манзур ин, ки Хубгуҳаршоҳ дар ҳодисаи Домгонон (Домғони имрӯзӣ) пирӯз шуд.
Ҳодисаи Домгонон дар таърих машҳур аст, зеро он барои бақои давлати Ашкониён сарнавиштсоз буд. Шоҳи ашконӣ-Ардавон-писари Аршаки аввал, ки пас аз бародари ӯ Тирдод ба тахт нишастааст, ҳангоми кишваркушоӣ дар ғарб дар соли 210-и пеш аз мелод ба ҳудуди Селевкиён ҳамлавар мешавад. Шоҳи Селевкиён Антиохи севвум дар айни асабоният артиши Ардавонро ба сӯйи шарқ меронад, пойтахти нави ӯ Экбатон (Ҳамадон)-ро ишғол мекунад ва бо шитоб пойтахти пешини Ардавон – «Шаҳри дувоздаҳдарвоза» (Ҳекотампил)-ро, ки дар наздикии Домгонон (Домғон) воқеъ буд, низ тасарруф менамояд. Ардавон ба тарафи Марв, ки аз қаламрави Кӯшониён буд, ақибнишинӣ мекунад. Давлати Ашкониён бо хатари нобудӣ рӯ ба рӯ мешавад. Дар ин асно Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон бо эҳсоси хатар (ва шояд бо хоҳиши Ардавон) ба ёрмандӣ мешитобад. Артиши Антиохи севвумро дар Домгонон шикаст медиҳад. Антиох маҷбур мешавад, ки бо Ардавон муоҳида бандад ва шоҳаншоҳии вайро эътироф намояд. Пас аз мағлубии Антиохи севвум касе аз подшоҳони селевкӣ ба тарафи шарқ лашкар накашидааст.
Сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳ шаҳодат медиҳад, ки ин далермарди таърих, ки мардуми Arean awji-ро таҳти як шоҳаншоҳӣ муттаҳид кардааст, дар соли 210-и пеш аз мелод шоҳе шуҷоъ, тавоно ва дар айни нерумандӣ будааст. Ин далели раднопазири таърихист.
Сад афсӯс, ки таърихшиносони шӯравӣ давраи ҳукмронии шоҳони аввали кӯшониро ба асрҳои 1-3-и баъд аз мелод нисбат додаанд ва бо гузашти 600 сол аз вафоти Алаксандари Ҳирумик дар осори ҳунару фарҳанги гузаштагони мо таъсири қавии элленизмро ҷустаанд, бисёре аз рамзу тимсоли зардуштиро элленистӣ донистаанд.

- Аз ҳодисаи Домгонон бармеояд, ки давлати Кӯшониён чанд даҳа пеш аз давлати Ашкониён ба вуҷуд омадааст?
- Таърихшиносони Эрон таъкид мекунанд, ки дар аснои муборизаи Аршаки аввал-асосгузори давлати Портиён дар солҳои 251-250-и қабл аз мелод суғдиёну бохтариён ба вай ёрмандии зиёд кардаанд. Таърихшиносони юнонӣ менависанд, ки ҳангоми истиқлолталабии Аршаки аввал ва ақибнишинии Ардавон дар ҳуҷуми Антиохи севвум афарниё (бидуни афзунаи суғдии «а» - афарниё) ва деҳикон (ё даҳа) ба онҳо дасти ёрӣ дароз кардаанд. Аммо юнониён афарниё (ба юнонӣ ва лотинӣ афарниае ва фарни) ва деҳиконро қабила мешуморанд. Дар асл афарниёҳо (авлоди шоҳони каёнӣ, касоне, ки ниёгонашон фарри шоҳӣ доштанд) ва деҳикон (ҳокимони шаҳракҳое, ки «даҳа» номида мешуданд ва дорои 10 ҳазор ва бештар аз он аҳолӣ буданд) на ба қабилае, балки ба қишрҳои иҷтимоии ҷомеа мансуб буданд. Хубгуҳаршоҳ дар сангнавиштааш Аҳурамаздоро «худои деҳикон» гуфтааст. Фирдавсӣ мегӯяд: кори деҳикон (арабишудааш – деҳқон) аз доду диҳиш, яъне барқарории адолат ва фароғати иҷтимоъ иборат буд.
Вожаи таркибии «фарниё» дар номи яке аз аввалин шоҳони кӯшонӣ- Фарниёрод Кожвил Кадфис омадааст. (Кож=коҷ, санавбар; вил=пирӯзӣ).
Ногуфта намонад, ки бино бар зикри таърихнигорони юнонӣ, Аршаки аввал-асосгузори давлати Ашкониён аз ғарби Бохтар буд ва бо фарниёҳо иртиботи хешовандӣ дошт. Фақат тафовут дар ин аст, ки Аршак бе шигарфи сиёсӣ дар сиккаҳояш вожаи «эллинофил» (дӯстдори юнониён)-ро зикр мекард ва Хубгуҳаршоҳ дар катибааш юнониёнро аз назари оини зардуштӣ ошкоро «анэимон» (бедин, беимон; «имон» дахил ба арабӣ аз дарӣ ба воситаи паҳлавик) номидааст.
Ду далели дигар низ бумӣ будани Кӯшониёнро собит мекунад: яке ин ки дар пушти сиккаҳои шоҳони аввали кӯшонӣ бо навиштаҳои суғдӣ ва юнонӣ (асри 3-и пеш аз мелод) тасвири Ораши камонвар вуҷуд дорад. Дуввум ин, ки дар пушти сиккаҳои Эзиддод Вимо Кадфизшоҳ, ки пеш аз Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшон подшоҳ будааст, ҳамчунин сиккаҳои шоҳони дигар тимсоли Трайтеон-Фаридуни савори говмеш бо найзаи сетеға (дар Авесто: аст ва тэрита – сетеғаи пирӯзӣ) тасвир шудааст. Ин тимсоли қудсӣ дар сангнавиштаҳои Кӯшониён бо номи Шизо Третавӣ (дорои се нерӯ) ёд мешавад ва бо Шивои буддоӣ ҳеҷ умумияту иртиботе надорад.
Аллома Бобоҷон Ғафуров дар «Тоҷикон» бо истинод ба сиккаҳои асри 3-и пеш аз мелод бо навиштаҳои суғдиву юнонӣ ва тасвири фарде камонвар чунин тахмин мезанад: шояд Суғд пештар аз минтақаҳои дигар аз султаи юнониён озод шуда бошад. Бале, сангнавиштаҳо тахмини эшонро таъйид мекунанд. Чун афарниёҳо ва деҳикон дар минтақаҳое, ки пойи Алаксандари Ҳирумик нарасида буд, интизори фурсат буданд, пас аз марги зудҳангоми ӯ дар Фарғонаву Суғду Тухварону Бохтари шимолӣ (дар сангнавиштаҳо:Вахшонон) бар зидди юнониён бархостанд ва ниҳоят Бохтари ҷанубиву ғарбиро низ аз Евтидеми ғосиб озод карданд.
Пас аз марги Алаксандари Ҳирумик шахсе бо номи Диодот худро қоиммақом эълом намуд. Ӯ кушта шуд. Баъд аз вай шоҳзода селевкӣ Антиох дар Суғду Бохтар қоиммақом таъйин шуд, вале бо гузашти чанд сол ӯ ба тахти Селевкиён чун шоҳ Антиохи аввал нишаст. Таърихнигорони юнонӣ касеро ном намебаранд, ки дар Суғди паҳновар (на он Суғде, ки араб мефаҳмад) аз тарафи Селевкиён «басилевс» (шоҳ ё қоммақом) таъйин гардида бошад. Шоҳоне чун Шоҳ Донӣ Доӣ, Родо Кидеваки Вахшон, Ардахшон, Фарниёрод Кожвил Кадфис, Ниёгевдод Вимо Тактошоҳ, Эзиддод Вимо Кадфисшоҳ дар минтақаҳои соҳили рости Ому то он сӯйи рӯди Сир пеш аз Хубгуҳаршоҳ Конишаки Кӯшонӣ пояҳои аввалини шоҳаншоҳии Кӯшониён-ин давлати фаромӯшшудаи тоҷиконро гузоштаанд.
Ба ҷуз касоне, ки ном бурдаам, дар сангнавиштаи Хубгуҳаршоҳи Кӯшонӣ ва катибаи Дашти Навор номҳои шоҳзодагон, шоҳони минтақаҳо ва мардони шуҷои дигар низ зикр шкдаанд: Шатриаки Шаҳром, Пояндафурӯғ Дажо, Васугевдод, Аредод (Оридод), Лурниё Тактошоҳи Кӯшон, Хувишаки Кӯшон, Васишаки Кӯшон, Висогеви Кӯшон, Изногеви Кӯшон, Хубиёншоҳи Кӯшон, Кӯшоншоҳ Озарвон ва дигарон.

- Дар китобҳои дарсии таърих ҳадс мезананд, ки баъд аз ишғоли минтақаҳои соҳили чапи рӯди Ому аз тарафи Сосониён дар охири асри чаҳоруми мелодӣ гӯё фотиҳаи давлати Кӯшониён хонда шудааст. Ҳамин тахмин воқеият дорад? 

- На. Дар минтақаҳои ишғолӣ шоҳзодагони сосонӣ бо унвони «Вузурго Кӯшоншоҳо» (навиштаи сиккаҳо) ҳукм меронданд. Аммо дар соҳили рости Ому давлати Кӯшониён дар пойи худ устувор будааст. Дар яке аз номаҳое, ки дар «Ганҷинаи хаттии Турфон» (Олмон) нигаҳдорӣ мешавад, ҷумлаи аввали хитобӣ ҳифз шуддааст. Ман аз рӯи акс чунин хондам: Вараҳромо, сутурго Кӯшоншоҳо, хидеви Суғдо! (Ҳамин Баҳром аз гузаштагони Сомониён буд, на Баҳроми Чӯбина!)
Аз сӯйи дигар, Хурдодбеҳи Мохандаронӣ (асри 9) дар «Ал-масолик» менависад, ки шоҳони Мовароуннаҳр пеш аз омадани аъроб унвони «Кӯшоншоҳ»-ро доштанд. Абулҳасан Масъудӣ дар китобҳои худ дар солҳои 943-952 бо такя ба манобеи қадимтар зикр мекунад: то омадани аъроб аз рӯди Ому то девори Чин давлати Кӯшониён пой бар ҷой буд. Ба инҳо боз як далели дигарро изофа мекунем. Дар поёни сангнавиштаи Меҳромон Конишаки Кӯшон (Сурхкӯтал) дар сатри алоҳида аз le тарафи номи шоҳ ду рамз ба назар мерасад: яке рамзи гули нилуфар ва дигаре ҳарфи «к»-и алифбои суғдӣ, ки онро сиккашиносон «У - образный знак» мегӯянд. Ин нишони хонаводагии силсилаи шоҳон буд. Он дар пушти сиккаҳои ҳамаи шоҳон-Кӯшоншоҳ Озарвон, Шизофар, Варҳуман ва дигарон то омадани аъроб, ҳатто дар сиккаҳои Ғӯрак, Тургар ва Эзид, ки пас аз омадани аъроб подшоҳӣ кардаанд, намоён аст. Илова бар ин, ҳамон вожаи «Аво» (ба маънии дурахшон, аз ав=об), ки дар сангнавишта пеш аз номи Меҳромон Конишаки Кӯшон зикр шудааст, пеш аз номи тамоми подшоҳони Суғд низ омадааст.
Дар ҷраёни пажуҳишҳо аз вуҷуди артиклҳои d (da, de, du) ва l (la) дар забонҳои авестоӣ ва d’ari пай бурдам. Дар ин бора дар фурсати дигаре мегӯем.
Ҳоло фақат як бандеро аз шеъри семисраӣ аз сангнавиштаҳои Самарқанд (асрҳои 7-8 мелодӣ), ки дар соли 91 ҳиҷрӣ=712 мелодӣ ҳак шудааст, меорам. Навиштаи санги қабри яке аз шоҳони Суғд (банди аввал; андозаи санг 2м х 40см):
Дареғо, гар бе гуле басе рӯзгон бираванд,
Гар бок н-оварӣ, ройе бигӯ бар хоки мо буланд.
Дӯстон, гар мо хоки по шудему хишт…
Шумо дар мисоли сангнавиштаҳои кӯшонӣ ҳис кардед, ки забони дарӣ дар асри 3-и пеш аз мелод ва аввали асри ҳашти пас аз мелод дар кадом дараҷаи такомул будааст. Ин забон аз тариқи яке аз марказҳои динӣ ва фарҳангии гузаштагони мо-шаҳри Паҳлава (Паҳлав, Паҳла, Палх) ба тарафи Порс интишор ёфтаву аз номи ин шаҳр ба «паҳлавик» мусаммо шудааст...
Имрӯзҳо болои китобе бо номи «Шоҳаншоҳии Кӯшониён: дин, фарҳанг, забон» кор мекунам ва мекӯшам, то дар таҳқиқи ин давра аз таърихи халқи азизи худ саҳме гузошта бошам.

- Кори савобе мекунед. Муваффақ бошед! Ташаккур барои суҳбат.

Суҳбати Сайидҷалол Сайидзода

Хонданд 697

Олиме дар масири розҳои фалсафа

Нояб 11, 2017
Диданд: 377

Дар дунёи илм кам касеро муяссар мешавад, ки номи худро битавонад ҷовидонӣ сабт намояд. Ин арсаи паҳновар олимону муҳаққиқони зиёдеро дидааст, аммо танҳо иддаеро бахт даст додааст, ки номбардори кори худ бошанд. Чи тавре ки аз таърихи илми башар маълум аст, дар ҳама давру замон аз миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа шахсиятҳое ба арсаи ҳаёт қадам мегузоранд, ки бо хизматҳои софдилона ба халқу ватан ва рафтору гуфтори накӯ дар дилу дидаи хурду калон ҷо мегиранд. Яке аз чунин ашхоси муътабару гиромиқадр олими шинохтаи тоҷик, файласуфи маъруф, муаллими арҷманд, доктори илмҳои фалсафа, академик Мӯсо Диноршоевич Диноршоев мебошад. Ин марди хирад ва олими фозил ҳар лаҳзаи умри пурсамару пурбаракати худро содиқона ба илм ва пешбурди ҳаёти ҷомеа бахшидааст.

Мӯсо Диноршоев соли 1934 дар деҳаи Арзунки ноҳияи Тавилдара (Сангвори имрӯза) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ соли 1944 ба мактаби миёна рафта, соли 1949 синфи панҷумро бо муваффақият ба итмом мерасонад. Худи ҳамон сол тарбиятгирандагони хонаи бачаҳои собиқ вилояти Ғарм аз сабаби заминларзаи шадиди Ҳоит ба мақсади бехатарӣ ба ноҳияҳои марказии Тоҷикистон интиқол дода шуданд. Дар қатори дигар ҷавонон Мӯсои ҷавонро низ ба хонаи бачаҳои ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) фиристоданд. Сипас ӯ ба Омӯзишгоҳи педагогӣ дохил гардида, аз соли 1949 то 1953 дар он ҷо таҳсил менамояд ва баъди хатми он чанд муддат дар мактаби миёна ба ҳайси омӯзгори фанни риёзӣ фаъолият кардааст.
Орзуҳои айёми кӯдакию наврасӣ ӯро соли 1954 ба даргоҳи факултети таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ) овард, ки ин боргоҳи илму маърифатро соли 1959 бо баҳои аъло ба поён расонид. Мӯсои ташнаи илму дониш дар баробари таҳсил дар донишгоҳ, таҳти роҳнамоии файласуфи шинохтаи шӯравӣ В.С.Библер барномаи таълимии факултети фалсафаи ДДМ ба номи М.В.Ломоносовро пурра аз худ намуд. Ба эътибори донишу маҳорати баландаш Мӯсо Диноршоевро баъди хатми донишгоҳ бо тавсияи В.С.Библер ва дастгирии президенти вақти Академияи илмҳо С.У.Умаров барои омӯзишу пажуҳиш ва фаъолияти илмӣ ба шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ фиристоданд. Дар ин боргоҳи илму маърифат сифатҳои баланди касбӣ, қобилияти кордонию ташкилотчигӣ, ҳисси баланди масъулиятнокӣ, ҳалимию нармгуфторӣ ва поквиҷдонии М. Диноршоевро ба эътибор гирифта, ӯро ба вазифаҳои масъулиятнок – сардори сектори шуъбаи фалсафаи АИ ҶТ (солҳои 1968-1986), сармуҳаррири Энсиклопедияи советии тоҷик (солҳои 1986-1988) ва сарвари шуъбаи фалсафа (солҳои 1988-1991) тайин менамоянд. Маҳз бо кӯшишу талошҳо ва заҳмату машақатҳои шабонарӯзиаш Мӯсо Диноршоев тавонист, ки шуъбаи фалсафаро ба Институти фалсафаи ба номи А.М.Баҳовуддинов табдил дода, аввалин роҳбарии онро (солҳои 1991-2007) худаш бар душ гирифт. Устод М.Диноршоев дар ин вазифа тамоми қувваю нерӯи ҷисмонию ақлонии худро истифода карда, дар пешбурди кори он саҳми арзанда гузошт. Яъне меҳнати пайваста, ҷаҳду талош ва дилбохтагии беандоза ба илму касби худ ӯро чун шиновари моҳир аз миёни амвоҷи пуртӯғёни зиндагӣ ба соҳили мурод расонид. Устоди гиромиқадр М.Диноршоев пайваста пайи пажуҳишу таҳқиқот ва ковишҳои нав ба нави илмӣ буда, дар заминаи чунин ҷустуҷӯҳо соли 1967 рисолаи номзадӣ ва соли 1987 рисолаи докториро бо муваффақият дифоъ менамояд. Китобу рисола ва мақолаҳои сершумори илмию тадқиқотии устодро ба эътибор гирифта, ӯро соли 1991 узви вобаста ва соли 1994 узви пайваста (академик) - и АИ ҶТ интихоб карданд. Донишпажуҳиши маъруф Мӯсо Диноршоев дар давраи дар Академия фаъолият намуданаш, солҳои 1994-1995 иҷрокунандаи вазифаи ноиби президент, солҳои 1996-2000 ва 2005-2010 ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии АИ ҶТ-ро бар зимма дошт.
Устоди гиромӣ М.Диноршоев дар баробари пажуҳишу таҳқиқот, навиштани китобу дастурҳо ва ба уҳда доштани вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин дар тарбияи кадрҳои соҳибунвони фалсафии на танҳо ҷумҳурӣ, балки хориҷи кишвар саҳми арзанда доранд. То имрӯз зери роҳнамоии ӯ наздики сӣ нафар рисолаҳои докторӣ ва қариб 50 нафар рисолаҳои номзадӣ дифоъ кардаанд. Дар байни онҳо ҳам фарзандони Тоҷикистон ва ҳам намояндагони мамолики мухталифи ҷаҳон-Русия, Белоруссия, Қирғизистон, Афғонистон ва Эрон ҳастанд. Масалан, С.А.Бутуров (Русия), А.Бекбоев (Қирғизистон), Али Тулуъӣ (Эрон), С.Гретский (Белоруссия), Ковиш (Афғонистон), К.Олимов, А. Шамолов, Ф.Сироҷов, Б.Бобохонов, Р.Комилов, Х.Идиев, С.Раҳимов, И.Асадуллоев, М.Раҳимов, Н.Арабзода, З.Додобоева, М.Ҳазратқулов, Ҳ.Мӯминҷонов, О.Зоҳидов, А.Муҳаммадхоҷаев, Н.Назариев, М.Ғуломов, Х.Шоихтиёров таҳти роҳнамоии ин олими шаҳир рисолаҳои номзадию доктории хешро дифоъ карданд.
Муаллими олиқадр М.Диноршоев дар баробари таълиму тарбияи мутахассисони оянда ва тайёр кардани олимони соҳибунвони ватанӣ, инчунин, пайваста ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғул мешавад. Ӯ олим ва таҳқиқотчии пуркору сермаҳсул буда, таҳқиқотҳову корҳои илмии ӯ бештар ба таърихи фалсафаи тоҷику форс, фалсафаи илм, фалсафаи табиатшиносӣ, фалсафаи марксизм ва соҳаҳои мухталифи фалсафаи муосир бахшида шудаанд. Ба қалами устод зиёда аз 300 монография, воситаҳои таълимию методӣ ва мақолаҳои илмӣ тааллуқ доранд, ки аксари онҳо дар хориҷи кишвар ба нашр расидаанд.
Фаъолияти илмию омӯзгории академик Мӯсо Диноршоев бо ин хулоса тамом намешавад. Илова ба масруфиятҳое, ки зикраш рафт, хизматҳои пурсамари ӯ дар ҷодаи илм бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму техника ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳо ифтихорномаву медалҳои ҷашнӣ, соҳавию ҷамъиятӣ, давлатӣ ва байналхалқӣ қадр карда шудаанд.
Имрӯзҳо, чун рӯзгори пешин, устоди азиз М.Диноршоев бо нерӯю ақли созанда дар паи омода намудани олимони ҷавон ва тадқиқоту пажуҳишҳои ҷадиди илмӣ мебошад. Ин марди шариф, инсони оқилу хирадманд, устоди ҳалиму мушфиқ дар айёми камолоти худ аст ва пайваста дониши андӯхтаи худро баҳри ривоҷу равнақ бахшидан ба илму техникаи ватани маҳбубаш беш аз пеш ба кор мебарад.
Устоди гиромиқадру меҳрубонро ба муносибати 81- умин солгарди баҳори умраш табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама барои ӯ ва аҳли оилааш саломатӣ, умри дароз, хотири ҷамъ, бахту саодат талаб дорем. Орзумандем, ки устоди азизи мо чун пештара ҷавону солим бошад ва таманно мекунем, ки Худованд умри ӯро бияфзояд, то ин инсони донову олими тавоно ҳарчӣ дар умри гузаштаи худ андӯхтааст, дар оянда бештар амалӣ намояд. Ва маротибаи дигар аз пайи тадқиқотҳои илмӣ рафта, ба қуллаҳои фатҳношудаи чӣ илми физика ва чӣ илми кимиё расад. Ба қавли шоир:
Марди ҳунарманди ҳунарпешаро,
Умр ду бояст дар ин рӯзгор.
То ба яке таҷриба андӯхтӣ,
Бо дигаре таҷриба бурдӣ ба кор.

Мо дар амалӣ гаштани ин нияти хайр ба устоди арҷманд, академик Мӯсо Диноршоев тани сиҳату нерӯи дучанд ва рӯзгори ободу бегазанд таманно дорем!

Илҳом ҶУМЪАХОНЗОДА

Хонданд 377

Рӯдакӣ ва ҷашни Меҳргон

Нояб 08, 2017
Диданд: 411

Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимтарини мардуми ориёитабор буда, таҷлили он дар фасли тирамоҳ ҳангоми ҷамъоварии меваю сабзавот, ғалладонаву дигар ҳосилоти маҳсули дасти деҳқонон барпо мегардад.

Ҷашни Меҳргонро дар тӯли таърих мардумони эронитабор ба мисли ҷашни Наврӯз гиромӣ медоштанд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва мавсими киштукори баҳории деҳқонон бошад, Меҳргон дар фасли тирамоҳ мавсими ҷамъоварии ҳосилотро фаро мегирад. Ҳардуи ин ҷашнҳоро маъхазҳои қадимӣ ду қутби зиндагии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз оғози сол сар шуда, то фасли тирамоҳ анҷом мепазиранд.

Истилоҳи «меҳргон» дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъниҳои «меҳру муҳаббат бастан, муҳаббат варзидан, тирамоҳ, хазон, моҳи аввали пойиз, меҳрмоҳ, номи моҳи ҳафтуми соли шамсӣ, ки Офтоб дар бурҷи Мизон қарор дорад ва он ибтидои фасли тирамоҳ ва эрониёни қадим онро муборак шумурда, ид мекарданд ва ин рӯзро меҳргон меномидаанд, мувофиқи достони қадимӣ, рӯзи ҳабс карда шудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд будааст ва номи яке аз идҳои қадимаи мардуми эронинажод омадааст».

Роҷеъ ба таърихи пайдоиш ва баргузории ҷашни Меҳргон дар маъхазҳои таърихиву илмӣ ва фолклорӣ маълумоти мухталиф дода шудааст. Чи тавре ки аз сарчашмаҳо бармеояд, Меҳргон ҷашни аҷдодии мардумони форсизабон буда, он дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешудааст ва мувофиқи баъзе маълумотҳо он аз ҷашни Наврӯз бартарӣ доштааст. Аз ин ҷост, ки олим, мутафаккир ва ҳакими барҷастаи тоҷик Абӯрайҳон Берунӣ дар асари пурарзиши худ «Осор-ул-боқия» дар хусуси ин ҷашни куҳан ва таърихии мардуми Ориёӣ маълумоти дақиқу арзишманд додааст. Чунончи: «Меҳрмоҳ, рӯзи аввали он ҳурмуздрӯз аст. Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст, ки хазони дуюм бошад. Ва ин ид монанди дигар идҳо барои умуми мардум аст. Ва тафсири он дӯстии ҷон аст. Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ин аст, ки ин рӯзро «Меҳргон» гӯянд. Далел бар ин гуфтор он аст, ки аз оини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар чархи худ дар он тоҷ савор буд. Ва дар ин рӯз барои эрониён бозоре пайдо мешавад».

Аз маълумоти Берунӣ бармеояд, ки ҷашни Меҳргон бо гардиши хуршед вобаста буда ва ин ҷашн тарғибкунандаи дӯстиву бародарӣ ва якдилӣ будааст. Ин маъхаз ба он шаҳодат медиҳад, ки махсусан дар рӯзи ҷашни Меҳргон бозор барпо гардида, маркази тиҷорати мардум мебошад ва дар байни эронитаборон ба вуҷуд омадааст.

Дар илми фолклоршиносии тоҷик роҷеъ ба ҷашни Меҳргон фолклоршиносон Аҳмадов Р., Р. Раҳмонӣ ва Раҳимов Д., андешаҳои ҷолибро дар мақолаву маҷмуаҳои алоҳидаи худ зикр намудаанд. Дар мақолаи Аҳмадов Р. «Шод бошед, Меҳргон омад» (2008) оид ба таҷлил ва баргузории ин ҷашни таърихӣ дар адабиёти китобӣ ва шифоҳӣ ва махсусан дар хусуси оростани хони меҳргонӣ иттилои хуб дода шудааст: «Дар даврони куҳан аз маъмултарин ва ҷолибтарин русуми меҳргонӣ оростани хони меҳргонӣ будааст, ки хеле бошукуҳ бо оростану перостани хон бо ҷамъи меваҷот сурат мегирифтааст. Дар Меҳргони бузург шоҳ намояндагони вилоятҳо ва шаҳрҳои кишварашро қабул мекард. Онон барои шоҳ ва ғанӣ гардонидани давлату хазина туҳфаҳо меоварданд. Борёфтагон ҳадяҳоро ба шоҳ бо навбат месупориданд. Баъдан дар патнуси тиллоӣ болояшро бо матои гаронбаҳо пӯшида, ашёҳои рамзиро ба назди шоҳ мегузоштанд, ки онҳо пандомӯз буданд». Фолклоршинос Раҳимов Д. соли 2012 маҷмуаеро бо унвони «Ҷашни Меҳргон» нашр намуд, ки он аз сездаҳ мақола иборат буда, дар ҳар мақола роҷеъ ба истилоҳи «Меҳргон», замони баргузории ин ҷашн, суфраи меҳргонӣ, аз таърихи пайдоиши Меҳргон ва ғайра маълумоти муфиди таърихиву фолклорӣ дода шудааст. Чи тавре ки ӯ менависад: «Меҳргон ҷашни мардумист. Онро шоҳони сосонию амирони сомонӣ бо халқ ва барои халқ барпо менамуданд. Дар доираи таҷлили Меҳргон онҳо корҳои кишоварзию боғдорӣ ва касбу ҳунарҳоро таблиғ мекарданд, мардумро ба иттиҳоду дӯстӣ ва рафоқату бародарӣ мехонданд. Ҳамин гуна арзишу ғояҳои судбахши Меҳргон буд, ки вусъату тамдиди онро таъмин кард ва то ба рӯзҳои мо дар шаклу суратҳои гуногун омада расид».

Меҳргонро чун ҷашни аҷдодӣ дар Тоҷикистон ҳамасола бо шукуҳ ва шаҳомати зиёд ҷашн мегиранд. Мавриди зикр аст, ки дар замони Истиқлолияти кишвари мо бо ибтикори сарвари муаззами кишавар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Меҳргон дубора эҳё гардид. Минбаъд ҳамасола ҳаштуми октябр ҷашни Меҳргон дар кишвари мо таҷлил мегардад.

Метавон ёдовар шуд, ки яке аз давраҳои хуби таърихӣ барои зиндаву ҷовид нигоҳ доштани ҷашнҳои миллии мо ин замони салтанати Сомониён буд ва дар ин давра ҷашни Меҳргон бо ҳама одоту анъанаҳои марбут ба он таҷлил карда мешуд. Ва дар ин замон падари шеъри форсӣ устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳаёти осудаву оромро паси сар карда, дар дарбори амирони сомонӣ машғули кору эҷод буд ва дар ҳар ҷамъомаду нишастҳои меҳргонӣ бо аҳли дарбор ҳамнишинӣ ва ширинсуханиву машшоқӣ мекард. Чи тавре ки аз ривояти Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар хусуси эҷоди қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» бармеояд, гуруҳи дарбориён бо ҳамроҳии Наср ибни Аҳмади Сомонӣ соле дар фасли тирамоҳ аз Бухоро ба шаҳри Ҳарӣ (Ҳирот) сафар мекунанд ва фазову муҳити онҷо ба шоҳ писанд меояд ва дар он ҷо чаҳор сол сукунат мекунанд ва дар охир ҳайати гуруҳро ёди ватану фарзандон фаро мегирад ва ягон шахсе аз ҳамроҳон ёрои бо шоҳ дар ин бора муроҷиат карданро надоштанд. Пас сарони лашкару меҳтарони мулк ба назди Рӯдакӣ мераванд ва ба ӯ панҷ ҳазор динор ваъда медиҳанд, то ки шоир санъатеро истифода барад ва шоҳ ба Бухоро баргардад. Ва Рӯдакӣ ин маслиҳатро пазируфта, шабҳангом қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-ро менависад ва дар субҳ назди шоҳ онро дар пардаи «ушшоқ» месарояд ва пас аз ин воқеа шоҳ ғамгин мешавад ва ин қасида чунон таъсир мерасонад, ки шоҳро ёди диёраш ба сар мезанад. Ҳамин тавр подшоҳ ба Бухоро бармегардад. Ин воқеияти таърихиро донишманди бузурги форсу тоҷик Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар асари худ «Чаҳор мақола» моҳирона нақл намудааст. Чунонки ӯ менависад: «Меҳргон дер даркашиду сармо қувват накард ва ангур дар ғояти ширинӣ расид. Ва дар шаҳри Ҳарӣ саду бист навъи ангур ёфта шавад, ҳар як аз дигаре латифтару лазизтар ва аз он ду навъ аст, ки дар ҳеч ноҳияи аҳолинишини рӯи замин ёфт нашавад: яке парниён ва дуввум каланҷарии тунукпӯсти майдахӯшаи бисёроб, гӯӣ, ки дар ӯ аҷзои арзӣ (хокӣ) нест. Аз каланҷарӣ хӯшае панҷ ман ва ҳар донае панҷ дирамсанг биёяд, сиёҳ чун қиру ширин чун шакар ва азаш бисёр битавон хӯрд ба сабаби моъияте, ки дар ӯст. Ва анвоъи меваҳои дигар ҳама дилкаш (хиёр). Чун амир Наср ибни Аҳмад Меҳргону самароти ӯ бидид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт. Кишмиш бияфканданд, дар молину мунаққӣ (мавизи тоза) баргирифтанд ва ованг бибастанду (бо ресмон овехтанду) ганҷинаҳо пур карданд». Ин маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷашни Меҳргон бо ҳама гуна самароти худ дар он замон побарҷо буда, таҷлили он низ бо суруру шодӣ баргузор мегардидааст.

Тасвири ҷашни Меҳргон дар ашъори шоирони зиёде амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ, Анвариву Фаррухӣ, Салмони Соваҷиву Ибни Ямини Фарюмадӣ ва дигарон ба чашм мехӯрад. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасвири ҷашнҳои бостонии мардуми ориёиро чун Наврӯз ва Меҳргон дар осори хеш васф кардааст. Ҳангоми мутолиа ва баррасии девони Рӯдакӣ мо ба абёте аз ашъори шоир дучор омадем, ки дар бораи ин ҷашни бузург бахшида шудааст. Дар девони шоир тасвири ҷашни Меҳргонро танҳо дар як маснавии шоир вохӯрдем, ки дар хусуси фаро расидани ин ҷашни бостонӣ иттилоъ медиҳад. Рӯдакӣ дар байти нахустин шоҳону амиронро ба муносибати фаро расидани ҷашни Меҳргон табрик намуда, оғози мавсими шодиву сурурро ба малик-шоҳ муборакбод гуфтааст:

Малико, ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад!

Хаз ба ҷойи мулҳаму харгоҳ*

Бадали боғу бӯстон омад.

Мӯрд** ба ҷойи савсан*** омад боз,

Май ба ҷойи арғавон**** омад.

Ту ҷувонмарду давлати ту ҷувон

Маҳ ба бахти ту навҷувон омад.

Дар байти дуюм шоир ишора ба он менамояд, ки «хаз», яъне пӯстине, ки аз пӯсти ҳайвони хурди хаз дӯхта шудааст, ҷойи мулҳам (матои абрешимини нафис)-ро иваз менамояд. Ва муроди шоир дар ин ҷо тағйир ёфтани фаслҳо ва гармиву сардии ҳаво мебошад, яъне албатта вақте ки тирамоҳ фаро расид, ҳаво низ оҳиста-оҳиста сард мешавад ва дар табиат дигаргунии куллӣ ба миён меояд. Ва шоир ба тағйирёбии табиат ва боғу бӯстон низ ишорат менамояд. Ҳамин тавр, ёдовар шудан бамаврид аст, ки калимоти номафҳуми абёти зайлро барои зудтар фаҳмидани мисраъҳои шеърии шоир барои хонандагон дар поварақ шарҳу тафсир намудаем.

Дар байти мақтаъ шоир барои амир ҷавонмардиву сарбаландӣ ва ба пойдору ҷовид мондани давлати ӯ таманниёташро баён намудааст. Инчунин, дар ин байт ишорате ба моҳи нав кардааст, ки тибқи иттилооти маъхазҳо, дар рӯзҳои баргузории ҷашни Меҳргон низ моҳ нав шуда, шакли нимдоираро гирифта, дар осмон нурафшонӣ мекардааст. Роҷеъ ба ин масъала донишманди эронӣ, доктор Илоҳа Маърузӣ дар мақолаи хеш «Ишора ба чанд ойини куҳани эронӣ дар гулшани хаёлангези Рӯдакӣ» маълумоти хуб додааст. Чунонки ӯ менависад: «Маҳ низ дар Меҳргон навҷавон аст, чун барои аввалин бор дар ин шаб аз хуршед нур гирифтааст».

Ҳамин тавр, бояд зикр намоем, ки ашъори Рӯдакӣ саршор аз таҷрибаву мушоҳидаҳои воқеии ҳаётӣ буда, шоири нуктасанҷу мушоҳидакор роҷеъ ба ҳар гуна масоили ҳаётӣ бо чашми хирад назар афканда, борҳо санҷидаву пасон ба шакли шеърӣ иншо намудааст. Дар ашъори Рӯдакӣ на танҳо дар бораи ҷашнҳои бостонии миллии мо Меҳргон ва Наврӯз ишорот шудааст, балки дар хусуси ҳар гуна одату русум, маросим ва анъанаҳои халқи тоҷик сухан рафтааст.

Фаридун ИСМОИЛОВ,

корманди илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ


*Харгоҳ - хаймаи калони мудаввар.

**Мӯрд - як навъ дарахтест, ки монанд ба анор аст ва баргҳои ҳамешасабз, ғафс ва хушбӯй дорад ва дар дорусозӣ истифода мешавад.

***Савсан - гулест пиёзбех, ки баргҳояш борику баланд буда, гулҳои рангоранги зебо дорад.

****Арғавон - дарахтест, ки баргҳои гирд ва гулҳои сурхранг дорад, қабл аз барг баровардан гул мекунад.

Хонданд 411

Ҳабиби қиссаҳои аҷиб

Нояб 04, 2017
Диданд: 683

Ё олимону адибон дар бораи Ҳабибулло Назаров

Дуюми ноябр дар шаҳри Ҳисор ҷашни 110-солагии адиби шинохта ва ҳуқуқшиноси варзида Ҳабибулло Назаров таҷлил мегардад. «Cамак» ба ин муносибат нигоштаҳои муаллифи доимии худ Ҳасан Юсуфи Файзбахшро пешкаши мухлисони адиб ва ҳаводорони ашъори ӯ мегардонад.

Аз ҷониби Ҳабибулло Назаров ҷамъ намудану ба нашр расонидани ашъори Карим Девона дар замони худ як ҷӯшу хурӯши бисёр калонро ба миён овард, то ҳадде ки одамони андаке ба шеъру адабиёт дилгармӣ дошта ҳам, дар кӯчаю бозор, дар маъракаю нишастҳо, дар матбуоту радио атрофи он гап мезаданду суҳбат мекарданд. Аммо гуфтугузору баҳсҳо аз ҳама бештар дар байни олимони адабиётшиносу фолклоршинос сурат мегирифт. Барои чунин баҳсҳо рӯзномаҳо, аз ҳама зиёд рӯзномаи дар замонаш бисёр маъруфу машҳур ва бонуфузи «Маориф ва маданият», таҳти роҳбарии сармуҳаррири бас боғайрату ҷасуру қавииродааш Бӯринисо Бердиева ва муовини ӯ М.Боғиров шароити мусоид фароҳам овард. Беибо гуфтан мумкин, ки дар побарҷошавӣ ва тантана намудани ҳақиқати воқеии ба Карим Девона ва Ҳабибулло Назаров тааллуқдошта, маҳз ҳамин рӯзнома нақши калидӣ бозид. Камина нияти «Бод додани коҳи куҳнаро надорам» ва дар хусуси мазмуни мақолаҳои ғаразноки он замона чизе намегӯям. Зеро эроду танқидҳои эшон ба доварии вақт халал нарасониданд ва ба раванди кори эҷодии устод Ҳабибулло Назаров он қадар таъсири манфӣ набахшиданд. Андеша дорам, ки дар ин маврид овардани танҳо як гуфтаи доктори илмҳои филологӣ И.С.Брагинский кифоят мекунад: «…дар баъзе мақолаҳо фурӯ рехтани ҳисси малолу шубҳа ва овозаандозиҳои айбдоркунанда касро озурда мекунад».(«Маориф ва маданият» № 10, 23.01.1965).
Инак, аз нигоришоти хайрхоҳонае, ки аз ҷониби олимону адибони вақт ба табъ расидаанду дар онҳо хизматҳои шоён ва содиқонаи Ҳ.Назаров арзёбӣ гаштаанд, чанд порчаю иқтибосҳо тақдими хонандагон мегардад.

З.РАҶАБОВ.
Замони нашри мақола академики АФ РСС Тоҷикистон:
«Кайҳост, ки шоир ва нависандаи тоҷик Ҳабибулло Назаров ба омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти шоири халқ… Карим Девона машғул аст. Доир ба ин масъала аз тарафи ӯ як қатор мақола ва корҳои муҳим, аз ҷумла китоби «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона», ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расид, навишта шудааст. Китоби мазкур пурра ва ё қисман ба як қатор забонҳои хориҷӣ: англисӣ, немисӣ, шведӣ ва ғайра тарҷима ва чоп шудааст. Ҳ.Назаров мутахассиси соҳаи фолклоршиносӣ намебошад. Вай бо ташаббуси шахсии худ, дар натиҷаи меҳнати пуртоқатона ва ҷустуҷуҳои пурмашаққат тавонистааст, ки шеърҳои Карим Девона барин як шоири ба худ хосеро ҷамъ намояд, ҳаёт ва эҷодиёти ӯро ба таври ҳаққонӣ тасвир карда, номи шоирро аввалиншуда ба фолклоршиносии тоҷик дохил намояд. Ин дар ҳақиқат ҳам кашфиёт ҳисоб меёбад.
Корҳои Ҳабибулло Назаров диққати нависандагон ва аҳли илму адаби мамлакатро (Иттиҳоди Шӯравӣ дар назар аст. Ҳ.Ю.Ф) ҷалб намуд… Китоби Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» аз тарафи адибони республика (РСС Тоҷикистон. Ҳ.Ю.Ф) низ баҳои мусбат гирифтааст. Мирзо Турсунзода дар мақолаи худ «Кобзари мо» («Правда» аз 10 марти с. 1961) дар бораи ҷустуҷӯи аҷоиби Ҳ.Назаров чунин навиштааст: «Шеърҳои Шевченкоро хонда, дар онҳо оҳанг, фикр, ҳатто нидоҳои шиносро пайдо менамоем ва симои санъаткори дигаре ба назар ҷилвагар мешавад, ки он сарояндаи халқии мо, тоҷикон, сарояндаи оворагард Карим Девона мебошад. Ӯ дар шеърҳои худ бо як ҳисси ҳамдардӣ ва бо аламу ҳасрат дар бораи аҳволи вазнини камбағалон ҳикоят мекунад, ба руҳониён, қозӣ ва муллоёни ҷоҳил нафрат мехонад, мардумро ба муқобили бою давлатмандон, бар зидди ҳукумати амирӣ ба по мехезонад.
… кӯшиши ҷиддии Ҳ.Назаров сазовори таҳсин аст… номи Карими «оворагард» ва исёнгар, ки он боз як ҷои холии нақшаи адабиёти аввали асри ХХ-ро пур намуд, дар байни ҷамоатчигии республика хурсандии калонеро ба вуҷуд овард. Ин пуршавии ҷои холимонда дар адабиётшиносӣ ба ташаббуси хуби нависанда ва олим Ҳ.Назаров, ки ӯ вариантҳои гуногуни ҳар як сатр ва ҳар як байти осори шоирро бо камоли сабру тоқат ҷамъ намудааст, вобаста мебошад».
(«Маориф ва маданият», № 81, 09.07.1964. «Оё ин дуд оташ дорад?»).

Б.ТИЛАВОВ.
Дар замони чопи мақола номзади фанҳои филологӣ:
«Ҳабибулло Назаров нисбат ба фолклор шавқи калон дорад ва чун дӯстдори фолклор ҳақиқатан чанд сол боз аз пайи ҷустуҷӯи шоир Карим Девона гашта, дар натиҷа повести «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ва маҷмӯаи «Сатрҳои оташин»-ро ба майдон овард. «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» асари бадеӣ мебошад, воқеаҳоро бо асосу далелҳои баҳснопазири илмӣ не, балки ба воситаи тасвири бадеӣ нишон медиҳад. Повести «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» маҳз ҳамчун асари бадеӣ дар байни хонандагони СССР ва хориҷа мунташир шуда, аз тарафи бисёр адибон баҳои мусбат гирифт. Ин асарро ба сурати илмӣ ҳам даровардан мумкин буд. Лекин Ҳ.Назаров худи ҳамин повестро ба сифати диссертатсияи номзадӣ ба ҳимоя барои гирифтани унвони илмӣ пешниҳод кардааст, ки ин албатта боиси норозигии донишмандони ин соҳа шуд».
(«Маориф ва маданият», № 109, 12.09.1964).

Ҳикмат РАҲМАТОВ.
Замони нашри мақола ходими хурди илмии сектори фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ РСС Тоҷикистон:
«…ҳақ надорем, ки ба ҷустуҷӯ ва бозёфти Ҳ.Назаров, ки дар натиҷаи меҳнати зиёд ва пурмашаққате ба даст омадааст, бо шубҳа назар андозем ва ҳамчун шахси таърихӣ вуҷуд доштани Карим Девонаро инкор намоем. Мо ба чунин ақидаи муаллифони мақолаи «Сатрҳои оташин ё дуди беоташ?»… рафиқон Р.Амонов ва В.Асрорӣ розӣ шуда наметавонем, зеро далелҳои муътамад надорем. Ба ин маънӣ, метавон гуфт, ки шоир Карим Девона ҳамчун шахси таърихӣ буд ва мондан мегирад. Ӯ ҳаргиз чароғи сеҳрноки афсонавӣ намебошад ва ҷустуҷӯи Ҳ. Назаров ҳам ба ҷустуҷӯи Аловиддини «Ҳазору як шаб» ҳеҷ умумияте надорад. Ҳар касе, ки китоби «Дар ҷустуҷӯи Карим Девонаро хонда, дар бораи ташаббуси шоёни таҳсин, иқдоми нек ва ҷустуҷуҳои хайрхоҳонаи муаллифи он Ҳ.Назаров чуқуртар мулоҳиза рондааст, бешубҳа ба ин бовар мекунад. Аз ин рӯ… далелҳои шубҳаангезонаи рафиқон А.Раҷабов ва В.Асрорӣ дар ҳақиқат ҳам нақши болои яхро ба хотир меоваранд. Дар ин бобат мо бо рафиқ З.Раҷабов ҳамақида мебошем… Агар ҳамин мубоҳиса бидуни инкори шахсияти Карим Девона, дар атрофи нуқсонҳои илмии тадқиқоти Ҳ.Назаров, методи тадқиқотӣ ва услуби илмии ӯ, зиддиятҳои эҷодии шоир ташкил карда шуда ва дар ҳамин руҳ идома меёфт, онгоҳ мубоҳиса ба фоидаи тадқиқотчии ҳаёт ва эҷодиёти шоир ва умуман илму адабиёти советии тоҷик ҳал мешуд. Дар акси ҳол мубоҳиса характери нигилистӣ (бе ҳеҷ асос тамоман инкор кардан. Ҳ.Ю.Ф) гирифта, сабаби ба хаёли кайке, пӯстинро сӯзонидан мегардад.
(«Маориф ва маданият, № 98, 18.08.1964 «Бори дигар дар бораи «оташу дуд»).

Иззатулло ҲИДОЯТОВ.
Замони чопшавии мақола аспиранти сектори этнографияи Институти таърих ва археологияи АФ Ӯзбекистон:
«Маълум аст, ки Карим Девона дар охирҳои асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ дар водии Ҳисор умр ба сар бурда, шеърҳои оташин эҷод намудааст, ки онҳо бо ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ гуфта шудаанд. Шеърҳои ӯ диққати хонандагони ӯзбекро низ ба худ ҷалб карда буд, ки то имрӯз (зиёда аз ним аср боз) қадру қимати худро дар байни мо гум накарда, аз забон ба забон мегузарад. Шоир, академики АФ Ӯзбекистон Ғафур Ғулом бо радиои Ӯзбекистон баромад карда, ба Карим Девона чунин баҳо дода буд: «Карим Девона бо шоири ӯзбек, демократ Муқимӣ дар як қатор меистад»…
Як чанд сол пеш аз ин дар бораи Карим Девона ҳеҷ маълумоте набуд ва шеърҳои ӯ «бесоҳиб» монда буданд. Карим Девона шеърҳои худро дар байни издиҳом дар бозорҳо, шабнишиниҳо ва меҳмонхонаҳо азёд мехондааст. Бинобар ин ҷамъ намудани чунин шеърҳои «ғайри китобатӣ» аз байни мардум кори хеле пурмашаққат буд.
…Аммо чунин рафтор тааҷҷубовар аст, ки ин рафиқон (Р.Амонов ва В. Асрорӣ. Ҳ.Ю.Ф) ба ҷои хурсанд шудан ва камбудии кори Ҳ.Назаровро холисона нишон додан баръакс, ҳисси норозигӣ баён карда, ҳатто мавҷудияти Карим Девона барин шоири халқиро ба зери шубҳа гирифтаанд. Мо якчанд маротиба ба районҳои дурдасти Ӯзбекистон- Деҳнав ва Сари Осиё барои ҷустуҷӯи материалҳои этнографӣ рафта ва бо мӯйсафедоне суҳбат кардем, ки аз 70 сар карда то 100-102-сола буданд. Аксарияти онҳо… нақл мекунанд, ки Карим Девона дар Дашнобод ду сол зиндагӣ ва бофандагӣ карда, рӯз гузаронидааст. Бисёр шеърҳои хуби ҳаҷвӣ гуфтааст. Аз мӯйсафеди дашнободӣ Муродов Муллоаҳмад як шеъри ӯзбекии Карим Девонаро шунидем ва навишта гирифтем…
Эзоҳи муаллифи ин сатрҳо: Он шеър аз 16 мисраъ иборат буда, «Бӯданам» ном дорад ва дар мақола ҷойгир аст. Баъд аз он, як шеъри дигари Карим Девона бо забони тоҷикӣ омадааст:
Гандум гашт қиммат,
Номи атола гум шуд.
Якбора меҳру шавқат
Аз амма хола гум шуд.
Ҳангоми чою чойнак
Номи пиёла гум шуд,
Аз тобеи куҳистон
Қурбон кашола гум шуд.
Муаллифи мақола нигоштаҳояшро чунин ҷамъбаст кардааст:
«Хулоса, мо гуфтанием, ки Карим Девона ҳамчун шоири халқии хеле хуб вуҷуд дошт ва хизмати Ҳабибулло Назаров дар гирд овардани шеърҳои ӯ ва зинда гардондани номаш сазовори тақдир аст.
Зинда гаштани номи чунин шоир бешубҳа, боиси хушбахтӣ ва хурсандии адабиёти тоҷик аст. Мо, ӯзбекон, ҳамчун бародари тоҷикон фахр мекунем ва бо шавқу завқ шеърҳои ӯро мехонем. Дар охир аз фолклоршиносони Тоҷикистони бародарӣ хоҳишмандем, ки барои пурратар намудани ашъори шоир ба ҷӯянда мадад расонанд ва ба Ҳ.Назаров имконият диҳанд, ки кофту ковро давом диҳад. Боварӣ ҳаст, ки ҳангоми ҷустуҷӯ шеърҳои нави Карим Девона ёфт шуда, бисёр масъалаҳои чигили дигар кушода хоҳад шуд.
(«Маориф ва маданият», № 9, 21.01.1965. «Сатрҳои оташини Карим Девона меҳмони ӯзбекон».

И. С. БРАГИНСКИЙ.
Дар замони мубоҳиса доктори илмҳои филологӣ:
«Дар ҳиссаи дуюми соли гузашта (1964. Ҳ.Ю.Ф) дар шаш шумораи рӯзномаи «Маориф ва маданият» чанд мақолаи мубоҳисавие чоп карда шуданд, ки дар онҳо дар бораи тадқиқоти Ҳабибулло Назаров бахшида ба шоири гумноми халқӣ Карим Девона баҳс карда мешавад. Мутолиаи ин мақолаҳо ба кас таассуроти мухталифе мебахшад. Як ҷиҳат хурсандибахш аст, ки гӯё масъалае, ки чандон аҳамияти адабиётшиносӣ надорад, хонандагони сершумореро, ки санъати халқии худро бисёр дӯст медоранд, ба ташвиш андохтааст. Аз тарафи дигар ба ҷои маслиҳатҳои дӯстона ва аз рӯи мантиқ муҳокима кардани масъала, дар баъзе мақолаҳо фурӯ рехтани ҳисси малолу шубҳа ва овозаандозиҳои айбдоркунанда касро озурда мекунад.
Ҳ.Назаров ва ҳамаи иштироккунандагони мубоҳиса дӯстони ҳамкорам мебошанд. Эҷодиёти Карим Девона бо туфайли Ҳ.Назаров дастраси омма гардида, аз тарафи аҳли ҷамоати Тоҷикистон баҳои босазое гирифт ва дар мактабҳо мавзӯи таълим қарор ёфта, ба анталогияи (тазкира, баёз. Ҳ.Ю.Ф) назми тоҷик дохил гардид. Зинда кардани номи ин шоири тоинқилобии халқӣ дар Иттифоқи Советӣ ва берун аз ҳудуди он сабаби хайрхоҳӣ ва тақдиркуниҳои зиёде гардид, ки ин бо моҳияти худ иди маданияти сотсиалистии халқи тоҷик буд.

КАРИМ ДЕВОНАРО КӢ ТАДҚИҚ КАРД?
Ҳабибулло Назаров, шахсе ки фолклоршиноси касбӣ набуда, ходими давлатӣ ва ҷамъиятист. Ин тадқиқоти Назаров натиҷаи ҷустуҷуҳои чандинсолаи ӯ дар районҳои республикаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, натиҷаи суҳбатҳо бо зиёда аз 300 нафар ва бо мулоҳиза омӯхтани маълумотҳои мухталифи диққатталаб ва навиштаҷотҳо мебошад.
…Қисми таркибии корҳои Ҳ.Назаровро асосан повести ӯ ташкил медиҳад, ки дар он Карим Девона ба шуҳрати ҷовидонии худ сазовор аст. Ҳ.Назаров бо ҳар гуна далелҳо мақоми Карим Девонаро муайян карда, дар баробари он маълум менамояд, ки ӯро ба ҳар гуна шоирони дарвештабиат, аз он ҷумла ба шоири қаландар Бодомак, ба Мулло Карим ном шеъргӯи руҳонӣ ва ба Карим Девонаи феодале, ки дар Қӯқанд дар замони Худоиёрхон зиндагӣ карда ва пас аз вафоташ авлиё эълон карда шудааст, на бояд омехта кард.
…баҳо додан ба меҳнати рафиқ Назаров ва муносибат ба худи ӯ ҳайратангез аст. (Аз ҷониби ташкилкунандагони мубоҳиса. (Ҳ.Ю.Ф) Агар… хулосаи даркорӣ («даркорӣ» ба маънои ҳаққонӣ, хайрхоҳона.
(Ҳ.Ю.Ф) бароварда шавад, он гоҳ ба ин хизмат фақат чунин баҳо додан мумкин аст. Кори Ҳ.Назаров, ки ба иди маданияти тоҷик табдил ёфта буд, муваффақияти эҷодии ӯ буда, сазовори тақдир ва дастгирист. Он камбудиҳое ки дар кораш дорад, ӯ бояд онҳоро ислоҳ ва бартараф намояд.
Ҳ.Назаров вақто ки бо розигии ВАК тадқиқоти худро роҷеъ ба Карим Девона дар шакли диссертатсияи номзадӣ пешниҳод кард, шӯрои илмии Институти халқҳои Осиёи АФ СССР ба кори ӯ ана ҳамин тавр баҳо дода, ба ӯ унвони номзади илмҳои филологӣ дод. Ман муҳаррир ё оппоненти (баҳодиҳандаи сифати китоб. Ҳ. Ю.Ф) китоби Ҳ.Назаров набудам, аммо ҳамчун шарқшинос-фолклоршинос ва ҳамчун аъзои шӯрои илмии зикрёфта гуфтанӣ ҳастам, ки ҳамаи мо ҳаминро ба назар мегирифтем, ки тадқиқотчӣ натиҷаҳои кашфиёти ҳақиқии илмиеро, ба методи бевосита аз маҳалҳо ҷамъ овардани материалҳои фолклорӣ (яъне, фактҳоро бевосита аз даҳони мардум навишта гирифтан) ба даст овардааст, пешниҳод кардааст ва тавонистааст, ки тадқиқоти ҳақиқатан илмиро, ки ягон фолклоршинос ба он муваффақ нашудааст, ба вуҷуд биоварад. Ман гумон мекардам, ки сектори фолклоршиносии институти забон ва адабиёт бо сардории рафиқ Р.Амонов қарори шӯрои илмии дар боло зикршударо ҳамчун комёбии эътирофгардидаи фолклоршиносии тоҷик бо хурсандӣ қабул мекунад. Аммо мутаассифона ин тавр нашуд.
Дар аввал Ҳ.Назаровро бо он гунаҳкор мекарданд, ки гӯё ӯ фолклоршинос нест ва асараш ба тарзи илмӣ-академӣ навишта нашуда, балки ба тарзи бадеӣ навишта шудааст. Ин эътироз албатта беасос аст. Дар илм кашфиёти зиёдеро ном бурдан мумкин аст, ки онҳоро мутахассисони касбӣ не, одамоне ба ҷо овардаанд, ки дар сари дастгоҳи сехи илмӣ наменишастанд… Оё ба таври бадеӣ навишта шудани китоб ба ҳақиқатро гуфтан ва ба шоир характеристикаи дуруст додани муаллиф халал мерасонад? Магар сабаби чунин интишор ёфтани китоби Ҳ.Назаров (бо теъдоди хеле зиёд ва бо забони чандин халқҳои СССР ва берун аз он чоп шудани китоб. Ҳ.Ю.Ф) бо бадеият навишта шуданаш нест? Чаро дигар асарҳои фолклорӣ ба мисли асари Ҳ.Назаров ба бисёр забонҳо тарҷима шуда, паҳн намегарданд? Сонӣ ривояте пайдо шуд, ки гӯё Ҳ.Назаров Карим Девонаро тадқиқ накарда, балки «бофта» баровардааст. Ва ин даъво… мазмунан бемаънӣ буда, шаклан ноаҳлона мебошад. Ин даъворо ҳукми халқ аз байн бурд ва мебарад. Лентаҳои магнитафонро, ки дар онҳо баромадҳои меҳнаткашон… навишта шудаанд, кас шунида ба ҳаяҷон меояд. Ин баромадҳо натиҷаи эътиқоди халқ нисбат ба ин шоири исёнгар ва зиндакунандаи номи ӯ буда, нафратест ба он касоне, ки мехоҳанд ӯро боз гумном кунанд. Баъзе рафиқон ба ҷои он ки ба иштибоҳи худ иқрор шаванд, ба бадном кардани тадқиқоти Ҳ.Назаров машғул шудаанд. Зинда кардани номи як шоире аз шоирони сершумори камбағалони русто хизмати бузурги тадқиқотӣ ва ватанпарастист. Агар он тадқиқотчӣ фолклоршиноси касбӣ набошад, ин қимати кори ӯро боз дучанд месозад. Ин кори савобе мебошад, ки барои пурра ба ҷо овардани он оташи эҷодие зарур буда, тадқиқкунандаи онро дастгирӣ бояд кард.
Агар сектори махсуси фолклоршиносӣ ин корро накарда ва то ба ҳол шоири халқиеро ошкор карда наметавониста бошад, ин бад аст, сазовори танқид ва мазаммат мебошад. Ба замми ин агар ба як рафиқи худ, ки кори онҳоро ба ҷо овардааст, чунин дарафтанд, ин боз нанговартар аст. Ин тавр рафтор кардан нисбат ба илм ҳамкорӣ набуда, балки ному унвони худро (он чи ки мо натавонистем, дигарон чӣ тавр тавонистанд гӯён) дар зери дуди тору мубҳаме пинҳон карда, ҳимоя кардан мебошад. Дуд парешон мешавад, вале оташи фурӯзони ҳақиқат, ки дар сатрҳои оташини шоири халқ ифода ёфтааст, фурӯзонтар мегардад.
Ин аст ақидаи ман доир ба оташу дуд.
(«Маориф ва маданият» № 10, 23.01.1965. «Оташ куҷову дуд куҷо?»).

Раҷаб АМОНОВ.

Вақти чопи мақола мудири сектори фолклори Институти
забон ва адабиёти АФ Тоҷикистон:
(Порчаҳо аз маърӯза дар ҷамъбасти мубоҳиса оид ба Карим Девона) «Хулосаи фикри мо ҳамин аст, ки:
1.Материалҳое, ки рафиқ Ҳ.Назаров қувва ва меҳнати зиёд сарф карда, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Карим Девона ва умуман фолклори як қатор маҳалҳои Ҳисор ба даст овардааст, барои тадқиқоти илмии оид ба фолклори тоҷик аз ҷумла шоирони халқ манбаи муҳим аст.
2. …мехоҳам арз кунам, ки мубоҳисаи илмӣ дар атрофи кори Ҳ.Назаров ва эҷодиёти Карим Девона аҳамияти калони илмӣ дорад. Материалҳои ин мубоҳиса дар таърихи фолклоршиносии тоҷик саҳифаҳои муҳим хоҳад буд».
«…Карим Девона дар ҳақиқат ҳам шоири бад набудааст, мумкин аст шоири хуб ҳам бошад. Дар як қатор шеърҳояш руҳияи шӯришгарона, исёнгаронаи халқ ифода ёфтааст…
Дар натиҷаи таҷриба надоштан дар гузаронидани мубоҳисаҳо, ки… дар республикаи мо ҳеҷ гузаронида намешуд,… мо хатоҳои бисёре кардем. Хатоҳо аз тарафи мо ҳам шуд, аз тарафи рафиқ Асрорӣ ҳам шуд, аз тарафи дигарҳое низ шуд, ки аз паи мо баромада, ба ҷои хатоҳои моро оромона ислоҳ кардан онҳоро чуқуртар карданд. Вале бо ҳамаи ин як таҷрибаи хуб ҳосил кардем. Минбаъд агар мубоҳисаҳо ташкил кунем, мубоҳисаҳои бисёр бо тамкин ва фоиданок хоҳем кард. Чунин мубоҳиса барои пешрафти илм бисёр муҳим хоҳад буд.
(«Маориф ва маданият» № 70, 12.06.1965).

Аминҷон ШУКУҲӢ.
Котиби Иттифоқи нависандагони РСС Тоҷикистон:
(Порчаҳо аз маърӯза дар ҷамъбасти мубоҳиса оид ба Карим Девона)
«Чи тавре ки халқ мегӯяд, дарахти мевадор калтак мехӯрад, он касе кор мекунад, ягон чиз эҷод мекунад, дар вақти эҷод намудан ба камбудиҳо роҳ медиҳад ва ба ҳамон одам зиёдтар калтак мерасад, нисбат ба он одаме ки ҳеҷ кор намекунад, ҳеҷ чиз эҷод намекунаду ҳеҷ чиз наменависад. Аз ин нуқтаи назар рафиқ Ҳ.Назаров, ки яке аз объектҳои танқид буд, бояд на фақат хафа шавад, балки фахр кунад, ки дар ин як сол дар бораи асаре ки ӯ офаридааст,… баҳсу мунозираи гарму ҷӯшоне шуда гузашт, ки он на фақат барои Назаров, балки барои дигар олимон, адибон ва дигар зиёиёни тоҷик фоидаи калоне мерасонад.
Дар ин баҳсу мунозираҳо баъзе нуктаҳое буданд, ки бе чуну чаро исбот шудаанд… Ин ба фикри ман пеш аз ҳама он аст, ки асари Ҳабибулло Назаров «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона» ҳамчун асари бадеӣ навишта шуда ва на фақат дар адабиёти тоҷик, балки дар адабиёти умумииттифоқӣ ва берун аз он ҳам эътироф карда шудааст.
(«Маориф ва маданият» № 70, 12.06.1965).

Кароматуллоҳи МИРЗО.
Нависандаи Халқии Тоҷикистон:
«…ҳикоя, навиштаҳои авваламро дар қатори шогирдон назди Ҳабибулло Назаров мехондам, маслиҳат мехостам, маслиҳат медоданд. Устод як шахсияти хайрхоҳ, ба мо меҳрубон буданд. Мадад мерасонданд, мададгорамон буданд».
(Ҳ.Назаров. «Дар ҷустуҷӯи Карим Девона». Душанбе, «Балоғат», 2007, саҳ. 334).

Ҳасани МУРОДИЁН.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор:
«Ӯ… (Ҳабибулло Назаров. Ҳ.Ю.Ф) куҳу дараҳои водии Ҳисор, Ғозималик, Ёвону Вахшро пиёдаю савора тай мекунад ва ниҳоят, бо душворию мушкилот ва пешпододанҳои рақибон нигоҳ накарда, ба бозёфти хеле олӣ мушарраф мегардад: ба мардуми шеърпарвари тоҷик аз мавҷудияти шоири халқӣ бо номи Карим Девона башорат медиҳад. Намунаи олии меҳанпарастӣ, муҳаббати бепоён нисбат ба миллати тоҷик, маърифатпарварӣ, меҳр ба фарҳангу адабиёти мардумӣ ба Ҳабибулло Назаров имконият медиҳад, ки ба соҳили мурод, ба қуллаҳои нурполои мақсуд расад ва ормонҳои зери хок рафтаи Карим Девонаро бароварда созад».
(Ҳасани Муродиён. «Шуълаест, к-аз дуд фориғ». Душанбе, «Ирфон»- 2016, саҳ. 86-87).

Ато ҲАМДАМ.
Узви Иттифоқҳои нависандагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон
ва Белорус, барандаи Ҷоизаи олии адабии Покистон:
Ҳабибулло Назаров адиби пурмаҳсул буд ва то вопасин соатҳои умраш қаламро аз даст раҳо накарда, дар жанрҳои гуногун асар эҷод намудааст. Тасвири рӯзгори мардум, ситоиши фарзандони барӯманди диёр, қаҳрамонони воқеӣ, дӯстии бародаронаи халқу миллатҳои гуногун, мазаммати ашхоси феълу рафторашон ба ҷамъият бегона ва амсоли инҳо мақсади асосии эҷодиёти рангин ва гуногунпаҳлӯи ӯ буданд.
(«Адабиёт ва санъат», № 32, 10.08. 2017).

Султонмуроди ОДИНА:
Додрас буд,
Пуштибони адл буд.
Аз балои оташи бераҳми давр,
Чун самандар болу пар во менамуд.

Туғрали тири хусуматхӯрдаро,
Зинда карда,
Рӯйи саҳни ошиқон оварда буд.

Ошиқи лутфи сухан буд,
Ошиқи базму чаман буд.
Ҷустуҷӯ мекард аз атри сухан,
Тозабӯе баҳри аҳли анҷуман.

Аз забонҳо пора-пора,
Аз нигаҳҳо пора-пора
Аз нумӯйи киштаҳою
Аз шамоли пуштаҳо
Аз фаромӯшхонаи таърих

Ҷустуҷӯ бинмуду охир кард пайдо,
Матни авроқи парешони Карим.
Он Каримеро ки мехонданд «девона»,
Он Каримеро, ки шоир буду фарзона.

Қиссаҳои зиндагиро достон кард,
Чӯтаку Мирзо Ризоро бо сухан
Қаҳрамони ин замон кард,
Номи ҷонбозони даврон ҷовидон кард…

Раҷаб ҚУДРАТОВ:
Ҳабибулло Назаров-инсони комил, шахси дарёдил, адиби нуқтадон ва суҳбаторои маҳфили ёрон буд. Шахсе буд, ростқавлу нексиришт. Дар ҳар вазъияту ҳолат ҳамеша мекӯшид, ки ҳақиқатро баён созад. Инсони дорои қалби бузург буд.

Қӯрғонтеппа-Ҳисор-Қӯрғонтеппа. Соли 2017.

P.S. Масъулин, адабиётпарварон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Ҳисор, алалхусус нашрияи «Ҳисори шодмон» чун эҳдо ба ҷашни 110-солагии устод силсилаи чорабиниҳоро баргузор кардаю мақолаҳоро ба табъ расонданд. Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ҳафтаворҳои «Адабиёт ва санъат», «Самак», «Чархи гардун» низ ҳамин гуна корҳоро амалӣ намуданд. Телевизиони «Сафина» ва радиои «Фарҳанг» ҳам чанд гуфтору намоишҳоро ба эфир бароварданд.
Соли 2018 ба зодашавии Карим Девона-қаҳрамони калидии асарҳои устод Ҳ.Назаров ҳам 140 сол пур мегардад. Умед аст, ки ин ҷашн низ хотирмон таҷлил шуда, баҳри дар руҳияи шеърдӯстию адабиётпарварӣ тарбия ёфтани мардум ва шодгардонии руҳи Карим Девона ва кашшофи ӯ Ҳ.Назаров боис мешавад. Зеро:
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Хонданд 683

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.