.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Таърих

Ҳисор - диёри шодию хурсандӣ

Март 03, 2018
Хонданд: 681

 

Тоҷикистон сарзаминест, ки бо қуллаҳои осмонбӯс, пиряхҳои бузург, дарёҳои пурталотум, кӯлҳои зебо, набототи гуногун, ҳайвоноти нодир ва дороии ёдгориҳои таърихию меъморӣ диқати ҳазорон сайёҳону муҳаққиқоннро ба худ ҷалб кардааст. Куҳҳо, дарёҳо ва теппаҳои хушманзар хусусияти гуногунии иқлими Тоҷикистонро нишон медиҳанд.

Таърихи пурғановати халқи тоҷик ба қарнҳои дур рафта, ба саршавии тамаддуни инсоният мерасад. Як қатор ёдгориҳои таърихию меъморӣ ва бозёфтҳо аз тамаддуни қадима, маданияти шаҳрдорию давлатдорӣ ва таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо дарак медиҳад.
Аз қадимулайём яке аз шохаҳои асосии Шоҳроҳи Бузурги Абрешим, ки шарқро бо ғарб мепайваст, аз ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мегузашт ва нақши муҳимро дар тиҷорати байналмилалӣ ва омезиши маданӣ мебозид. Хусусан водии Ҳисор дар чорроҳаи тамаддуни омезишёфта қарор гирифта, бо таърихи бойи худ хусусияти хоси давлатҳои Осиёи Марказиро инъикос мекунад.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо ЮНЕСКО аз 1-уми марти соли 2012 таҳти №90 бо мақсади таъмини ҳифз ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, 27-уми октябри соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисор таҷлил карда шуд. Вобаста ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил намуда, якчанд чорабиниҳоро гузаронд, аз ҷумла, тадриҷан инфрасохтори минтақаро барқарор намуд, бозорҳои нав ва чойхонаҳо сохта шуданд, ки дар худ хусусияти хоси миллӣ ва таърихиро таҷассум менамоянд. Ҳамзамон, ташкили фестивалҳо, чопи китобҳо, брошураҳо, буклетҳо, тақвимҳо ва ташвиқу тарғиби маълумот тариқи лексия, конфронсҳои илмӣ, тариқи васоити ахбори омма (радио, телевизион, рӯзнома ва ғайра) ба роҳ монда шуд.

Маълумоти таърихӣ
Водии Ҳисор яке аз вилоятҳои муҳими Тахористони қадим буда, Тоҷикистони марказии имрӯзаро дар бар гирифта, аз минтақаҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Файзобод ва ҳавзаҳои дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Чангоб, Элок, Ширкент, Қаратоғ, шохобҳои Варзоб ва дигар дарёҳо иборат буд. Тадқиқотҳои доимии шаҳрҳо ва бошишгоҳҳои то давраи мо расида, инчунин тадқиқотҳои стратиграфии баъзе минтақаҳо барои ба давраҳо тақсим намудани ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор истифода мешаванд. Дар умум, 363 ёдгорӣ ба қайд гирифта ва тавсиф дода шудааст. 153-тои он ёдгориҳои якқабата мебошанд, ки давраҳои гуногунро муайян менамоянд: Ҳахоманишиҳо, Юнону Бохтар, Кушонӣ, аввали асрҳои миёна, асрҳои миёнаи тараққиёфта, охири асрҳои миёна, асрҳои давраи нав. Ғайр аз ин, 81 ёдгорӣ қабатҳои мадание, ки аз 2 то 5 давраро дар бар мегирад. Алҳол дар водии Ҳисор 194 ёдгорӣ ба давраи антиқа тааллуқ дорад.
Дар давраи неолит (қарни санг, ҳазораи VI-IV-и пеш аз мелод) водии Ҳисор хеле сераҳолӣ будааст, ки ба ин бошишгоҳҳои маснуоти шикорию рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд. Маданияти қарни неолитро олимон шартан маданияти Ҳисор ном бурдаанд, ки ёдгориҳои моддиашро бори аввал академик А. П. Окладников дар теппаи Ғозиён кашф намудааст. Ҳангоми ҳафриёт зиёда аз 680 осори давраи санг дарёфт шудааст.
Соли 2014 экспедитсияи омӯзишии Институти таърихи Академияи илмҳо дар қисмати шарқии Уштурхонаи қалъа гузаронида шуд, ки дар натиҷа масканҳои одамони давраи биринҷӣ бо тамоми маснуоти рӯзгордориаш дарёфт карда шуд. Ин бозёфтҳо ба нимаи дуюми ҳазораи сеи пеш аз мелод тааллуқ доранд.
Шаҳри Ҳисор дар асри ХII-и то мелод ҳамчун маркази минтақаи заминдорӣ бунёд мегардад. Дар давраҳои минбаъда, махсусан дар асрҳои VII-V-и то мелод ҳудуди шаҳрак то 85-90 га-ро дар бар мегирифт. Маданияти моддии ин давраро бостоншиносон дар ҳудуди Қалъа, Тӯпхона, Ғозиён, Хоки Сафед ва майдони Регистон кашф намудаанд.

Давраи Ҳахоманишиҳо (асрҳои VI-IV-и то мелод)
Маълумоти пурра оид ба ёдгориҳои ин давра вуҷуд надорад, ки он вақт Осиёи Миёна, ки водии Ҳисор қисме аз он аст, дар ҳайати империяи бузурги шоҳони форси Ҳахоманишӣ буд. Сарҳади ин империя аз соҳилҳои баҳри Миёназамин то Ҳиндустон рафта мерасид. Аз ҳаёти сиёсии халқҳои Осиёи Миёна, ки зери ҳукмронии шоҳони форс буданд, маълумотҳо дар нашрияҳо роҷеъ ба ин мавзуъ мавҷуданд. Дар ин ҷо мо танҳо аз баъзе ёдгориҳои бостонии водии Ҳисор, ки пурра омӯхта шудаанд, ёдоварӣ намудем.

Давраи Юнону Бохтар (асрҳои III-II-и пеш аз мелод)
Дар натиҷаи лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ давлати Ҳахоманишиҳо аз байн рафт. Ба Осиёи Миёна тудаи нави мардуми юнонӣ, аз ҷумла савдогарон, ҳунармандон, меъморон, собиқ сарбозон ворид шуданд, ки барои дохил шудани маданияти юнонӣ мусоидат намуданд, ба монанди иншооти фортификатсионӣ, маданияти шаҳрсозӣ, хаттотӣ, санъат ва ҳунармандӣ. Ин раванд маданияти синкретиро ба вуҷуд овард, ки асосаш аз омезиши маданияти маҳаллӣ, ба монанди бохтарию суғдӣ ва юнонӣ иборат мебошад. Дар водии Ҳисор як қатор шаҳру шаҳракҳои бостонии давраи Юнону Бохтар ҳастанд, ки дар марҳилаи омӯзиш қарор доранд. Шаҳри қадимаи Душанбе бо қабристонаш, қалъаи Золи Зард, Чоркуҳ, қалъаи Ҳисор, шаҳраки қадимаи Хоки Сафед, Чимқурғон ва Оққурғон аз ҷумлаи инҳост. Омезиши ин се компонент ба ташаккули ядрои этникии бохтариҳои қадима, аҷдодони халқи тоҷик оварда расонидааст.

Давраи Кушониён (нимаи асрҳои II-I-и то мелод ва VI-и мелодӣ)
Давлати Юнону Бохтар бо сабаби ҷангҳои дохилӣ заиф гардида, дар асри II то мелод баъд аз 150 соли ҳукмронӣ аз тарафи қабилаҳои муттаҳидшуда, ки якеашон бо номи Тахориён машҳур буд ва чиниҳо онҳоро «Юедҷӣ» меномиданд, дар қисмати шимолу шарқии Осиёи Миёна, дар наздикии манотиқи Гунҳо (дар минтақаи Муғулистон) иқомат доштанд, тасарруф шуд. Дар Бохтар Юедҷиҳо бо фарҳанги волои давлатдорӣ рӯ ба рӯ шуда, бо аҳолии маҳаллӣ омезиш ёфтанд ва фарҳанги моддию маънавии онҳоро қабул намуданд. Дар натиҷаи иттиҳоди сиёсии онҳо яке аз давлатҳои абарқударати он замон - Империяи Кушониён ба вуҷуд омад. (Б. Ғафуров, 1968).

Давраи аввалҳои асрҳои миёна (асрҳои V-VIII)
Дар Осиёи Миёна ин давраи муносибатҳои феодалӣ буда, санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва истеҳкомот (фортификатсия) боло рафта буд. Таърихи сиёсии ин давра бо ҳодисаҳои печ дар печ, ҷангҳои бепоён, махсусан ҳуҷуми кӯчманчиёни ҳайтолӣ, туркҳо ва Эрони Сосонӣ тавсиф меёбад. Ба ҳар ҳол, дар ин давра иқтисодиёт, обёрӣ, бинокорӣ тараққӣ ёфта буд. Давраи аввалҳои асрҳои миёнаро ёдгориҳои зерин муаррифӣ менамоянд: Қалъаи Кофарниҳон, Чоргултеппа, Шишихона, бошишгоҳи Харкуш ва бисёре аз дигарон.

Асрҳои миёна (асрҳои IX-XII)
Осиёи Миёна дар ин давра ба ҳуҷуми арабҳо дучор гардид, ки боиси дигаршавии маданияти халқ, ҳамаи расму оинҳо, ҳатто сохтори зиндагии рӯзмарраи онҳо шуд. Дар давраи ҳукмронии Сомониён водӣ як қисми аввалин давлати тоҷикон - Сомониён шуд ва баъдан, пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, водӣ дар ҳайати як қатор сулолаҳои аксаран туркнажод буд, ба монанди Ғазнавиён, Салҷуқиён, Қарахониён ва давлати тоҷикон Ғуриён. (Б. Ғафуров, 1972).
Муносибатҳои феодалӣ дар ин давра дар Осиёи Миёна тараққӣ ёфта, мустаҳакам шуд. Аз минтақаҳои дур корвонҳо ба водии Ҳисор меомаданд, ки боиси беҳтар шудани зиндагии сокинони шаҳр ва баландравии иқтисодиёту фарҳанг шуд.

Охирҳои асрҳои миёна (асрҳои XIV-XVI)
Темур дар водии Ҳисор ҳокимияти Улуси Чағатойро пароканда менамояд. Водии Ҳисорро дар асрҳои XIV-XVI Темур ва ворисони ӯ идора менамуданд. Дар ин давра муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна ба авҷи аъло расид. Дар замони Темуриён вазъияти хоҷагии қишлоқ, ки дар натиҷаи ҳуҷуми муғулҳо ба харобазор табдил ёфта буд, беҳтар гардид. Дар охири асри XV ва аввали асри XVI шароити зиндагии шаҳр хуб шуда, ҳунармандӣ ва тиҷорат тараққӣ меёбад. Дар даврони Темуриён шаҳри Ҳисор маркази кишваре аз болооби дарёи Аму то қаторкуҳҳои Ҳисору Ҳиндукуш мешавад, ки дар гузашта бо номҳои Бохтару Тахористон машҳур буд. Сабаби марказ шудани шаҳри Ҳисор дар он буд, ки маркази пешинаи ин манотиқ шаҳри Балх дар нимаи аввали асри XIV аз тарафи муғулҳо пурра вайрон шуда буд.

Давраи нав (асрҳои XVII-XIX)
Дар оғози асри XVI қабилаҳои нави кӯчӣ ба Осиёи Миёна ҳуҷум намуда, дар ноҳияҳое, ки зери ҳукмронии Темуриён буданд, давлатҳои худро ба вуҷуд меоранд. Хонигарии Бухоро яке аз бузургтарини ин давлатҳо буд. Сулолаҳои Шайбониён, Аштархониён ва Манғит пай дар пай водии Ҳисорро идора мекарданд. Дар хонигарии Бухоро Ҳисорро ҳокимон мустақилона ё ниммустақил ҳукмронӣ мекарданд. Танҳо соли 1870 Ҳисор пурра ба ҳайати Бухоро даромад. Таъсири ҳамаи воқеаҳое, ки дар хонигарии Бухоро рух медод, ба Ҳисор ба дараҷаи муайян мерасид. Дар охири ин давра шумораи аҳолии водии Ҳисор ба зиёда аз 180 ҳазор расид (Лилиентал, 1894). Шаҳрҳои асосӣ - Регар, Қаратоғ, Ҳисор, Душанбе, Кофарниҳон (Навбозор), Золи Зард, Чӯянгарон ва дигарон буданд. Шаҳраки Шаҳринав, бошишгоҳи қадимаи Чузӣ, дар қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор, дар дараҳо бошишгоҳҳои калон ба мисли Хонақоҳи Куҳӣ, Нилу, Арақчин, Симиганҷ, Харангон ва дигарон буданд.
Водии Ҳисор қад-қади қисми ҷанубии қаторкуҳи Ҳисор тӯл кашида, дарозиаш тақрибан 100 километр ва бараш то 24 километр мебошад ва дар баландии 720 м - 1180 м аз сатҳи баҳр воқеъ гаштааст. Дарёҳои Сурхоб, Хингоб, Кофарниҳон, Қаратоғ, Чангоб ва Элок аз қаторкуҳ ҷорӣ шуда, аз ин водӣ мегузаранд. Дар соҳилҳои дарёчаҳои куҳӣ ва дар ҳамвориҳои водии Ҳисор ёдгориҳои таърихӣ ва бостонӣ хело зиёданд. Таърихи бойи шаҳри қадимаи Ҳисор инъикоскунандаи таърихи пурғановати на танҳо водии Ҳисор, балки тамоми Тоҷикистон мебошад. Дар ин водӣ бошишгоҳи давраи санг ёфт шуд, ки баъдан бо номи маданияти Ҳисор машҳур гашт. Мавқеи ҷуғрофии водии Ҳисор муносиб ва иқлимаш мусоид мебошад. Дар умум, водии Ҳисор маркази фарҳангӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар асри XIII номи пешинаи Ҳисор, ки «Шумон» буд, ба номи «Шодмон» (хурсандӣ, хушҳолӣ) иваз карда шуд.
Тамаддуни Ҳисор - ин ядрои Тоҷикистони имрӯза буда, бо ёдгориҳои гуногун аз асри санг то асри XX, дар ҳаёти таърихӣ ва фарҳангии кишвар ҷои муҳимро ишғол менамояд.
Ҷашнгирии З000-солагии тамаддуни Ҳисор ва дохил кардани он дар рӯйхати ҷашнҳои ЮНЭСКО имконият дод, ки фаҳмиши миллати тоҷик нисбат ба таърихи хеш ва саҳми он дар тамаддуни инсоният мукаммал шавад. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси гузаронидани корҳои тадқиқотӣ, ҳафриётӣ, азнавсозӣ ва таъмири ёдгориҳои таърихӣ шуд.

Зикрулло ҶОБИРОВ,
Директори МДҶ «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор»

Хонданд 681

Ин айвонҳои бузург таваҷҷуҳи ҳар нафареро, ки аз ҷониби Самарқанд ба Панҷакент ворид мешавад, ҷалб мекунад. Ин ҷо Саразм аст, ки бо бозёфтҳои беназири худ мавриди таваҷҷуҳи машҳуртарин марказҳои бостоншиносии ҷаҳонӣ қарор гирифтааст. Он дар сарҳади паҳно ва куҳсори водии Зарафшон, 15-километрии ғарби Панҷакент ва 45-километрии шарқи Самарқанд ҷойгир мебошад.

Бозёфти ин ёдгории беназири 5500-сола ба номи сокини деҳаи Авазалии ҷамоати деҳоти Чимқӯрғон (ҳоло Саразм) Ашӯралӣ Тайлонов марбут аст. Соли 1976 ӯ аз паҳнои назди деҳа табареро пайдо кард ва баъди чанде онро ба бостоншинос, шодравон Абдуллоҷон Исҳоқов, ки он замон дар Панҷакенти қадим ҳафриёт мегузаронд, супурд. Ва ин табари биринҷӣ саҳфаи тозае кушод дар илми бостоншиносии шӯравӣ ва баъдан ҷаҳонӣ.
Тавре корманди илмии бостоншино¬сии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, номзади илми таърих Абдурауф Раззоқов мегӯяд, ҳаёти маданӣ дар Саразм ҳанӯз аз миёнаи ҳазораи чоруми то милод оғоз гардида, беш аз ҳазор сол идома ёфта, баъ¬дан бо сабабҳои гуногун рӯ ба таназзул ниҳодааст. Бозёфтҳои археологӣ шаҳодат бар ин медиҳанд, ки саразмиён охири ҳазораи сеюми қабл аз милод ба ду самт - ба ғарб, ки баъдан онҷо шаҳрҳои бузурге чун Самарқан¬ду Бухоро зуҳур кардаанд ва шарқ - ҷониби саргаҳи Зарафшон, рӯ овардаанд.
Солҳои аввали омӯзиши Саразм ақидае роиҷ буд, ки он аз деҳаҳои ҷудогонаи аз ҳам начандон дур иборат аст. Баъди таҳқиқоти солҳои охир муайян гардид, ки Саразм як мавзеи аҳолинишини воҳидро ташкил дода, масоҳаташ беш аз 100 гектар будааст ва он ҷо зиёда аз 8 ҳазор нафар сукунат доштаанд.
Дар шаҳраки Саразм биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғарбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар тарафи ҷанубу шарқӣ ҷой гирифта, растаҳои ҳунармандон дар шафати биноҳои маъмурӣ воқеъ будаанд. Ҳафриёт собит намуд, ки тарҳи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ аз ҳам ҷиддан тафовут доранд. Агар биноҳои маъмурӣ аз якчанд толори барҳаво, даҳлезҳо, тирезаҳои калон иборат ва болои таҳкурсиҳои хишти хом бунёд шудаанд, биноҳои истиқоматӣ аз се - чаҳор ҳуҷраҳои майда, саҳни ҳавлӣ, анбору хамбаҳо иборатанд.
- Ҳамчунин дар Саразм якчанд ибодатгоҳ низ пайдо шуданд, ки аз ойину мазҳаби сокинони он шаҳодат медиҳанд. Дар маркази фарши то¬лори ибодатхонаҳо оташдонҳои чоркунҷа ва доирашакл, ки дар марказашон чуқурии начандон амиқ барои барафрӯхтани оташ мавҷуд аст, ёфт шуданд. Яъне ҳанӯз аз охири ҳазораи чоруми қабл аз милод дар биноҳои маъмурии саразмиён нишонаҳои парастиш ва бузургдошти оташро мебинем, ки баъдан яке аз рукнҳои асосии ойинҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ гашт,- шарҳ медиҳад бостоншинос Абдурауф Раззоқов.
Таҳқиқоти Саразм, бар хилофи ақидаи бархе аз бостоншиносон, со-бит намуд, ки заминаи пайдоиши аввалин шаҳрҳо ҳанӯз аз ибтидои аҳди биринҷӣ оғоз меёбад. Муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки шаҳраки Са¬разм ҳамсинни ёдгориҳои охири ҳазораи чорум ва ибтидои ҳазораи сеюм чун Намозгоҳтеппаи Туркманистони Ҷанубӣ, Мундикати Афғонистон, Яҳётеппа ва дигар ёдгориҳои бостонии Эрон, Меҳанҷодорони Ҳиндустон будааст ва бо онҳо равобити гуногун ҳам доштааст.
Бозёфтҳои Саразм баёнгари онанд, ки маҳз гузаштагони мо ба пайдоиши шаҳрсозию меъморӣ, ҳунармандӣ, кишоварзӣ замина гузоштаанд.
- Биноҳои монументалӣ, кӯчаҳои сангфаршшуда, нобаробарии молу мулкӣ, ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ҷудошавии ҷомеа, ба соҳаҳо тақсимшавии меҳнат чун кишоварзӣ, чорводорӣ, кулолгарӣ, маъданҷӯиву маъдангудозӣ, заршӯию заргарӣ, бофандагӣ, чармгарӣ, коркарди чӯб, сангтарошӣ, ки дар Саразм ба мушоҳида мерасанд, аз рукнҳои хоси маданияти шаҳрдорӣ ва шаҳрсозии осиёӣ мебошанд,- таъкид менамояд Абдурауф Раззоқов.
Саразмиён бо манотиқи атрофу акноф робитаи тиҷоратию фарҳангӣ низ доштанд. Баъдан Суғдзамин ба яке аз марказҳои «Роҳи Абрешим» табдил ёфт, ки нумуи он аз Саразми Панҷакент сарчашма мегирад. Пайдо гардидани лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроққум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, зарфҳои мунаққаши хоси Балуҷистону Сиистони Афғонистон дар ҳафриёти Саразм ба ин гувоҳанд.
- Ёдгории Саразм ҳамчун пойгоҳи омӯзиш ва такомули чандин мадани¬яти ақвоми ҳинду аврупоӣ ба назар мерасад,- ҳамин тавр баҳо додаанд муҳаққиқон.
Маҳз ҳамин махсусияти Саразм дар байни ёдгориҳои аҳди қадими кишоварзии Шарқи Миёна боиси таваҷҷуҳи бостоншиносони мамолики гу¬ногун гардид ва онҳо аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта то кунун дар таҳқиқи он иштирок менамоянд. Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфронсҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор шуданд. Ҳанӯз соли 1982 дар ҳамоиши илмии байналмилалии Шӯравию Фаронса дар мавзуи «Маданияти қадимии Бохтар», ки дар Душанбе доир шуда буд, маърӯзаи аввалин муҳаққиқ ва кашшофи Саразм Абдуллоҷон Исҳоқӣ дар мавзуи «Омӯзиши ёдгории аҳди қадими кишоварзии Саразм дар во-дии Зарафшон» мавриди таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносони ватанию хориҷӣ қарор гирифт. Маҳз дар ҳамин конфронс бостоншиноси машҳури Фаронса Ҷан Клод Горден хоҳиши иштирок дар омӯзиши Саразмро баён дошт ва бо пуштибонии президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, зиндаёд Муҳаммад Осимӣ аввалин экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистону Фаронса ба таҳқиқи Саразм шуруъ намуд. Минбаъд ин ҷо бостоншиносо¬ни машҳури Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Италия, Олмон, Ӯзбекистон таҳқиқоти пурарзишро анҷом доданд ва натиҷаи омӯзиши муҳаққиқони ватанию хориҷӣ дар якчанд ҳамоишҳои байналмилалии илмӣ дар Душанбе, Панҷакент, Амрико, Фаронса, Русия, Туркманистон, Италия, Эрон, Африқо баррасӣ гардида, дар ин замина рисолаҳои зиёди илмӣ низ таълиф шудаанд. Аз ҷумла дар ҳамоиши илмии байналмилалие, ки соли 1994 дар Панҷакент доир гашт, олимони варзидаи ватанӣ ва хориҷӣ ба ҳулоса омаданд, ки ин ёдгории бостонӣ таърихи беш аз панҷуним ҳазорсола дорад. Инро бозёфтҳо ва таҳқиқоти баъдинаи Саразм низ собит намуданд. Хуллас, Саразм бо бозёфтҳои нодир, бо таваҷҷуҳи хосаи бостоншиносии ҷаҳонӣ дар байни ёдгориҳои аҳди қадим ҷойгоҳи хосаи худро соҳиб гаштааст ва ҳамасола мавриди назари олимон ва сайёҳон қарор ме¬гирад.
Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ, аз ҷумла Саразм, бештар гашт. Пешвои миллат дар ҳар сафа¬ри худ ба Панҷакент аз Саразм боздид ба амал меоранд. Натиҷаи ҳамин таваҷҷуҳ аст, ки 21-уми сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ Саразм ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнуъгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид. Баъдан бо маблағгузории Ҳукумати кишвар болои панҷ мавзеи ҳафриётшуда ва минбаъд таҳқиқшавандаи Саразм айвонҳои бузург сохта, ҳудуди ёдгорӣ панҷарабандӣ гардид.
Ниҳоят, соли 2010 шаҳраки бостонии Саразм бо пуштибонии Пешвои миллат ба рӯйхати Мероси фарҳангии умумибашарии ҷаҳонӣ ворид гардид. Ҳоло бошад, тибқи қарордоди Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ба хотири таҳқиқи минбаъдаи ёдгории Саразм бо марказҳои машҳури бостоншиносӣ чун Донишгоҳи Болоняи Итолиё, Донишгоҳи Ҳарварди ИМА, Пажуҳишгоҳи таъмиру тармими Греноболи Фаронса, Мероси умумибашарии фарҳангии ЮНЕСКО ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҷои хулоса суханони чанде аз бостоншиносони машҳурро оид ба мақоми ин ёдгории беназир, ки ҳанӯз соли 1994 баён карда буданд, манзури хонандагон менамоям.
Вероника Шиле - санъатшинос, устоди донишгоҳи Сорбонна (Фарон¬са):
- Бозёфтҳои Саразм, бахусус ороишоти занон, ки аз қабристон ёфт шудаанд, беназиранд.
Ю. Заднепровекий - бостоншинос (Русия):
- Мо Саразмро бузургтарин ёдго¬рии қадимаи тоҷикон меҳисобем... Бо ёфт шудани Саразм саҳифаҳои ҳанӯз номаълуми таърихи халқи тоҷик боз гардиданд.
Пол Бернар - бостоншинос (Фа¬ронса):
- Ҳафриёт ба таври раднопазир исбот менамояд, ки водии Зарафшон маркази бузурги фарҳангӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна мебошад.
А. Аскаров - бостоншинос, узви пайвастаи Академияи илмҳои Ӯзбекистон:
- Саразм бузургтарин кашфиёти аср дар соҳаи археологияи Осиёи Марказӣ мебошад.
Р. Мунчаев - бостоншинос (Русия):
- Ба мо муяссар гардид, ки дар симои ҳафриёти Саразм ва бозёфтҳои осори маданияти моддии он мар¬кази нави тамаддуни қадими халқи тоҷикро бубинем.

Т. СОЛЕҲЗОДА

Хонданд 527

Асрори ҷаҳони махуф

Фев 17, 2018
Хонданд: 721

Муаллифи ин мақола блогнавис Герман Стерлигов аст. Ва он ба як масъалаи хеле печидаи таърихӣ бахшида шудааст. Дар назари аввал кулли даъвои муаллиф бар пояи далолили тахаюлӣ ба қалам омадаанд. Он чи иддио мекунад, наметавонад таърих бошад, балки фарзияҳои худи ӯст, чун далелҳояш бар пояи ягон санади расмиву муътабар қарор намегирад. Ҷавҳари мақола он аст, ки Русия ва Аврупо аз хеле замонҳо зери тасарруфи ғояҳои ҷаҳонхоҳии яҳудиён қарор дорад ва дар садри ин рӯйдодҳо дар оғоз бародарон Ротшилдҳо қарор доштанд. Дар бораи хонаводаи Ротшилдҳои яҳудӣ “Самак” мақолае дошт бо номи “Асрори хонадони Ротшилдҳо”, ки дар шумораи №6 (327) аз 7 феврали соли 2018 рӯйи чоп омада буд. Мақолаи Герман Стерлиговро барои мулоҳиза чоп мекунем.


Николайи 2

Ин як иншои начандон ороишёфтаи рӯйдодҳои таърихист. Ба ҳадде кӯтоҳ аст, ки ба мисли сарлавҳаҳои қисмати охири китоби дарсии таърих. На вақт мерасад, ки барои ин матлаб суратҳои таърихӣ интихоб кунам ва на аснодро комил бо ҷузъиёташ ифода намоям. Ҳар касе агар барояш мароқовар аст, метавонад худ мустақилона ин ҳама корҳоро анҷом диҳад. Аммо як нуқтае ҳаст: ҳатто дурӯғ метавонад фаҳмо бошад, вақте инсон ҳақиқатро медонад.
Аз соли 1892 шоҳзодаи валиаҳд Николайи 2 бо ҷуҳуддухтар Митилда Кшесинская даст ба ишқварзӣ мезанад ва ин ин ишқи аввалини ӯст. Хеле ошкор аст ва ҳама инро медонанд. Арзёбии ҳамоиши шоҳи оянда бо олами яҳуд барои ҳар кас ҳам мушкил аст. Баъди ду соли ҳамоғӯшӣ бо Митилда яҳудиён барои Николайи 2 ба одамони боваринок ва наздик табдил мешаванд. Баъдан Николай шахсан дар ифтитоҳи канисаи (ибодатгоҳи яҳудиён) аввалин дар Русия ширкат меварзад. Баъди 25 сол маҳз кохи Матилда аввалин “ситоди яҳудиёни болшевик” мешавад, ки онҳоро Ротшилди яҳудӣ ба Русия эъзом карда буд, то тавонанд идораи Русияро аз дасти ҳукумати муваққат қабул кунанд. Баъди ишқварзиҳо бо Николай Матилда бо бародари насабии вай Андрей Владимирович низ муҷомиат кард ва ҳатто аз вай соҳиби писар ҳам шуд.
Аз соли 1910 Столипин деҳқонони содалавҳи русро бо пули каме мафтун кард ва онҳоро ба Сибири дурдаст фиристод. Он ҷо пули деҳқонон ба зудӣ тамом шуд ва онҳо заминҳои худро дар бонкҳо дар гарав монданд ва худро ба коргарони конҳои зеризаминии минтақаи Сибир табдил доданд. Столипин якбора эъзоми деҳқонон ба Сибирро афзоиш дод ва инро “ислоҳоти столипинии кишоварзон” номиданд. Ва баъдан дар замони худ ҳамин анъанаро Сталин бо Молотов идома доданд. Акнун на миллионҳо, балки даҳҳо миллион деҳқонон ба иттиҳоми кулакӣ бо ҳамон вагонҳои столипинӣ, вале зери мили силоҳи кормандони НКВД ба Сибир эъзом мешаванд.
Соли 1913 Витте (Граф Сергей Юльевич Витте — ходими давлатӣ, вазири роҳ, вазири молия, раиси Кумитаи вазирон, Раиси Шӯрои вазирон, С.тав. 1949, вафот 1915) дар Русия системаи захираҳои федералиро созмон дод ва баъдан ин пирамидаро ба ИМА бурданд ва онро бо тиллоҳои Русия пур карданд.
Аз соли 1914 бародарзодаҳо Вилгелми 2 ва Николайи 2 миёни худ вазъи ҷангиро ба вуҷуд оварданд. Неруҳо дар хандақҳо ба муқобили ҳамдигар қарор гирифтанд. Ҷанги байни бародарон дасти онҳоро ба ҳар гуна фитнаҳо боз кард. Боре Вилгелм ба саволи кай ин ҷанг хотима меёбад, посух дода буд: “Замоне ба охир мерасад, ки инро бародарам Николай бихоҳад.
Дар ин вақт дар Русия ҳар гуна ҳаракатҳои инқилобӣ худро омода мекарданд. Ҳар касе, ки “соҳил ё самти ҳаракати худро” гум мекард, кушта мешуд. Вале ин ҳодисаҳо ягон - ягон иттифоқ меуфтод. Дар умум соҳибмансабони ҳукумати истибдодӣ ҳама бори гуноҳро ба гардани инқилобхоҳон ҳавола мекарданд. Бидуни “инқилобгарон” имкон надошт табдили эҳтимолии ҳукумату қудратро шарҳ дод. То замони Александри 3 аслан ба инқилобгарон нарасиданд, зеро ба роҳбарону соҳибқудратони маорифпарвар ва инқилобгарон ҳадаф ягона буд: рушди зудраси илму маърифат ва бунёди як ҷомеаи солиму комил дар Русия. Танҳо роҳу равиши пешниҳодӣ гуногун буданд: инқилобгарон хостори он буданд, ки ба ҳадафҳояшон зуд расанд, чун аксари аъзои ин ҳизбҳо олимон ва донишҷӯён буданд ва мехостанд самараи барномаҳву назарияҳои таҳиякардаи худро зудтар бубинанд. Аммо ҳукумат ин корро мехост ба оҳистагӣ анҷом диҳад. Шоҳон бо дарки ин нукта мерасиданд, вале аз салтанат ҷудоӣ намехостанд.
Инак, замоне барои рушди саноатии олам фаро расид. Олимон тарҳҳои чароғон кардани оламро кашиданд. Триумвирати (иттиҳодияи се нафар ходимони сиёсӣ дар Руми Бостон) ҳокимият дар симои се нафар Георги 5 (шоҳи Британияи Кабир), Николайи 2 (Императори рус) ва Вилгелми 2 (охирин императори Олмон ва Пруссия) нақшаи мега–индустриализатсияро барои иҷро қабул карданд. Индустриализатсияи ҷаҳонӣ барои амалӣ шудани ин тарҳи бузург 10-15 сол заҳмати хорошикани миллионҳо нафарро дар назар дошт. Бародарон масъулияти баҳри хунро бар дӯш нагирифтанд. Бахше аз қаламравро ба яҳудиҳо Ротшилдҳо доданд, аз ҷумла бахши азими Русияро. Лозим омад Русия аз ҳама бештар қурбони ин барномаҳои бунёдӣ шавад, зеро қаламрави азими Сибиру Урал, ки аслан саршор аз конҳо буд, мебоист ба зери ҳамин барномаҳо мерафт. Ин аст, ки тарҳи олимон барои русҳо гарон уфтод ва то ба ҳол Русия манбаъи ашёи хом аст ва ба кишвари саноатии мутараққӣ табдил нашуд.
Моҳи октябри соли 1915 Георги 5 ҳангоми боздидаш аз Белгия аз асп меуфтад ва банду буғуми косаш мешиканад ва ба як фарди маслуқ табдил мегардад. Ба Николай шонси идораи ин қаламрави бузург ба танҳоӣ пеш меояд.
16 - уми декабри соли 1916 Григорий Распутин - шахси хеле наздик ба Николайи 2 аз ҷониби Феликс Юсупов кушта шуд. Ба шоҳ лозим омад Юсуповро аз миён бардорад, чун гумон мерафт, ки Юсупов дарк карда буд, ки дар Русия ҳамандомҳои шоҳ пайдо шудаанд ва кишвар аз ҷониби онҳо идора мешавад.
2 - юми марти соли 1917 марҳилаи дуюми супурдани Русия ба ихтиёри Ротшилдҳо бо имтиёзот шуруъ шуд. Николайи 2 аз Ситоди фармондеҳӣ ба истгоҳи роҳи оҳани Дно, дар қисмати ҷангалии Псков рафт ва ӯ медонист куҷо ва чаро меравад. Он ҷо гуруҳи вакилон аз Думаи Петроград омада буданд. Дар ин макон ба вакилон асноди барканории шоҳ аз қудрат супурда шуд ва вакилон аз Дно мустақим ба Петроград рафтанд. Ва шоҳи барканоршуда, дубора ба назди сарбозони худ баргашт. Он ҷо ин фармонро навишт:
«Ман бори охир ба шумо, артиши дӯстдоштаам, мулоқот мекунам ва муроҷиат менамоям. Баъди барканории ман аз тахту тоҷ ҳокимият ба ҳукумати муваққатӣ супурда мешавад. Худованд барояш мадад кунад, ки Русияро ба роҳи рушду нумуъ равона созад. Дар ёд дошта бошед, ки заъф дар хизмати ҳарбӣ танҳо ба нафъи душман аст...”

НИКОЛАЙ

Ситод, 8-уми марти соли 1917. Агар ин “истеъфо” ва ё даст кашидан аз ҳокимият дар ҷангали Псков бо зӯри нерӯ мебуд ва ё фиреб, пас метавонист филҳол он ҳамаро барҳам занад. Захираҳои ҳарбӣ ва қувва барои шоҳ кофӣ буд, чун фармондеҳи кулли неруҳои ҳарбӣ ҳисобида мешуд. Аммо ба ҷойи ин шоҳ фармоне содир мекунад ва аз артиш мехоҳад, ки бе чуну чаро ба Ҳукумати нав итоат кунад. Ҳоло Ҳукумати муваққатӣ таъсис нашудааст, вале Николай аллакай медонад, ки он ташкил мешавад ва ба артиш фармон медиҳад, ки дар хидмати он бошад. Яъне, ба сарбозону афсароне, ки ба номи худи ӯ савганди садоқат ёд карда буданд, мегӯяд, ки аз ин ба баъд на ба ӯ, балки дар итоати ҳукумати дигар бошанд. Ҳамин минвол интиқоли ҳарбиву осоишатаи қудрат барузор шуд. На бо роҳи зӯроваронаю хушунат, балки бо маслиҳату машварат. Муаррихон ин ду рӯзро “сарнагун шудани ҳукумати шоҳаншоҳӣ дар Русия” номиданд. Баъди бозгашт ба Ситод Николайи II ним рӯзро дар ҳалқаи афсарону сарбозон мегузаронад ва баъдан ба Лондон меравад, ки ӯро он ҷо хонаводааш интизор буд. Аммо дар нақши хонаводаи шоҳ аз ин ба баъд ҳамандомҳои онҳо фаъол мешаванд. Дар бораи он ки оилаи ҳамандомҳо фаъол буданд, пеш аз инқилоб сарвари муҳофизон генерал Джуковский ёдовар шуда буд.
8 –уми марти соли 1917 аз Ситод бе дастаи посбонони маъмулӣ ҳамандоми шоҳ ба рустои Сарское раҳсипор мешавад. Дар Сарское ӯро оилаи ҷамовардашудаи шоҳ мунтазиранд. Ҳамаи касонеро, ки император Николайи 2-ро шахсан медонистанду мешинохтанд, аз ин ҳайат берун мекунанд ва ба ҷойи онҳо аз ҷумлаи афсарони сарсупурдаи монархист иваз менамоянд. Инҳо одамоне буданд, ки барои шоҳ омода буданд ҷонашонро ҳам дареғ надоранд ва маҳз онҳо ҳамандоми шоҳро дар Сарский ва баъдан то ба Тоболск ҳамроҳӣ ва муҳофизат намуданд. Албатта, онҳо комилан ба ин бовар буданд, ки ин ҳамон оилаи шоҳи воқеъист. Дастаи посбонон ба Керенский, балки ба худи “шоҳ” итоат мекард ва ҳатто Керенский “шоҳро” танҳо бо иҷозати сарвари даста метавонист бубинад. Аммо “шоҳ” ба кормандони Ми-6 (хадамоти ҷосусии Британия) итоат мекард, ки яке аз онҳо муаллими бачаҳои шоҳ Чарлз Гиббс буд. Гиббс бо фармони “шоҳ” ба посбонон дастур медод, ки оиларо бештар вақт аз ҳам ҷудо нигоҳ доранд, то онҳо имкони ками муколама бо ҳам дошта бошанд. Ба назар мерасад чизе ба чашмони муҳофизон расид. Касе аз моҳи август ба инҷониб “шоҳро” зиёрат намеояд!!! Ба ҳамаи суратҳои “оила” дар ин давра таваҷҷуҳ кунед. “Зери назоратбудагон” ё нишастаанд ва ё хӯҷаинона хобидаанд ва “маҳбусон” дар назди онҳо рост истодаанд.
Аз аввали моҳи марти соли 1917 Ротшилдҳо ҳар гуна авбошони яҳудиро аз Аврупо ва Амрико ҷамъ меоранд ва ба Петроград эъзом мекунанд. То онҳо барои қабули ҳукумат аз Ҳукумати муваққатӣ омодагӣ бинанд. Аз Ню-Йорк ба Русия бо киштӣ Тротский бо ҳама яҳудиҳои рус бармегардад ва бо қатор аз Аврупо Ленин бо дастаи яҳудиҳои аврупоӣ меояд. Ҳамзамон нозирони иловагӣ аз Ми-6 аз Лондон Локкарт, Робинсон, Рейнштейн ва Томпсон бо рафиқонашон меоянд. Аз аввалинҳо шуда онҳоро ҷуҳудзан Кшесинкая дар кохе, ки ошиқаш Николайи 2 туҳфа карда буд, паногоҳ медиҳад. Ҳамаи яҳудиҳои роҳбарони оянда дар ҳукумат аз истгоҳи роҳи оҳан ва ё бандарҳо мустақим ба кохи ӯ меоянд.

Табдили сулола

17-уми июли соли 1917 бо фармони шоҳ сулолаи Саксен-Кобур-Готский “лағв” карда мешавад ва эълон мешавад, ки аз ин ба баъд “Сулолаи Виндзорский” ба тахт менишинад. Дар асл сулолаи Виндзор вуҷуд надошт. Виндзор ин номи қалъае дар Англия мебошад, ки замоне ҳиссае аз солҳои бачагии худро Георги 5, Вилгелми 2 , Николайи 2 ва Алиса ҳамсари ӯ гузаронидаанд. Ҳамин тариқ “Сулолаи Виндзорский” номи умумии се сулолаи ҳукмрони олам то ин замон - Саксен-Кобург-Готҳо, Голштейн-Готторпҳо ва Гогенсоллернҳоро ба ҳам овард.
Моҳи августи соли 1917 оилаи ҳамандомҳои шоҳ бо қатори “Салиби Сурх” ба Урал меояд (Салиби сурх ин номи созмони пинҳонкори Ми-6 аст) ва ин қаторро ҷосуси инглис Чарз Гиббс раҳнамоӣ мекунад. Истиқболу гусели хонаводаи шоҳ бо ҳама расму русуми замони тоинқилобии Русия, бо ҷалби ҳамаи дворянинҳо ва шахсони маъруфи сохтори давлатӣ сурат мегирад.
26-уми октябри соли 1917 Ҳукумати муваққатӣ орому сокит ва бидуни хунрезиву ҷанг бо сулҳу салоҳ худро таслими ҳукумати яҳудии Ротшилд-Ленин, Тротский, Сталин мекунад. Ҳамаи аъзои пешини ҳукумати шоҳӣ дар Қасри зимистона боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда, баъди чанд соат озод карда мешаванд. Ҳар касе хост, муҳоҷират кард ва ҳар касе боқӣ монд ба сохторҳои ҳукумати шӯроҳо пайваст ва ба фаъолияташ идома дод. Аз ҳамин рӯзу ҳамон сол дар Русия ҳукумати эъзомии Ротшилдҳо шуруъ ба ҳокимият мекунад.
11-уми марти соли 1918. Ҷанг дигар лозим нест. Бо Олмон муоҳадаи сулҳ имзо мешавад. Барои он ки сарбозон ба зудӣ ба хонаҳои худ баргарданд ва ба фаъолияти ҳукумати нави яҳудӣ таҳдид накунанд, ба дунболи Декрети сулҳ, Декрети замин имзо мешавад ва ин сарбозону деҳқонони ҷиннӣ ба зодбумашон медаванд, то ки аз тақсими замин қафо намонанд.
Августи соли 1918. Бар иловаи муоҳадаи сулҳи Брест ва бе ягон талаб аз ҷониби Олмон сарварони нави яҳудии Русия ҳамаи хазинаи тиллои кишварро ба Олмон, ба Вилгелми 2 интиқол доданд. Инро метавон танҳо иҷрои фармони соҳиби нав унвон кард ва на чизи дигар.
17-уми июли соли 1918 дар Урал куштори дурӯғини ҳамандоми шоҳ сурат мегирад, ӯ ва ҳамаи ҳамандомҳои дигари оилаи шоҳ аз ҷониби хадамоти ҷосусии Англия ба ҳар тараф бурда мешаванд ва бо ҳар роҳ ба хориҷи кишвар интиқол дода мешаванд. Ҳамандомҳо кушта намешаванд, то ҷасади онҳо дар оянда колбадшикофӣ ва асрор ошкор шавад. Иловатан ин нукта ҳам ошкор шудааст, ки ҳамандоми шоҳзода Алексейро шахсан худи Чарлз Гиббс бо номи қалбакии ятим Георгий Павелйев аз тариқи Чин ба Аврупо бурд. Баъдан асноди ӯро бо номи Гиббс иваз мекунанд ва чун писархонди Чарлз Гиббс аз Чин ба Австралия бурда мешавад.
9-уми ноябри соли 1918 Вилгелми 2 аз тахт канор меравад ва ба кохи худ дар Ҳолланд бармегардад. Салтанатро ба ҳукумати муваққатӣ бо сарварии дӯсташ Гинденбург месупорад. Якҷо бо Вилгелм ба Ҳоланд як қатори пур аз хазинаҳоии тиллои Рейхи дуюм ва Русия оварда мешавад. Захираи боқимондаи тиллоро аз тариқи Сибир Колчак ба Англия мебарад. Хабари “тиллои Колчакро”-ку ёд доред. Маъмулан дар ин бора хомӯшӣ ихтиёр мекунанд, ки Колчак низ бо тиллоҳо гум шуда буд ва ҷасади ӯро касе пайдо ҳам накард. Ҳамин тариқ Голштейн-Готторҳо дар Русия аз худ ҳеч тиллое боқӣ нагузоштанд. Баъдан муддати тӯлонӣ аз Русия ҳар гуна расмҳо, муҷассамаҳову ёдгориҳои таърихӣ, ҷавоҳирот хориҷ карда мешавад. Ин корро ба Сорос месупоранд.

Ҷанги дохилии Русия

Голштейн-Готторпҳо муддати дурудароз бим аз он доштанд, ки нақшаи онҳо ошкор мешавад ва роҳи сеюми бурунрафт аз мушкилро ҳам интихоб ва дар назар гирифтанд. Шоҳ ва фарзандони вайро шаҳидон эълон карданд ва дар Русия ҷанги шаҳрвандӣ ба авҷ расид. Баъзе одамон, ки намедонистанд дар асл чӣ мегузарад, мехостанд ҷуҳудонро барканор ва ҳокимиятро аз худ кунанд. Ба ҳамаи онҳо хадамоти ҷосусии Англия “кӯмак” мекунад. Ду ҷониби муқовимат пурра дар назорати ин хадамот қарор мегиранд. Дар ин моҷаро лӯхтакбозон саргарми лӯхтакҳои худ мешаванд. Афсари инглис Колчакро аз Амрико фиристоданд ва ӯро “Сарвари кулли Русия” эълон намуданд. Ҳамаи буду набуди ҷанги гражданӣ ин “яҳудиёни шӯравии Ротшилдҳо” зидди системаи зери назорати мухолифон буд. Вазифае, ки хадамоти махсуси алоҳазрат шоҳи Англия гузошта буд, пурра иҷро шуд. Ҳукумати Русия таҳти назорати Николайи 2-и “кушташуда”, ки дар Лондон менишаст, боқӣ монд, онро дар Маскав дар шакли ҳукумати Шӯравӣ яҳудиён- фиристодагони Ротшилдҳо идора мекарданд, аммо ҳукумат комил аз ҷониби Николайи 2 аз Лондон идора мешуд.
Дар умум ҳама тибқи нақша пеш меравад: коллективизатсия, ГУЛАГ, қатли оми бенавоён, қаҳтиву гуруснагӣ ва ғ.
20-уми январи соли 1936 Эдуарди 8 тахти Англияро соҳибӣ мекунад. Тибқи муоҳадаи пешакӣ вай бояд ба фоидаи Алексей аз тахт даст кашад, вале Эдуард корро кашол медиҳад. Ва ин барканорӣ танҳо баъди 325 рӯзи нишастан ба тахт сурат мегирад. Ва ҷолиб он аст, ки тӯли ин қариб як сол ҳам маросими тоҷгузории Эдуард баргузор намешавад. Атрофиёни Николайи 2 ва баъдан Алексей ҳамагӣ ба Голштейн-Готторпҳо содиқ монданд ва ин Эдуардро водор кард, ки ваъдаи додааш ба бародаронашро иҷро кунад.
10-уи декабри соли 1936 Эдуарди 8 билохира аз тахт даст кашид ва ӯро ба як қалъаи Ротшилдҳо бурданд ва то анҷоми маросими тоҷгузорӣ ба Алексей (“Герг-6”) зери назорат монд.

Интригаҳо бо Гитлер

Ва ҳолати форс мажорӣ. Яке аз ворисон, писари Георги 5 Эдуард, ки аз тахт ба фоидаи дигаре даст кашида буд, даст ба шӯриш зад ва ба Олмон, назди Гитлер рафт ва аз ӯ хоҳиш намуд, ки салтанати ӯро бо ёрии силоҳ барояш баргардонад. Гитлер розӣ шуд ва ба муқобили Англия ба ҷанг оғозид. Сулола ба ду тақсим шуд: ҷонибдорон ва мухолифони Эдуард. Сталин дар аввал хуҷаинҳои худро дастгирӣ кард, баъдан бо Гитлер ҳампаймон шуд ва боз дубора рӯ ба Лондон овард. Ва ниҳоят якҷо бо Рузвелт ва Черчил Гитлерро шикаст дод ва нобуд кард. Эдуарди 8 ҷангро бохт. Тахту тоҷи Англия (хонда шавад ҷаҳонӣ)-ро Алексей Голштейн-Готторпский (Георг 6) ҳифз кард. Аз нигоҳи хронологӣ чунин буд:
Моҳи октябри соли 1937 Эдуарди 8 бо ҳамсараш баъди даст кашидан аз тахт ба назди Гитлер рафт ва ӯро чун “алоҳазрат” вохӯрданд ва ин қабулҳои расмӣ ба он маъно буд, ки Олмон ӯро шоҳ медонист.
Сталин аввал аз Эдуард ҷонибдорӣ мекунад ва бо Гитлер муоҳада имзо мекунад. Ҳам Сталин ва ҳам Гитлер дастнишондаҳои Ротшилдҳо буданд. Дар тӯли муддати ҳампаймонӣ Гитлер Сталинро ва Сталин Гитлерро мефиребид. Зимнан, Георги ҳақиқии 5 соҳиби писрае бо номи Георг набуд. Писари ӯро Алберт меномиданд. Аммо вай куҷо шуд, касе намедонад. Тибқи маълумоти расмӣ гӯё вай номашро ба Георг иваз кард.
Рокфеллерҳо ба Эдуард такя карданд ва дар муоҳада бо Гитлер вориди амал шуданд. Ва ҳадафи онҳо ҷойгузин шудан дар тиҷорати ҷаҳонӣ ба ҷойи Ротшилдҳо буд.
Сталин дар ин миён хадамоти ҷосусии хориҷиро, ки асосан яҳудиён ва одамони Ротшилдҳо буданд, пурра нобуд кард. Ба вай хадамоте новобаста ба Ротшилдҳо лозим буд. Эдуарди 8 намоде аз трасончакӣ худро муаррифӣ кард. Гитлер ва Сталинро ба ҷанг овард ва худро дур кашид. Соли 1940 Гитлер ба ҳамаи кишварҳои аврупоӣ пешниҳоди сулҳ кард. Вай омода буд ҳама неруҳояшро аз қаламрави ишғолӣ, ба ҷуз Австрия, қисмате аз Чехословакия ва Полша хориҷ кунад. Омода буд ба ҳамаи мамолики зарардида аз ин таҷовуз ҷубропулӣ пешниҳод кунад. Аммо ҳамаи ин талошҳои сулҳхоҳонаи Гитлерро бомборони ногоҳониву фаврии тайёраҳои Англия ба баъзе шаҳрҳои Олмон ба сифр баробар карданд. Танҳо баъди ду моҳи ин рӯйдод Гитлер даст ба бомбборони Лондон мезанад. Черчил Шоҳи инглисро аз сулолаи Саксен-Кобург-Готский ба ҳабс мегирад. Касеро намекушад, азият намекунад, вале аз ҳабс танҳо баъди ҷанг раҳо карда мешаванд.
Моҳи майи соли 1941 Рудолф Гесс ба Англия меравад ва аз номи Гитлер Черчиллро бовар мекунонад, ки ба Англия ҳамла намекунад, балки зидди Сталин хоҳад ҷангид. Черчилл дар ин бора Сталинро хабардор мекунад.
Дар ин ҳол фиристодаи Гитлер назди Сталин меояд ва мерасонад, ки Олмон ба на ба Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ба Англия ҳамла мекунад. Сталин бовар мекунад ва мунтазир мемонад. Мехост баъди ҳамлаи Олмон ба Англия зарба аз пушт занад ва ҳамаи кишварҳои Аврупоро аз юғи фашизм озод кунад ва заъфи муваққатии худро ҷуброн созад ва чун наҷотбахши Алексейи 2 машҳур шавад.
Идома маълум. Гитлер билохира, ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамла кард ва он чӣ гузашт, таърих фаромӯш накардааст. Муддати 4 сол Сталин, Черчил ва Рузвелт таҳти васояти “Георги 6” зидди Гитлер меҷанганд. Дар ин миён Эдуарди 8-ро Черчилл дур аз Гитлер, ба Кариб бадарға кард. Эдуард бо ҳамон тарсончакӣ оромонаву ботамкин ва бе ҳеч муқовимат ба ҳавопаймо менишинад ва меравад. Эдуард ва Гитлер дигар аз ҳама пуштибониҳои байналмилалӣ маҳрум мешаванд.
Ҷанги дуюми ҷаҳон ба охир мерасад, Гитлер торумор мегардад. Эдуард берун аз сиёсату бозиҳои сиёсӣ шуд ва идораи олам ба Алексейи 2 (Георг) мегузарад. Ҳамаи душманони шоҳи инглис пеши пойи вай саҷда меоранд, бархеро мекушад, бархеро мебахшад.
Соли 1947 Сталин аз зери назорати Ротшилдҳо хориҷ мешавад. “Ҷанги сард” оғоз мегардад. Иттиҳоди Шӯравӣ ба роҳандозии сиёсати мустақилона оғоз мекунад, сиёсате, ки муғойир ба ормонҳои ҳампаймонҳо ва хоҷагони пешинаш буд.
Идомаи рӯйдодҳоро басо кӯтоҳ меорам, вақти муфассал навиштан надорам. Дар ин миён Англия ба Берия такя мекунад. 1-уми марти соли 1953 Берия ба Сталин заҳр медиҳад, Сталин мемирад. Берия идораи ҳокимиятро ба уҳда мегирад ва аввалин коре мекунад, баргардонидани кишвар зери итоати Ротшилдҳо буд. Моҳи апрели соли 1953 Хрушёв Берияро мекушад ва ба сиёсати ҷанги сард идома медиҳад.
Баъди Хрушев Брежнев сари қудрат меояд ва ҳамон ҷанги сард идома мекунад. Баъдан Андропов талош мекунад ба самти Англия кишварро гардонад. Сипас Горбачёв ва ҷанги сард ба охир мерасад. Ротшилдҳо дубора идораи Русияро ба даст мегиранд. Доллар ягона пули арзишманди Русия дониста мешавад. Ва ин сиёсат дар замони Елтсин идома мекунад....

Баргардонии Ф.Муҳаммад

Хонданд 721

САДА ЧӢ ГУНА ҶАШН АСТ?

Фев 03, 2018
Хонданд: 592

Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин на онқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.

Дар дунёи фалсафа, тафаккур ва маънавиёти зеҳнии эронитаборон фурӯ рафтан ва аз он бозгаштан корест басо сангину имконнопазир. Ин пиндорамон барои обу ранг ва ҳусни калом ҳаргиз набуда, зеро агар ба фалсафаи иҷтимоиву ахлоқӣ ва хиради ба ҷой гузоштаи аҳли илму адаби форсу тоҷик назар афканем, хоҳем дарёфт, ки ҳақиқатан хираду ҳикмати эронитаборон баҳрест бекарон ва ҳар касе агар ғаввоси моҳире бошад метавонад аз он баҳри бепоён марвориде ба даст оварад. Албатта, ба умқи ин андеша танҳо шахсиятҳое, ки аз он баҳр қатрае баҳра бардоштаанд, воқиф мешаванд.

Ҳазор сол қабл, барҳақ, фарзона ва энсиклопедист Абӯалӣ Сино гуфта буд: «Агар тавоноии донишмандони Эрон аз ҷаҳони дониш гирифта шавад, чизе ҷуз сиёҳӣ боқӣ намемонад». Арҷгузорӣ ва омӯзиши таърих, фарҳанг, фалсафаи иҷтимоиёт, суннатҳои аҷдодӣ ва илму адаби гузашта барои ҳар фарди худшиносу ҳувиятдор ҳам фарзу ҳам суннат аст. Беэътиноӣ ва нодида гирифтани рукнҳои зикргардида, инсонро ба беҳувиятӣ ва ниҳоят ба вартаи нестӣ бурда мерасонад. Пешвои миллат барҳақ гуфтаанд: «Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад». Имрӯз зарур аст, ки ҳар фарди миллати тоҷик аз ҳарвақта бештар рӯй оварад ба осори адабиву илмӣ ва суннатҳои гузаштаи худ ва бад-ин минвол аламбардори илму хирад ва давомдиҳандаи кору пайкори аҷдодони хеш бошад.
Ҳоло диққати шумо, хонандагони азизро ба яке аз ҷашнҳои суннатӣ ва миллӣ, ки «Сада» ном дорад ҷалб менамоем. Албатта, боварӣ дорем, ки ҳар кадоми шумо аз ин ҷашн воқифед ва медонед, ки Сада чӣ гуна ҷашн аст, аммо мо кӯшиш мекунем мухтасар аз таърихи пайдоиш ва баъзе вижагиҳои ин ҷашни бостонии миллӣ маълумоте ба шумо расонем.
Ҷашни «Сада» дар шумори сегонаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дохил шуда, ба гунаи ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон таърихи хеле қадимаро доро мебошад. Роҷеъ ба пайдоиш ва чигунагии ҷашни Сада аз сарчашмаҳо нисбати Наврӯзу Меҳргон маълумот камтар оварда шудааст, вале ин наонқадар аҳамияти ҷиддие дошта метавонад, зеро маълумотҳое, ки аз сарчашмаҳо оид ба ин ҷашн омадааст, то ҷое қонеъкунанда мебошанд, ки мо ин ҷашни миллиро шиносем ва барои эҳёи он ҷаҳд намоем.
Чи тавре ки дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, таҷлили ҷашни Сада ҳамасола ба 10-уми Баҳманмоҳи солшумории шамсӣ (мутобиқ ба 30-юми январи мелодӣ) рост меояд. Чунонки гуфта мешавад, муҳтавои фалсафии вожаи Садаро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад. Мардуми аҳди қадим ва асримиёнагӣ ҷашни Садаро бо ниҳояти хурсандӣ ва пирӯзмандӣ ҷашн мегирифтаанд, ки аз банди сардиву торикӣ раҳо гардидаанд ва дар пеш онҳоро рӯзҳои хушу хуррам ва табиати сабзу ҳавои гарме интизор аст.
Ҷашни Садаро афрӯхтани оташ шукуҳу шаҳомати дигаре зам мекунад, ки он намоди гармиву рӯшноиро ифода мекардааст, аммо бархе аз муддаиён ва мухолифони ин оин иддао мекардаанд, ки ин ҷашни оташпарастон, яъне ҷашни Садаро хоси дини зардуштӣ медонистанд. Вале фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов дар китоби хеш «Фолклори тоҷик» дар ин хусус аз қавли доктор Меҳрдоди Баҳор, овардааст: «Сада ҷашни зардуштӣ нест, зеро дар Авестову мутуни паҳлавии сосонӣ аз Сада ишорае нашудааст. Саранҷом дини зардуштӣ ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргонро мепазирад, вале муҳтамалан иди Садаро чун ҷодуӣ меангошта, вориди дин накардааст». Бар илова ҷашни Сада ва соири ҷашнҳои устуравии эронитаборон ғолибан марбут ба ҳеҷ кешу оине набудаанд, балки сирф фалсафӣ, иҷтимоӣ ва эҷоди мардумист, ки сарчашмаҳо низ ин андешаро аксаран тасдиқ менамоянд.
Оид ба шарҳи вожаи «Сада» дар манбаъҳои таърихиву адабӣ бисёр андешаҳову тавзеҳот омадааст, вале аз ҳама маъмултару машҳуртар дар байни мардум - «Сада» баргирифта аз шумораи сад аст. Тафсироти мардумӣ аз сад бар ин андеша аст, ки пас аз панҷоҳ рӯзу панҷоҳ шаб, Наврӯз даррасад ва маънии «Сада» ҳам аз ҳамин баргирифта мебошад. Аммо, фолклоршиноси тоҷик Д.Раҳимов боз ба андешаи устурашиноси маъруфи эронӣ Меҳрдод Баҳор такя менамояд, ки ин ташреҳи истилоҳи «Сада», ки гуё аз ду панҷоҳ сохта шуда бошад, иштиқоқи омиёна аст. Сада аз решаи sand-и авестоӣ, ба маънои «зоҳир шудан» аст. Яъне Хуршед пас аз чил рӯз зоҳир мешавад. Ва ин тафсироти доктор М.Баҳор аз ин ҷиҳат дуруст мебошад, ки ҷашни Сада пас аз чил рӯзи Шаби Ялдо - рӯзи мелоди эзид Митра, ки ин ҳам яке аз ойинҳои бостонии эронитаборон мебошад, таҷлил мегардад. Аз ин шарҳу тафсилот бармеояд, ки ҷашни Сада ҳамчун муждарасон, пайки шодиовар бар мардум мебошад. Ҷашни Сада дар дили мардум умед, нишот меоварад ва мардум аз ин муждаи садаӣ огоҳ мешаванд, ки рӯзҳои башумор мондааст, ки аз сардиву торикӣ, яъсу ноумедӣ, дуду чанги хокистари алав раҳо бишаванд. Ва аз ин лиҳоз, дар гузашта мардум ин рӯзро хуҷаста ва муборак медоштаанд, зеро Сада қосиди фараҳмандиҳои эшон будааст. Ва агар мо аз дидгоҳи фалсафӣ ба ин ҷашн назар афканем, хуб дармеёбем, ки гузаштагони мо дар илму фалсафаи иҷтимоӣ, ақлгароӣ, арзишшиносӣ, табиат ва амсоли аз инҳо бетафовут набудаанд, балки то қадри имкон бархӯрдор ва ошноӣ доштаанд, бад-ин маъност, ки аз гардиши рӯзгор ва чархи фалак беаҳмият набудаанд, вагарна чӣ тур метавон ин гуна ҷашнҳое, ки вобаста ба гардиши сол, хуршед, моҳ ва коинот аст, ҳам кафш карду ҳам офарид?
Роҷеъ ба пайдоиш ва замону макони ҷашни Сада дар сарчашмаҳои таърихиву адабӣ маълумотҳои гуногун омадааст. Пайдоиши ҷашнро ба давраи ориёиҳо мансуб медонанд, ки ин рафта ба асотир мерасад. Ҳаким Фирдавсӣ дар китоби худ «Шоҳнома» пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Ҳушанги пешдодӣ нисбат медиҳад, ки далели гуфтораш ҳам дар он аст, ки шоҳ Ҳушанг аввалин касе мебошад, ки оташро кашф кардааст ва ба хотири он ҷашн меорояд ва аз худ ҷашни Садаро ёдгор мегузорад. Ва ин ҷо порае аз нигоштаи Ҳаким Фирдавсиро меоварем, ки мефармояд:

Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

Донишвар Абӯрайҳони Берунӣ оид ба пайдоиши ҷашни Сада дар китоби худ «Ат- тафҳим» овардааст: « Ва аммо сабаби оташ кардан ва бардоштан он аст, ки Беваросб (Заҳҳок) тавзеъ карда буд бар мамлакати хеш ду мард ҳар рӯз, то мағзашон бар он ду реш ниҳодандӣ, ки бар китфҳои ӯ баромада буд. Ва ӯро вазире буд номи ӯ Армоил, некдил ва неккирдор. Аз он ду тан якеро зинда яла кардӣ ва пинҳон ӯро ба Дамованд фиристондӣ. Чун Афредун ӯро бигирифт, сарзаниш кард. Ва ин Армоил гуфт: тавоноии ман он буд, ки аз ду кушта якеро бираҳонаме. Ва ҷумлаи эшон аз паси куҳанд. Пас бо вай устуворон фиристод, то ба даъвӣ аз ӯ нигаранд. Ӯ касеро фиристоду бифармуд, то ҳар касе бар боми хонаи хеш оташ афрӯхтанд. Зеро ки шаб буд ва хост то бисёрии эшон падид оянд». Аз ин гуфтори донишвар Берунӣ бармеояд, ки пайдоиши ҷашни Садаро ба шоҳ Фаридун нисбат додааст. Ва дар манбаъҳои дигар ҷашни Садаро ба шоҳ Ардашери Бобакон низ нисбат медиҳанд, ки албатта, барои мо ворисони эшон пеш аз ҳама маълум гардидааст, ки ҷашни Сада ҷашнест таърихи қадим дошта, решааш дар замонҳои пешдодиён ва асримиёнагӣ об хӯрда, то ба замони мо омада расидааст. Ифтихор ва болидаруҳии мо аз он аст, ки гузаштагони мо дар шинохти ҳамагуна ҳодисаҳои табиат ва ҷанбаҳои ахлоқиву иҷтимоии инсонӣ ба хубӣ огоҳ будаанд. Аз ҷашнҳои суннатӣ, ҳикматҳо ва рисолаву китобҳои ба ҷой гузоштаи аҷдодон, имрӯз ҳар кадоми мо бояд ифтихор дошта бошем, вале ин нуктаро ҳам бояд зикр кард, ки на ифтихори пучу дурӯғин, балки бо диду назари имрӯз баррасӣ ва мувофиқа намуд, то баъдинаҳо низ аз он баҳравар гарданду замимаи ифтихори милливу ҳувияти миллиашон қарор диҳанд.
Ҷашни Сада дар Мовароуннаҳру Хуросон ва дар дигар ҷойҳое, ки эронитаборон сукунат доштанд, то замони ҳамлаи муғулҳо бо шукуҳи хоса таҷлил карда мешуд. Замоне, ки муғулони бедодгару яғмогар ҳуҷумҳои пай дар пай ба сарзаминҳои эронитаборон карданду онро ғасб намуданд, оҳиста- оҳиста илму фарҳангу адаби форсу тоҷик рӯ ба таназзул овард ва аз ҷабру зулми золимон аз шаҳрҳову водиҳо гурезон шуда, ба дараҳову куҳҳо паноҳ оварданд. Ва золимону хунхорони ҷоҳилу таасубзада ҳама ҷашну суннат ва оини гузаштагони моро аз кешу оини зардуштӣ ва бутпарастӣ дониста, барои таҷлилу ҷашнороияш муқобилият нишон дода, онҳоро то ҷое несту нобуд намуда, қисмати дигарашро ба гӯшаи фаромӯшӣ биспурданд, вале бояд қайд намуд, ки мардум ҷашни Садаро бо тағйири ном таҷлил мекарданд ва аз ҷашнгирии он даст накашидаанд. Ба мисоли ҳут, чоршанбеи охирон ва амсоли аз инҳо. Он ғосибон куҷо ақлашон мерасид, ки давлатдориву шоҳигарӣ мисли илму фарҳанг, ҷашну маросим ҷовидона ва намиранда нестанд. Таърих гувоҳ аст, ки китобу рисолаҳо, ҷашну маросимҳо низ мисли соҳибонашон қисмати талхеро пушти сар кардаанд, вале ҷавҳар ва рисолати худро аз даст надода, дар ҳама давру замон хидматгузору раҳнамои натанҳо як миллат ё қавм, балки башарият будаанду ҳастанд.
Ва имрӯз ба шарофати истиқлолият, моро имкон даст дод, ки ҳамаи ҷашнҳои суннатии хешро аз нав эҳё ва зинда гардонем. Мутахассисони соҳаи этнография, бостоншиносӣ, фолклоршиносӣ ва мардумшиносӣ мунтазам таҳқиқотҳо гузаронида истодаанд, ки албатта, то имрӯз бештари оину маросимҳои миллӣ таҳқиқу баррасӣ карда шуда, қисматҳои баҳсталаби онҳо дар пажуҳиши илмӣ қарор дода шудаанд. Ва ҳамчунин дар паёми навбатии хеш Президенти кишвар махсусан боз зикр намуданд, ки: «Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд». Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҳар чи бештар баҳри эҳё ва зиндагардонии мероси гузаштагон камари ҳиммат бибандем.
Ҳамаи сокинони кишвари азизамонро дар арафаи ҷашни бостонии Сада муборакбод мегӯем!

Зоҳири САЙФУЛЛО

Хонданд 592

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.