.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Таърих

Пайроҳаи халқ фаромӯш намешавад!

Шоҳроҳи дар ҷаҳон машҳури Абрешим аз замонҳои қадим ба ин сӯ роҳи ҳаёт ва пайвандгари кишварҳову инсонҳо будааст. Ба ақидаи таърихнигорон ин шоҳроҳ - Бухоро, Самарқанду Саразм - маркази тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии ниёгони моро низ убур мекард. 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Роҳи бузурги Абрешим баъди сукути ҳазорсолаҳо боз эҳё мегардад… Бохтари қадим ва Суғди бостонӣ дар чорсӯи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим қарор дошта, қофилаи корвонҳои бешумор аз растаҳои хуштарҳу бозорҳои ободи ин сарзамини паҳновари ниёгони тоҷикон ҷониби машриқу мағриб мешитофтанд». 

Воқеан, бино ба гуфти бостоншиноси шинохтаи тоҷик Абдурауф Раззоқов, парвандаи расмии гузаргоҳи зарафшонии Шоҳроҳи  Абрешим-Панҷакент-Самарқанд-Бухоро бо ибтикори бостоншиносони  тоҷику ӯзбек  барои шомил намудан ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст.  

Тавре Усмон Эшонқулов, бостоншиноси маъруфи кишвар дар асари таҳқиқотиаш «Таърихи маданияти кишоварзии Суғд» («История земледельческой культуры горного Согда») менигорад, дар гузаргоҳи зарафшонии шоҳроҳ, ки  аз  воҳаи Панҷакент то Самарқанду  Бухоро тӯл мекашид, ҳамеша равуои одамон зиёд буд. Тоҷирону кишваркушоёни аҷнабию муқимӣ аз воҳаи Панҷакент ба Ҳиндустон, Эрону Арабистон, Сибир, Чин ва дигар кишварҳо сафар мекарданд ва баръакс. Пайраҳаҳои куҳан, ки аз дараҳои дар баҳору тобистон сарсабзу хуррами  Киштӯд ва Шинги воҳаи Панҷакент, аз канори қуллаҳои сарбафалаккашида ва аз байни ҷангалҳои сердолу дарахт, аз ин хилватгоҳҳои хомӯшу пурасрор мегузаштанд, ба ин Шоҳроҳ пайваст мешуданд. 

Ҳаракати одамон дар роҳҳои имрӯз ободи водиҳо ва дар  пайроҳаҳои қадимӣ, ки аз соҳили рӯдҳои шӯх, кӯлҳои зебо, аз байни дарахтони арча, фарку мушша, манзараҳои дилфиреби гулу сабзаҳои кӯҳистон мегузаранд, ҳеҷ гоҳ қатъ намегардад. Бештари онҳо сайёҳони хориҷианд. Аз ҳазорҳо нафар дӯстдорони сайру саёҳат, кӯҳнавардон, мухлисону ҳаводорони табиати биҳиштосои Тоҷикистон, ки дар шаш моҳи “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба кишварамон омадаанд, теъдоди зиёдашон бо шоҳроҳҳои ободу зебои “Душанбе-Хуҷанд – Айнӣ”, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон бунёд гардидаанд ва бо пайроҳаҳои қадимӣ ба Искандаркӯл, Кӯли Аловиддин, Кӯли Калон, Ҳафткӯл омадаву манзараҳои дилфиребу афсонавии Сармаду Арчамайдон, ағбаҳои Шеру Тобасанг ва ёдгориҳои таърихию маданӣ ва аҳамияти ҷаҳонӣ доштаи онҳоро тамошо кардаанд. Дар байни иншооти зикршудаи сайёҳӣ бузургтарину номдортаринаш ёдгории бостонии Саразм-саромади тамаддуни кишоварзӣ, шаҳрсозӣ ва ҳунармандии тоҷикон мебошад, ки  ба зиёратгоҳи ҳақиқӣ ва  ба маркази ҷустуҷӯю омӯзиши олимон аз бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Бо сипоси беҳад ёдовар мешавем, ки ин ёдгории беназир бо ибтикор ва ҷаҳду талоши Президенти кишварамон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 ба Феҳристи умумиҷаҳонии Мероси фарҳангии ЮНЕСКО  шомил карда шуд. 

Дар Саразм бостоншиносон саҳифаҳои нави таърихи қадимии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои дуру наздик ва рағбати бузурги ба ҷаҳонгардӣ доштаи ниёгонамонро боз намуданд. Таърихшиноси машҳури ӯзбек, сарвари вақти Институти археологияи Академияи фанҳои Ӯзбекистон А. Аскаров дар як сӯҳбаташ бо мо гуфта буд: «Дар байни маҷмӯи бозёфтҳои археологии Саразм ашёҳои ҳақиқию аслӣ аз Эрон, Туркманистони ҷанубӣ, маданияти типпи Намозгоҳ, асбобу ашёҳои маишию маданӣ аз ёдгориҳои Сафолии ҷануби Ӯзбекистон, шимоли Афғонистон, зарфҳои воридотӣ аз ёдгориҳои давраи маданияти Калтаманори назди Арал дида мешаванд. Ашёҳои ҳаммонанд ба ёдгориҳои Балуҷистон зиёданд».

Ба ақидаи Абдурауф Раззоқов, дар байни бозёфтҳо ақиқи Қароқум, фирӯзаи Фарғона, лоҷуварди Бадахшон ва ғайра низ ҳастанд.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги таърихию илмии бозёфтҳои Саразм дар муайян намудани ҷой ва мақоми халқи тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ Пешвои миллат дар мулоқоти имсолаашон бо зиёиёни кишвар аз ҷашн гирифтани 5500- солагии тамаддуни Саразм дар соли 2020 пайғом доданд. Мавриди зикр аст, ки ин сана бар пояи маълумотҳои муътамади бостоншиносони маъруфи ватанию ҷаҳонӣ муқаррар шудааст. Хулосаҳои иштирокчиёни як ҳамоиши (колоквиум) байналмилалии бостоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Фаронса бахшида ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоии бохтариҳо, тахориҳо ва суғдиҳо дар давраи антиқӣ ва ибтидои асримиёнагӣ, ки охири августи соли 1986 дар шаҳри Самарқанд баргузор шуда буд, далели қотеъ бар ин гуфта мебошанд. 

Иштирокчиёни ҳамоиш дар рӯзи сеюми кории худ ба ҳафриёти Саразми Панҷакент омада, бозёфтҳои сершумори аз ин ҷо пайдошударо диданд. Яке аз муаллифони ин матлаб (Л.Қ.) бо чанде аз олимон сӯҳбат дошт. Аз ҷумла, В.А.Литвинский - академики АФ Тоҷикистон, Ходими Хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (Москва) чунин ибрози андеша намуда буд: «Ҳафриёти Саразм аҳамияти ҷаҳонӣ дорад. Он барои таърихи халқи тоҷик хеле муҳим мебошад. Аввалин бор муяссар гашт, аниқ карда шавад, ки гузаштагони қадимии тоҷикон, ки дар водии Зарафшон зиндагӣ мекарданд, камаш шаш ҳазор сол муқаддам, эҳтимол аз ин зиёдтар кишоварз шудаанд. Ин фаҳмишу тасаввуроти моро дар бораи таърихи қадимтарини тоҷикон тамоман дигар мекунад. Ҳамаи инро ба китобҳои дарсии таърих бояд дохил кард ва китобҳоро аз нав бояд навишт…».

Ин маъниро Пол Бернар, доктори илм, сарвари гурӯҳи археологии Маркази миллии тадқиқоти илмии Фаронса дар шакли дигар баён карда буд: «Ҳафриёти Саразм ба таври раднопазир собит менамояд, ки водии Зарафшон маркази калони маданӣ, сайёҳӣ ва тиҷоратии Осиёи Миёна ва сокинонаш соҳиби маданияти баланд будаанд. Дар Панҷакент бозёфтҳои сенсатсионӣ ёфт шудаанд. Боигарии фактҳоро, ки хуб омӯхта шудаанд, мо ба китоби кушодаи ин шаҳри бузург шабоҳат медиҳем…». 

Чунин аст хулосаи олимон, меҳмонони Тоҷикистон дар бораи  Саразм, ки имрӯз ба қадамҷои сайёҳони ҷаҳон табдил ёфтааст. Ба андешаи мо, ин гуфтаҳо барои донистани аҳамияти ин ёдгории бузурги мероси фарҳангии инсоният, тарғиби он ва ҷалби бештари сайёҳону тадқиқотчиён аз кишварҳои дунё басо муҳиму заруранд.

Дар асрҳои гузашта сайёҳон, кишваршиносону таърихнигорон ва тоҷирон аз мамлакатҳои дуру наздик ба диёри тоҷикон омада, табиати зебою афсонавии онро дида, мафтуни ин диёру ин мардум шудаанд. Онҳо сари роҳи худ бо сокинони бумӣ вохӯрдаву ҳамсуҳбат шуда, аз пазироию меҳмоннавозии самимонаи онҳо бархурдор гардида, урфу одат, хислатҳо, расму оин ва шуғлу ҳунарашонро дар китобҳо ва сафарномаҳои худ қайд намудаанд. Таваҷҷӯҳ кунед ба иқтибосҳо аз ин сафарномаҳо: 

«Дар Суғд чун меҳмон ояд, соҳиби хона шодӣ намояд ва тозарӯйӣ кунад. Ва ин одат дар ҳеҷ иқлим нашунидам, магар дар ин диёр». (Абӯисҳоқ Истахрӣ, сайёҳ, географ, муаррих. Асри 10).

 «Тоҷикон, то ҷое, ки ба ман равшан аст, дар сайёраи мо тимсоли ягонаи муборизаи сангин барои ҳаёт мебошанд, ки бо вуҷуди муқобилияти алайҳашон давоми садсолаҳо идома ёфта, барои худ роҳ кушода тавонистаанд. Аз рӯи бунёд сохти сари тоҷик баёнгари олитаборӣ ва хиради ӯст, дар бораи истеъдоди модарзодии рӯҳонии онҳо низ ҳаминро гуфтан лозим аст».

Миддендорф, афсар ва саёҳатчии рус. Соли 1882.

 «Шиносоии наздик бо тоҷикон ва омӯзиши хулқу рафтор, анъана ва тарзи ҳаёти онҳо дар дили кас ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиром гузоштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъкибу азиятҳо дидааст, бидуни ихтиёр бедор месозад ва ҳайратеро дар жарфи дили мо падид меорад, ки чи сон ба рағми ин ҳама ин ҳалқ аз рӯи замин нопадид нашуд, балки симои ориёии худро нигоҳ дошта тавонист».

А. Серебренников, афсар ва кишваркушои рус. Соли 1896.

Дар ин радиф мехоҳем чанд андешаи меҳмонону сайёҳони имрӯзии Панҷакентро низ баён намоем:

«...Имрӯз дар кишвари мо Тоҷикистонро хуб мешиносанд. Далели ин солҳои охир Тоҷикистонро барои саёҳат интихоб кардани теъдоди зиёди ҳамватанони ман аст».

Каон Хаминага, олим аз Ҷопон. 

 «Панҷакент шаҳри зебост, ёдгориҳои зиёди таърихӣ ва ҷойҳои хушманзараю диданӣ дорад. Иқтисодиёташ пешрафта аст. Бигузор, меҳмонони хориҷӣ зиёдтар ба ин диёри зебо оянд ва рушду пешрафти зиндагии тоҷиконро бо чашмони худ бубинанд».

Ясмин Гуедар, сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон.

«Ман бори аввал ба Осиёи Марказӣ омадам. Кишвари шумо, Панҷакент ба ман таассуроти хеле калон бахшид. Дар Русия, умуман дар тамоми ҷаҳон, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон рух дод, гумон мекарданд, ки ин кишвар шабеҳи Афғонистон аст. Аммо ман бо чашмони худ дидам, ки вазъ тамоман дигар аст. Мо иштибоҳ карда будаем. Тоҷикон мардуми соҳибтамаддун, дӯстпарвар, соҳиби фарҳанги баланд ҳастанд». 

Алексей Шорохов, котиби Раёсати Иттифоқи нависандагони Русия

Дар Роҳи бузурги Абрешим, дар пайроҳаҳои сеҳрангез, ки аз ҳаводиси замонҳо  нопадид нашудаанд, дар толору қасрҳои Саразм ва Панҷакенти Қадим, дар сӯҳбати мардуми дилкушод ва меҳмоннавоз, дар назди мақбараҳои бузургон, дар канори кӯлҳо ва рӯдҳои нуқрафом, дар сояи салқини сахраҳо ва арчаҳо, дар  паҳнои марғзорҳои ҳамешасабзу атрогин, дар кӯчаю бозорҳои Панҷакенти бостонӣ-ин гаҳвораи тиллоии тамаддуни ниёгон ҳар рӯзу ҳар лаҳза ҳамин гуна суханҳои самимӣ ва руҳбахшу дилнавоз ба гӯш мерасанд.  

Зайнура Азимӣ,

Луқмон Қурбон,

шаҳри Панҷакент

Хонданд 7

ҲОҶӢ ГАРДСӮЗ АЗ ТОСҚАЛЪА

Окт 22, 2018
Хонданд: 15
ҲОҶӢ ГАРДСӮЗ АЗ ТОСҚАЛЪА

Овозаҳои саховатпешагӣ ва дасти кӯмак дароз кардани Ҳоҷи Гардсӯз ба ҳазорҳо нафарро дар солҳои вазнинӣ ва гуруснагии солҳои 95-97 асри гузашта на як бору ду бор шуниданҳо бандаро ҷониби суроғаи ин марди саховатпеша бурд.   

Ҳоҷӣ Гардсӯз - Раҳмонов Шариф Чиллахонович соли 1953 дар деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Падараш дар пункти пахтақабулкунии деҳаи Тосқалъа ҳисобчӣ шуда кор мекард. Модараш бошад, колхозчӣ буд. 

- Модарам қаҳрамонмодар буданд, 11 фарзанд доранд: 7 писару 4 духтар. Ман фарзанди калонии хонадон ҳастам. Шукронаи Аллоҳ, ҳамаи фарзандони падарам сиҳату саломат буда, пайи зиндагии мустақилонаи худ ҳастанд. Ман соли 1967 баъди хатми синфи 10 ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорида, баъди супоридани имтиҳонҳо ба он дохил шудам. – мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Вай соли 1971 Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, мувофиқи роҳхати Вазорати маориф ба ноҳияи Панҷ фиристода шуд. Дар ноҳияи Панҷ чор моҳ кор кард ва Комисариати ҳарбии ноҳия ӯро ба хизмати Модар - Ватан сафарбар намуд. Дар шаҳри Барнаул ва баъдан дар Оренбург хизмат кард. Соли 1973 хизматро сарбаландона ба охир расонида, ба Тоҷикистон баргашт. Ш.Раҳмонов ду сол дар деҳаи худашон муаллими синфҳои ибтидоӣ шуда кор кард ва соли 1975 ба факултаи таърихи УДТ ба номи Ленин дохил шуд. Муддати як сол рӯзона ва баъдан бо сабаби мушкилоти оилавӣ дар шӯъбаи ғоибона таҳсил намуд. Соли 1981 УДТ-ро хатм карда, дар МТМУ-и №15 деҳаашон то соли 1989 муаллими фанни таърих буд. 

Ҳоҷӣ Шариф мегӯяд, дар ноҳияи Қумсангир Конференсияи ҷумҳуриявии омӯзгорон мегузашт. Маро аз шӯъбаи маорифи ноҳия барои баромад кардан он ҷо фиристоданд. Аз вилояти онвақтаи Кӯлоб ягон нафаре набаромад, то шеър бигӯяд. Як нафар ҷавон аз ВМБК, як нафар ҷавон аз Хуҷанд ва як нафар омӯзгори дигар аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба минбар баромада, бо забони русӣ шеър хонданд. Яке аз онҳо рубоиёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кард. Ман низ номус карда, ба ҳайси омӯзгори ҷавон аз вилояти Кӯлоб баромада, порае аз достони Ҷ.Румиро аз минбар бо забони русӣ  қироат кардам. Баъдан директори мактаб - як зани немис, ки барандаи он озмун буд ба наздам омада гуфт, ки “тебя ещё раз просят” ва ман бо ифтихор ин маротиб ба минбар баромада, 8 -10 рубёти Хайёмро бо забони русӣ қироат кардам. Баъди баромад кардан Рамазон Ғозиев (он замон мудири маорифи вилояти Кӯлоб) ба назди ман омада, пурсид, ки “бачам, аз куҷо мешавӣ?” Ман посух додам, ки “ронандаи мудири маорифи ноҳияи Восеъ мебошам”. Рамазон Ғозиев ба ман гуфтанд, ки “Додар, барои ман фарқ надорад, ту ронандаи мудири маориф ҳастӣ, мудири хоҷагӣ ҳастӣ, ё посбони мактаб. Азбаски обрӯи моро дар ин ҷо бардоштӣ ва омӯзгорони вилояти Кӯлобро дастгирӣ кардӣ, як роҳхати сайёҳӣ ба давлати Югославия ба номат ҳаст”. Пеш аз «Золотое кольцо» рафтан раҳматии С.Тӯрахонов ба ман путёвка дода, Венгрия равон карда буд. Барои он ки ман шиносномаи хориҷиро сари вақт тайёр карда натавонистам, Рамазон Ғозиев ба ҷои роҳхати Югославия ҳамон роҳхати «Золотое кольцо»-ро тӯҳфа кард. Инчунин, як мошини дигар низ барои ҳамон баромадам тӯҳфа карданд...

Баъди соли 1989 тарки муаллимӣ карда, дар Маскав ба тиҷорат машғул шудам. 

- Мо аз Душанбе ба Маскав рафтем. Солҳои 91-92, вақте ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ соҳибистиқлолии худро эълон карданд, аскарбачаҳои ин ҷумҳуриҳо дар ҳар гӯшаву канори собиқ шӯравӣ паи хизмати ватан буданд. Баъди пошхӯрӣ вазъияти онҳо вазнин шудан гирифт. Касе ба онҳо аҳмият намедод. Ман худ медидам аскарбачаҳои тоҷик дар қисми ҳарбии наздике хизмат доштанд, вале шароит ва зиндагии вазнин доштанд. Ҳамин тавр ман тиҷорат, ки мекардам, пулдор будам. Ҳолу аҳволи аскарбачаҳои ба тоҷик монандро дида, зиқ шудам. Дилам тоқат накард ва ба наздашон рафта, пурсидам, ки аз куҷоянд. Онҳо гуфтанд, аз Тоҷикистонем. Ман ба назди командири қисми низомиашон рафтам ва аз ӯ хоҳиш кардам, ки ҳукумати Шӯравӣ барҳам хӯрд, қисмҳои низомӣ ҳам ҳоло бенизом буда, парокандаанд, чӣ хизмат кунам, ки ту онҳоро ҷавоб дода метавонӣ? Он кас ба ман гуфт, ки 20-30 литр спирт биёр, ман онҳоро ҷавоб медиҳам.  Ҳамин тавр ман ба командири онҳо пул дода, 40 нафар тоҷикписарро, ки ҳама аз ноҳияи Панҷ будаанд, ҷавобашонро гирифта, ба ҳар кадомашон 25 рубли ҳамон давраина додам ва гуфтам, ба хонаҳоятон равед. 

Дар Тоҷикистон будам. Як писарак аз ҷои худамон дар Русия будааст, ба падару модараш нома навишт,а хоҳиш кардааст, ки омада маро бубаред, ки азоб дорам. Баъд ман ба Русия рафта, он писар ва боз 8 нафари ҳамроҳашро ҳуҷҷатҳояшонро дуруст карда, ба вагони самти Маскав – Тоҷикистон савор кардам ва маблағи роҳкирои қатораро низ додам. Ба ҷуз ин ҷавононеро дар кӯчаҳои Маскав медидам, ки ҳолу зори табоҳ доштанд, хизмат мекарданд, ё ҷавоб шуда бошанд ҳам имкони ба хона рафтан надоштанд. Оҳоро ба хона оварда, пули роҳкирояшонро дода, ба назди пайвандонашон гусел мекардем, - мегӯяд Шариф Раҳмонов. 

Бо маблағи тиҷорати дар Маскав мекарда Ҳоҷӣ Шариф додаронашро хононда, зан дода, хонаашон сохт. Хоҳарҳояшро ба шавҳар дод. Аз соли 1989 то соли 1991 дар Маскав пайи кор буд. Охирон сафари кардагиаш баъди ҳайкали Ленинро чаппа кардан буд. Ш. Раҳмонов мегӯяд, дар пеши меҳмонсарои “Космос” ҳамроҳи зангибачаҳо тиҷорати муштарак доштем. Онҳо ороишоти тиллоиро бисёр нағз медиданд. Ман аз заводи коркарди ашёҳои тилло ороишоти тиллоӣ харида, пулашро дар касса, дар доираи қонун месупоридам ва оварда ба онҳо медодам, онҳо ба ватанашон бурда, баъди 20 – 30 рӯз пулашро як ҷо оварда медоданд. Хубии кор дар он буд, ки боҷи гумрукӣ набуд. Инҳо ҳамон зангибачаҳое буданд, ки дар Институти дӯстии халқҳои ба номи Патрис Лумумба таҳсил мекарданд. Ҳамроҳи онҳо муддати 3 сол кор кардам. 

Соли 1991 билохира ба ватан баргаштам ва бо мардум пайи зиндагӣ дар деҳа шудем. Баъд иҷозати замин гирифтан шуд ва ман 2 га замин аз соҳили дарёи Сурхоб гирифтам ва мисли дигарон паи кори деҳқонӣ шудам. Шароити зиндагиамон хуб шуд, маҳсулот истеҳсол менамудам, ба ҷуз ин консерва тайёр мекардаму мефурӯхтам, молу гов нигоҳубинӣ мекардам, зиндагиам камбудие надошт. Чор тарафи заминам об аст – идома медиҳад суҳбаташро Ҳоҷӣ Шариф. 

Соли 1995 аҳволи зиндагии мардум бе ин ҳам ниҳоят вазнин буд ва боз ҳам вазнинтар шуд. Нафароне буданд, ки як халта гандумро ба нафарони зарурманд ба ҷои чор халта гандум доданд, яъне як халта гандум медоданд ва ба ҷои он чор халта гандум талаб мекарданд. Як халта гандумро бо як гови ҷӯшо иваз кардагиҳо ҳам буданд. 

Ҳоҷӣ Шариф як бегоҳ дар хона ҳамроҳи аҳли оила нишаста буд, ки садои гиряи аламноки кӯдаке беист ба гӯшаш расид. Пурсид, ин овози гиряи кист? Хонагиҳо посух доданд, ки овози гиряи бачаи 13-14 солаи ҳамсоя мебошад. «Нон, нон нон!» гуфта беист мегирист. Ҳамин ҳолат бисёр зиқаш менамояд (ӯ ашки чашмонашро пок мекунад) ва ҳамроҳи ҳамсараш маслиҳат карда, саҳар аз хоб хеста, як дег гардсӯз пухта, ба касоне, ки надоштанд, садақа доданд. Нарасид. Боз ба таги деги дигар оташро гиронда, равған ширин карда, шир андохта, ба он гард ҳамроҳ карда, тақсим карданд.- Деги тайёрашро тақсим карда, додан мегирифтем, боз дегҳои дигарашро равғану шир андохта, бо навбат тайёр кардан мегирифтем. Ҳамин тавр рӯзе се дег гардсӯз ба мардуми гуруснаву нон мехоста пухта медодем. Мардум омада мехӯрданд ва қисме ҳамроҳи худ гирифта мебурданд. 

Як рафиқ дорам. Аслам Ҳофиз мегуфтандаш. Вай дар хоҷагии бобои Миралӣ вазифаи мудири хоҷагиро адо мекард. Он кас биринҷ оварда медод, мо гоҳ ширбиринҷ карда ба мардуми муҳтоҷ медодем. Боре омада гуфт, ки як мард ҳамроҳи худ духтари қадрасашро аз кадом ноҳияҳои минтақа оварда, бо гиряву зорӣ илтимос кард, ки “бародар, ана ин духтарамро ба занӣ бигир ва ба ивазаш як халта гандумам бидеҳ”. 

Намедонистам, чӣ кор кунам, фарёд кунам, ки “Худои ман ин чӣ рӯз аст?”. Ман ба он мард гуфтам, ки марҳамат, 2-3 халта гандумро гирифта бираву духтарат ба ҷои фарзандам бошад. 

Боз нақл кард, ки шабе якчанд нафар омада, дар кафи дастони ман тилло рехтанд ва гуфтанд, ки бар ивазаш ду - се халта гандум ба мо бидеҳ. Лекин ман ягон дона тиллои онҳоро нагирифтам ва гуфтам, ҳеҷ чизи шумо ба ман лозим не, ман ҳамин хел мушкили шуморо ҳал мекунам. Ҳамин хел ҷавонмарди хайрхоҳ буд Аслам Ҳофиз. Вай сарояндаи хуб ҳам ҳаст ва бо раҳматии Зариф Наҷмиддин (раҳматӣ ҳофизи ғӯрамарг ва роҳбари ансамбли “Чашма” -и собиқ колхози ба номи Ленин) дӯстони қарин буданд. Бисёр шеърҳои баланд интихоб карда месароид. Ҳоло дар шаҳри Душанбе мебошад ва кору зиндагӣ дорад. Вай ҳам, Ҳофиз Аслам ҳам ба ман кам кам кӯмак мекарданд ва маҳсулоти овардаи онҳоро ҳам хӯрок пухта, ба мардум тақсим карда медодем. Мардум аз деҳаҳои ҷамоати мо ва ҷамоатҳои дигари атроф ҳама барои хӯрдан меомаданд. Бархе, ки мушкилоташ зиёдтар буд, ҳамроҳи худ зарфи хӯрокбарӣ меоварданд ва барои аҳли оилаашон мебурданд. Ин кори хайри мо се моҳ давом кард. Вақте гандум ба расидан сар кард, мардум омаданашон камтар шуд Худованд ин рӯзҳоро гузаронд ва боз рӯзҳои нек пеш омаданд, – иброз медорад Шариф Раҳмонов.  

Соли 2011 буд, рӯзе Ҳоҷӣ Шариф бемор шуда, ба беморхонаи шаҳри Душабе афтида хоб рафт. Мардуми деҳа, деҳаҳои атроф ва аз дигар ҷамоатҳо ҳам барои аёдати ӯ рафтанд. Дилаш суст кор мекарду пойҳояш варамида буданд. Духтурон ва нафарони ҳампалатааш ин қадар беморхабаргирии зиёдро дида ҳайрон шуда, аз Ҳоҷӣ мепурсиданд, ки шумо чӣ касе ҳастед? Ӯ дар посух мегуфт, ки ман ҳеҷ кас нестам, мисли ҳар яки шумо як одами оддӣ ҳастам. Меомаданд ва ростӣ, аксарияташонро умуман намешинохт ва аз онҳо мепурсид, ки бародар, нашинохтам. Мегуфтанд, ки бобои Ҳоҷӣ, мо ҳамон бачаҳое ҳастем, ки дар соли 1995 аз канори роҳ ва қади новаҳо бардошта бурда гардсӯз медодед ва мо ба худ омада, ба хонаҳоямон мерафтем ва пайи зиндагии худ мешудем. 

 -Худованд ҳеҷ хорашон накунад. Ҳозир аксарият коргар, роҳбар қисме духтуру муҳандис шуда кор мекунанд. Намакро, ки пос медоранд, Худованд нигаҳбонашон бошад. 

Шариф Раҳмонов оиладор буда, 7 фарзанд дорад: ду писару 5 духтар. Ҳамсараш духтари аммааш аз деҳаи худи Тосқалъа. Соҳиби маълумоти миёна, хонашин. Вай низ мисли Ҳоҷӣ Шариф хайрхоҳ мебошад. Ҳоло ҳам аз обилаи дастони худаш зиндагии худу аҳли оила ва наберагонашро пеш мебарад. 

Ш.Раҳмонов мегӯяд, ман ба зиёрати хонаи Худо нарафтаам ва мардум худ мартабаи ҳоҷигиро ба ман додаанд. Аз зиёрати хонаи Худо чандин нафарон, ба зиёрати ман омада мегуфтанд, ки фалон Ҳоҷӣ ва фалону фалон нафар аз Арабистон ба шумо дуруду паёми бисёр фиристоданд. Баъзеашон роҳи дарозро тай карда меоянд ба хонаам ва ҳамроҳам нишаста, суҳбат мекунанд ва мегӯянд:

- Ҳоҷӣ Шариф дар куҷост, ки пайғомашро расонем ва зиёраташ кунем. 

Ман ба онҳо мегӯям, ки каме мунтазир шавед, ҳозир меояд. Ҳарчанд, ки худи ман ҳамроҳашон ҳастам ва нишаста суҳбат дорем. Ҳамсарам хандида мегӯяд, Ҳоҷӣ Шариф ҳамин марди ҳамроҳатон, ки мебошад, аст. 

Охирон орзуву армони Ҳоҷӣ Шариф он аст, ки агар дасташ расид,  ба беваҳои бекасу фарзандони сағераи зиёде дошта ақаллан ду ҳуҷраӣ сохта бидиҳад, то ки сарпаноҳе ёбанду мушкили зиндагиашон каме ҳам бошад, беҳ шавад...

С. Халилиён, аз деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ

Хонданд 15

Раиси ноҳияро кӣ парронд?

Сен 29, 2018
Хонданд: 94
Раиси ноҳияро кӣ парронд?

Ин воқеаи даҳшатбор 25 майи соли 2001 дар маҳаллаи 34-и шаҳри Хуҷанд рух дод. Раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) Собирҷон Бегиҷонзода бо мошини хизматӣ аз кор бармегашт. Ӯ назди манзилаш-хонаи рақами 33 пиёда шуда, пеш рафт. Раис бехабар буд, ки ӯро ду нафар назди даромадгоҳ мунтазиранд ва Собирҷон бори охир ба хонааш меояд. Садои чанд тир оромии маҳалро вайрон кард, тирҳои туфанги оташфишон ба раис расиданд ва ӯ назди даромадгоҳ ба замин афтод.

Бегиҷонзода чун одат бегоҳ танҳо аз кор меомад, ӯро касе роҳбаладӣ намекард. Чанд нафари садои тирҳоро шунида, ба маҳалли ҳодиса шитофтанд, аз ҷумла афсари милитсия, корманди Раёсати корҳои дохилии вилоят Абдуҳамид Пӯлодов яке аз аввалинҳо шуда, ба маҳалли ҳодиса расида омад. Вай вазъиятро дарк кард, фаҳмид, ки ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнин гирифтааст, бо ёрии чанд ҷавон Бегиҷонзодаро ба мошин бор карда, ба беморхонаи клиникавии вилоят бурд…

Писари Бегиҷонзода - Хуршед, ки нав хонадор шуда буд ва аз манзили волидон каме дуртар зиндагӣ мекард, хабари нохушро шунида, ба беморхонаи вилоят омад ва дид, ки падар ҷароҳатҳои вазнин гирифта, оғуштаи хун хобидааст ва дар атрофаш табибон ҷунбуҷӯл доранд, вай фаҳмид, ки қиблагоҳаш аллакай ҷон додааст ва дигар касе ба ӯ мадад карда наметавонад.

- Ман солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин хел ҳодисаҳои ваҳшатборро бисёр дидаам, - нақл кард Хуршед. - Мурдаро аз зинда фарқ карда метавонам, аз табибон хоҳиш намудам, ки марҳумро ба ҳолаш монанд.

Ба пайкари падарам аз туфанги оташфишон панҷ тир расида, танашро ғалбер карда, узвҳои муҳими ҳаётиашро аз кор баровардааст. Раиси вақти шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҷалолов, ки ба беморхона расида омада буд, ба ман ҳамдардӣ баён кард ва ба ёрдамчиёнаш супориш дод, ки ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ телефон кунанд. 

- Аз бемористон падарамро ба сардхона (морг) бурда ташхис намуданд. Маълум карданд, ки ба пайкари вай панҷ тир аз туфангчаи тамғаи «Макаров» расидааст… 

Субҳ Бегиҷонзодаро дар гӯристони Болтухони шаҳри Хуҷанд ба хок супориданд. Дар шуъбаи корҳои дохилии маркази вилоят гуруҳи фаврии тафтишотӣ таъсис доданд. Ба ҳайати он кормандони фаврии таҷрибаноки шуъба, Раёсати корҳои дохилии вилоят, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва прокуратураи вилояту шаҳрро шомил намуданд. Прокурори шаҳри Хуҷанд нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Гуруҳи тафтишотӣ пеш аз ҳама шахсияти марҳумро санҷид. Собирҷон Бегиҷонзода кист ва кӣ қатли ӯро мехост? Вай 3 феврали соли 2002 панҷоҳу нуҳсола мешуд, вале то зодрӯзаш зинда намонд, падари даҳ фарзанд, шаш духтару чор писар буд, се духтари калониашро оиладор карда тавонист, Хуршед нав оиладор шудааст, ба қавли худаш ҳанӯз бачилла буд. 

Собирҷон Бегиҷонзода солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои масъули вилояти Қӯрғонтеппа кор кард. Солҳои 90-ум дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ширкат кард. Соли 1999 бо фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) таъин шуд, вале дар  ин вазифа ҳамагӣ ду сол фаъолият намуд. Бегиҷонзода намояндаи мухолифини тоҷик буд ва мувофиқи тақсимоти 30 фоизаи оппозитсия вайро ба ин вазифа пешбарӣ карданд. 

Ҷустуҷӯи қотилон давом мекард, фарзияҳои гуногунро санҷиданд, аз даҳҳо нафар шубҳа намуданд, вале айбдоршавандаҳоро муайян карда натавонистанд. 

- Дар ин бора ман ба прокурори вилоят, сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳр, шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд арз кардам, - гуфт Хуршед Бегиҷонзода. - Ҳама як хел ҷавоб медод, ки меҷуянд ва албатта меёбанд…

Кор ба ҷое расид, ки аз ду бегуноҳ шубҳа карда, онҳоро боздошт намуданду латукӯб карданд, ки ба гуноҳи нокардаашон иқрор шаванд.

Роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ як қатор муфаттишонро ба масъулият кашида, онҳоро аз тафтиш дур карданд.

Ҷустуҷӯ давом мекард, ба он кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсияи вилоят шомил шуда, аниқ намуданд, ки Собирҷон Бегиҷонзода супориши роҳбарони мухолифини тоҷикро иҷро накард. Мухолифин талаб намуда буд, ки раис барои марказ маблағи муайян ҷудо намояд, вале Бегиҷонзода саркашӣ кард. Вайро борҳо огоҳ намуданд ва таҳдид карданд. Таҳдиди эшон хушку холӣ намонд, дар охир қарор доданд, ки қотилонро киро кунанду  Бегиҷонзодаро ҷазо диҳанд ва ин ба дигарон дарси ибрат шавад.

Дертар маълум шуд, ки ин муборизаи паси пардагии мухолифин  нафақат барои ишғоли вазифа будааст. Он хеле пеш, ҳатто то имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҳия шудааст. Барои амалиётҳои террористӣ, харидани яроқ маблағ лозим буд. Ҳар каси ба мансабҳои масъул соҳиб шуда, бояд пул ҷамъ карда, ба марказ супорад, нафарони саркашӣ карда бояд ҷазо гиранд. Кор ба ҷое расид, ки ба якдигаркушӣ гузаштанд. Ҷонишини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҳабиб Сангинов, журналисти номӣ Отахон Латифӣ ва чанд нафари дигарро парронданд. Аз ҷумла, Собирҷон Бегиҷонзода низ ҳадафи тири ҳаммаслакони худ гашт. 

Корманди фаврии шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятии РКД-и вилояти Суғд, подполковники милитсия Мухтор Умаров ба гуруҳи тафтишотӣ шомил буд, ӯ иброз намуд, ки ба  ин гуруҳ сардори Раёсати ҷустуҷӯи ҷинояти ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Шарифов роҳбарӣ мекард. Онҳо тафовути шабу рӯзро аз ёд бароварда ҷустуҷӯи қотилонро давом медоданд.

Ба иттилои Мухтор Умаров ҷуяндагон ду қотилро аниқу боздошт карданд. Онҳо баёнот доданд, ки Бегиҷонзодаро бо туфанчаи тамғаи «Макаров» парронда, яроқро ба дарёи Сир партофтаанд.

Ба гуруҳи фаврӣ супориш шуд, ки туфангу садонишини қотилон истифода бурдаро дарёфт карда, ҳамчун далели шайъӣ ба суд пешкаш намоянд.

- Ин аз боздошти қотил душвортар будааст, - шӯхӣ кард подполковник Умаров. - Бо сад машаққат маҷрои обро кам карда, туфанг кофтем, ғаввосҳоро киро кардем, вале маълум шуд, ки аз дарёи калон ёфтани далели шайъӣ кори сангин будааст.

Баъди ҷустуҷӯи семоҳа туфангчаю садонишини қотилон истифода намударо дарёфт карданд. Таҷзиягарон баъди ташхис ба хулоса омаданд, ки Бегиҷонзодаро бо ҳамин туфанг паррондаанд, қотилон низ туфанги худро шинохтанд.

 Ҳамин тавр ин ҷинояти вазнин ошкор гашт, Суди вилояти Ленинобод  (ҳоло Суғд ) ба қотилон мувофиқи қонун ҷазо дод, вале супоришдиҳандагон паси парда монданд.

- Мо бо рафти тафтишот ва мурофиаи судӣ розӣ нестем, - гуфт Хуршед.

- Ҳамаи ин тариқи пӯшида гузашт, касе аз пайвандони ҷабрдидаро даъват накард, нисбати ҳамаи ин шикоят дорем…

 

Ғайрат ҲАКИМ

Хонданд 94

ОРОМГОҲИ БУЗУРГОН

Сен 29, 2018
Хонданд: 33
ОРОМГОҲИ БУЗУРГОН

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Номи аслии ин деҳаро касе ба ёд оварда натавонист. Тахмин мерафт, ки гузаштагонашон ин мавзеи биҳиштосоро ба онҳо мерос гузоштаанд, вале номашро дар ягон ҷо нақш набастаанд.

Беш аз ҳазор сол пеш ба он номи туркии Каросақол, яъне ришсиёҳро пайвастанд. Кас ҳайрон мешавад, охир дар деҳа ягон турк зиндагӣ намекард, ҳама тоҷик буданд ва ҳастанд, вале чаро эшон ин номи ношиносро бо меҳр ба забон мегирифтанд.

Вақти таҳқиқ, аз нақли калонсолон фаҳмидем, ки гузаштагони ин деҳа сад дар сад тоҷик буданд ва аҳлона бо сулҳу салоҳ зиндагӣ мекарданд, то даме, ки ба деҳа қадами туркони қарохони ғазнавӣ расид. Яғмогарон деҳаро забт намуда бо куштору ғорат халқро ба дод оварданд. Ин ҷо мардони ҷасуру банангу номус кам набуданд, вале як шере пайдо шуду бо ҷасорат ҳамаро моту маҳбут кард. Ҷавонмарде баъди торикӣ афтодан аз мазори деҳа мебаромаду ғосибонро мекушт ва атроф равшан нашуда нопадид мегашт. Яғмогарон рӯзи дароз ӯро мекофтанду намеёфтанд ва аз якдигар мепурсиданд, ки марди паҳлавонпайкари «қаросоқол», яъне ришсиёҳро надидаанд?

Гуруҳ- гуруҳ рӯзи дароз он шерафканро меҷустанду намеёфтанд ва субҳ мешуниданд, ки марди ҷасур шабона пайдо шуда боз чанд яғмогарро кушта ғайб задааст.

Кор ба ҷое расид, ки туркон шабона берун намебаромаданд ва якдигарро огоҳ менамуданд, ки ҳангоми торикӣ фаро расидан аз ин мавзеъ нагузаранд, ки ҳадафи «қаросоқол» мешаванд.

Муборизаи марди танҳо бо қӯшун дер давом накард. Қарохониён бо шумораи зиёд роҳи шерафкани ришсиёҳро пойиданд ва шабе ӯро ба муҳосира гирифтанд. Паҳлавон бо шамшер нафари пеши роҳаш баромадаро шикофта, ба оромгоҳи деҳа медарояду ғайб мезанад. Яғмогарон хеле ӯро кофтанд, вале нишон ёфта натавонистанд. Куҷо ғайб задани шерафканро касе надид, на худӣ ва на бегона.

Ҳамин тавр деҳа Қаросоқол ном гирифт. Таҳлуқаи аҷнабиён дер давом кард, онҳо бо ҳарос ба якдигар дар бораи қаҳрамониҳои он марди сиёҳриш ҳарф мезаданд. Беш аз ҳазор сол деҳа бо ин ном монд. Фақат се сол қабл сокинон бо қарори худ ба деҳа Қадамҷо ном монданд ва ҳукумати шаҳр таклифи эшонро хуш пазируфта, хоҳиши онҳоро бо қарор тасдиқ кард.

Деҳа аз он солҳо хеле калон шуд, аҳолиаш афзуд, сокинон боғҳо бунёд намуданд, майдони киштро васеъ карданд.

Баъди кушода шудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон Қадамҷо серодам гашт, зеро ҳазорҳо нафар сокинони ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан солҳои панҷоҳуму шастум ва баъдан ба Мирзочӯл, Дилварзин ва Ҷиззаху Янгиёри Ҷумҳурии Ӯзбекистон кӯч баста буданд, онҳо беш аз 25 сол зодгоҳашонро надида буданд. Эшон гуруҳ-гуруҳ ба зиёрати Қадамҷо меомаданд. Нафаре нақл кард, ки рӯзҳои иди Саиди Қурбон садҳо нафар ба зиёрати Қадамҷо омаданд, кӯчаҳои деҳа пури мошинҳои тамғаю рақамҳои давлатии Ӯзбекистон шуданд.

Ин мавзеро оромгоҳи бузургон ном мебаранд, он дар қади роҳи калон ҷой гирифтааст. Дар ин макони муқаддаси таърихӣ яке аз даҳ саҳобагони Паёмбари ислом, Ориф ва пешвои дини мубини ислом Хоҷа Абдураҳмони Авф дафн шудааст. Дар кадом аср бунёд гаштани мақбараи ӯ маълум нест, ба гуфтаи бошандагони ин маҳал замони рушди дини ислом вай ин ҷо ташриф оварда, баъдан дар ҳамин ҷо мондааст. 

Мегӯянд, ки нафарони бо ихлос ба зиёрат омада, ин ҷойро ҷорӯб мезананд ва ё фарзандонашонро дар остонаи мақбара хобонида ният мекунанд, то ки онҳо дар зиндагӣ роҳи худро ёбанд.  Дар гузашта ин ҷо чашмае мавҷуд буд, ки аз он оби шифобахш фаввора мезад. Бо мурури вақт ин чашма хушк шуд. Вале мардуми маҳал дастӣ ин чашмаро аз нав эҳё карданд. Онҳо аз чуқурии 10 метр об бароварданд ва ҳоло аз он менӯшанд. Чанд сол қабл сокинони маҳал ин биноро борҳо тармиму таъмир карданд. Соли 2000 бо шарофати 2500 солагии Истаравшан аз ҷониби МИҲД-и шаҳр барои тармими деворҳои оромгоҳ маблағ ҷудо намуданд ва ин макони муқаддас аз нав эҳё шуд. 

Ба гуфтаи бошандагони маҳал ҳамарӯза садҳо нафар бо мақсади зиёрату ибодат ба ин ҷо ташриф меоранд. Дар байни 150 ёдгориҳои таърихии Истаравшан ин мақбара яке аз ҷойҳои намоёни назаррасро ишғол менамояд. Имрӯз Қадамҷо маҳалли сайёҳони хориҷӣ гаштааст. 

Мегӯянд, ки Қадамҷоро Худо назар кардааст. Деҳаро дашти ҳамвору ҳосилхез иҳота кардааст. Сокинон тирамоҳ ғаллаву сабзавоти фаровон мерӯёнанд, зимистон чорвояшонро мечарронанд. Дар қади роҳи калони мошингард дарахтони мевадору ороишӣ қомат афрохтаанд, ҳарҷо - ҳарҷо ошхонаю чойхона сохтаанд. Аз чоҳҳо об фаввора зада, атрофро сабз мекунад.

Ин ҷо дурдонаи Истаравшан, корхонаи муштараки «Оби зулол» қомат афрохтааст, ки аз он нафақат сокинон, балки тамоми Тоҷикистониён ифтихор мекунанд.

Оби тозаи хуштаъми табобатиро аз чуқурии 220 метр бароварда, ба талабгорон пешкаш менамоянд. Обу афшураи ин коргоҳ борҳо сазовори медали тилло гашта, дар озмунҳо беҳтарин дониста шудааст.

Деҳа солҳои зиёд мактаб надошт ва роҳбарияти корхонаи «Оби зулол»  ба сокинон аз маблағи худ мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дод. Ин ҷо устодони таҷрибанок ва ба вазифаашон содиқ заҳмат мекашанд. Натиҷаи меҳнати онҳост, ки ҳар сол беш аз 80 фоизи хатмкунандагон ба мактабҳои олии мамлакат ва берун аз он таҳсилро давом медиҳанд...

Қадамҷо дар дилу дидаи одамон ҷой гирифта, ба зиёратгоҳи серодам табдил ёфтааст.

 

Ғайрат ҲАКИМ

Хонданд 33
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 

Хабари-рӯз

Календар

« Октябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.